Кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ

Кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт буда, вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама ба сатҳу сифати рушди муносибатҳои соҳибкорӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин вобаста ба барномаҳои стратегии рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бахусус, гузаштан ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ тақозо менамояд, ки насли нави менеҷерони соҳаи иқтисодиёт, соҳибкорони баландихтисос ва идоракунии корхонаҳо омода карда шаванд. Бо ин мақсад дар факултет кафедраи тахассусии иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ фаъолият менамояд, ки онро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳмонов Қ. Р. роҳбарӣ менамояд. Кафедраи мазкур мутахассисони ояндаро дар самти иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо омода намуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба касбият ва ташаккули тафаккури соҳибкорӣ зоҳир карда мешавад.