ДАСТОВАРДҲОИ 33-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

221

(дар доираи амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи иқтисодиёти ҷаҳони муосир дар самти таъмини рушди иқтисоди миллӣ ҳадафҳои муайянеро пеш гузоштааст, ки хоси марҳилаи рушди иқтисоди миллии кишвар буда пеш аз ҳама аз инҳо иборат мебошанд: баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ; таъ-мини амнияти озуқаворӣ; расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва “саноа-тикунонии босуръат” мебошад.

Дар баробари ба даст овардани соҳибистиқолии комили давлатӣ ва сар задани нооромиҳои сиёсӣ баъди солҳои 90-уми асри гузашта, ба иқтисодиёти навташкили мамлакат ҳисороти калон расонида шуд, ки дар натиҷа робитаҳои иқтисодии соҳаҳои истеҳсолӣ канда гардида, сохтори истеҳсолии мамлакат тағйир ёфта суръати рушди иқтисоди мил-лӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба 82% расида, дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ҳиссаи соҳаи саноатӣ 1,4 маротиба, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 1,3 маротиба коҳиш ёфта, дар заминаи инҳо суръати бекории аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта баланд гардида, муҳоҷирати меҳнатӣ нисбатан афзоиш ёфт.

Барои таъсис додани иқтисоди миллии дорои сохтори наву муосир, низоми истеҳсолии муътадили рушдкунанда ва таъминкунандаи суботи иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат иқтисоддон, сиёсат ва сиёсатмадоре зарур буд, ки тавассути ислоҳоти комил маҷрои иқтисодии миллии мамлакатро ба суи рушди устувор расонад.

Танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутта-ҳидии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аввалан суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, ҳастии миллатро нигоҳ дошта, якпорчагии давлатро таъмин намуд. Ҳамзамон ӯ сохтори боэъти-моди иқтисоди миллиро тавассути интихоби сиёсати «Дарҳои кушод» таъсис дода ниҳоят маҷрои ҳаёти аҳолии мамлакатро ба самти рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини сатҳу сифати баланди зиндагӣ равона намуданд.

Албатта, аллакай дар ин самтҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе аз комёбиҳо муваффақ гардидааст. Вале, новобаста аз дастовардҳои аниқу дақиқ ҳалли ин муаммоҳо дар даҳсолаҳои наздик ҳамчун самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллии мамлакат боқӣ мемонанд.

Аз ин нуқтаи назар саволе ба миён меояд, ки чаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ин чор масъалаи ҳамзамон мубрами рӯз таваҷҷуҳи бештар намудааст? Ин чор масъала ба он хотир ҳамчун масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардидаанд, ки аввалан,ин масъалаҳо ба якдигар алоқаи зич дошта, ҳалли як масъаларо бе масъалаи дигар тассавур карда ниҳоят мушкил аст. Масалан, норасоии захираҳои обӣ, бахусус, обҳои нӯшокӣ яке аз муаммоҳои асосии нарасидани маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад, зеро чӣ тавре дар урфият мегӯянд, «бе об ҳаёт нест». Ҳамзамон, камчинӣ ва норасоии захираҳои обӣ барои обёрикунонӣ метавонад ба пастравии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба таъмини амнияти озуқавории кишвар монеъ гардад (хотиррасон карданӣ ҳастем, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 %-и истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ аз заминҳои обӣ ба даст меояд).

Ё ин ки сари вақт бо қувваи барқ таъмин набудани аҳолӣ низ ба истеҳсоли дилхоҳ маҳсулот, аз он ҷумла ба истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ таъсири манфии худро мерасонад. «Саноатикунунии босуръат» бошад ба амсила (модел)-и интихобнамудаи ҷумҳурии мо, ки гузариш аз ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ ҳаст, низ пурра мувофиқат менамояд. Ҳамзамон, набудани роҳҳои ба талаботи стандарти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷавобгӯ низ метавонад ба кашонидан (воридот ва содирот)-и маҳсулоти асосии хӯрока низ таъсири манфии худро расонад. Дуюм, бе ҳалли ин масъалаҳо вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии соҳибистиқлолро баланд бардоштан ғайримкон аст, зеро гап сари масъалаи зиндагӣ ва рӯз-гузаронии аҳолии ҷумҳурӣ меравад, ки ба ақидаи Роҳбарии олии давлат ин масъалаҳо бояд ҳамчун масъалаи муҳимтарин ва аввалиндараҷа арзёбӣ гардад.

Аз ин ҷост, ки дар суханронӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ таъкиду ишораҳо шудааст. Истиқлолияти иқтисодиро бе бун-ёди роҳҳои мошингард, хусусан роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст. «Барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад».

Бунёди инфрасохтори нақлиёт, бо мақсади ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурии соҳибистиқлол ва осон намудани содироти маҳ-сулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб – Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз ёфта-анд.

Чи тавре, ки Роҳбари олии давлат аз вохуриашон бо аҳли илм ва маориф аз 30-юми майи соли 2024 қайд намудаанд: танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем. Дар солҳои минбаъда бунёду азнав-созии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, беш аз 2000 километр роҳҳои замо-навӣ, зиёда аз 30 км нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд наму-дем ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат унсури ҷудонашавандаи бехатарии иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар қатори расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунони босуръат, ки ҳамчун ҳадаф-ҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ муаррифӣ гардидаанд, нақши беандоза муҳими худро мебозад.

Новобаста аз оне, ки дар шароити ҳозира масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ на танҳо яке аз масъалаҳои голабалӣ (байналмилалӣ) ба ҳисоб меравад, муҳиммияти ин масъала дар сатҳи локалӣ (миллӣ) коҳиш наёфта, баръакс рӯз аз рӯз яке аз масъала-ҳои муҳими рушди иқтисоди ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо боқӣ мемо-над.

Маҳз рӯзмарра ва ҳалталаб будани масъалаи мазкурро ба назари эътибор гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ (аз он ҷумла аз 26.01.2021с.) қайд менамояд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонии имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кору фаъолият намоем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардума-мон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.

Аз ин ҷост, ки бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Пешвои миллат, Президенти ҷум-ҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд, ки тамоми кишо-варзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози яго-наи замин озод карда шаванд, ки ин иқдом дастгирии худро, бахусус дар байни кишоварзони мамлакат пайдо намудааст, ки нақши калидии худро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мебозад. Ҳамзамон Пешвои миллат дар сафари кории худ дар моҳҳои август-сентябри соли ҷорӣ ба шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ аз муҳиммият ва рӯзмарра будани таъмини амнияти озуқаворӣ низ як бори дигар ёдрас гардидаанд.

Аз он ҷумла қайд намудаанд, ки соли 2024 ва зимистони соли 2025 низ яке аз солҳои душвортарин барои аҳолии тамоми сайёра дар самти таъмини аҳолии кураи Замин бо маводи озуқа боқӣ мемонад ва айни ҳол аҳолии қариб 20 давлати дунё норасоӣ ва камчинии маводи озуқаро ҳис менамоянд.

Ба фикри мо, бе рушди энергетика ба ҳадафҳои рушди иқтисоди миллии ҷумҳурӣ расидан душвор аст ва аз ин ҷост, ки расидан ба истиқ-лолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои рушди стратегии иқтисоди миллии ҷумҳурӣ эълон гардидааст.

Чи тавре, ки маълум аст дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар кишвар як қатор неругоҳҳои хурду бузургсохтаву мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз он ҷумла НОБ-и Сангтуда-1 (бо ҳамкорӣ бо Феде-ратсияи Россия), Сангтуда-2 (дар шарикӣ бо Ҷумҳурии Исломи Эрон) ва мавриди истифода қарор гирифтани 2-чарха (агрегат)-и нерӯгоҳҳои обии барқӣ (НОБ)-и Роғун. Дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и Роғун имконият медиҳад, ки коркарди солонаи қувваи барқро дар ин нерӯгоҳи аср ба 14 млрд. кВ соат расонда шавад, ки арзиши пурраи ин сохтмон бо нишондиҳандаҳои тахминӣ қариб 5 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Умуман, мувофиқи нишон-диҳандаҳои ояндабинӣ, сохтану мавриди истифода додани НОБ-ҳои дар нақша гирифташуда то соли 2025-ум истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ метавонад то 35 млрд. кВт. соат расонида шавад.

Мо низ чунин мешуморем, ки таъминоти бехатарии обию энергетикӣ, яке аз унсурҳои асосии бойгарии миллии мамлакат ва амнияти он мебошад. Чӣ тавре, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дар-ёҳои сарҳадгузар, ки 6-июни соли 2022 ва дар ҷаласаҳои Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Президенти кишвар бомаврид қайд намудаанд, ки ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои обӣ дар маънои васеъ ва ҳатто глобалии он – таъмини сулҳ ва рушди давлатҳо мебошад.

Дар самти “саноатикунонии босуръат” қайд карданӣ ҳастам, ки таҳлили рақаму далелҳои оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки солҳои 2010-2015 истеҳсолоти саноатӣ дараҷаи пешинаи худро барқарор намуда, соли 2024 ин нишондиҳанда ба 118,8% нисбати соли 1990 афзун гардид. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки танҳо баъд аз 33 соли Истиқлолият амалигардонии сиёсати саноатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон им-кон дод, ки истеҳсолоти саноатӣ аз дараҷаи солҳои 90-уми асри гузашта 14,8% зиёд гардида, то ба имрӯз ин нишондиҳанда зиёд шуда истодааст. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввал чор баробар афзоиш намудааст. Дар маҷмуъ, нишондиҳан-даҳои ояндабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД-и кишвар ба 22 % расонида мешавад.

Яке аз маҳакҳои рушди иқтисоди миллӣ – ин Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), яъне арзиши тамоми молу хизматҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар таи як сол истеҳсол карда шудаанд. Агар дар соли 2014 ММД 45,6 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015 -48,4 млрд., соли 2016 – 54,4 млрд. ва дар соли 2017 ба 60,0 млрд. (сомонӣ) баробар буда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт 7 %-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи зиёда аз 7 % таъмин гардида, ММД-и мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 130,8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба зиёда аз 33 миллиард сомонӣ (соли 2022) расонида шуд. Ҳамзамон, тибқи ояндабиниҳо дар охири соли 2024 ҳаҷми ММД (суръати солонаи афзоиш зиёда аз 8 %) ба зиёда аз 140 млрд. сомонӣ расонида мешавад.

Ҳатто новобаста аз таъсири манфии пандемия (COVID-19), дар даҳсолаи охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 4,5 то 7,0 % таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,5 баробар афзоиш ёфтааст. Пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2022 беш аз 10 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳашт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣба 21,2 фоиз паст фуроварда шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Ҳамин тавр, дар хотима қайд кардан бомаврид аст, ки амалӣ гаш-тани ҳадафҳои стратегии кишваримкон медиҳад, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ асосноку баробар таъмин карда шавад. Ҳамзамон он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 33-солагии соҳибис-тиқлолии худро ҷашн гирифтааст, имкон медиҳад, ки дар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол карда, дар ояндаи наздик на танҳо раванди истеҳсоли молу хизматҳоро ба роҳ монад, балки яке аз содиркунандагони маҳсулоти ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва рақобатнок дар бозорӣ минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардад. Боварӣ дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро – ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, таҳавву-лотҳо ва ҷаҳишҳои бузурги иқтисодӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ интизор аст.

Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ