ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ соли 1971 дар заминаи факултети иқтисод ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташкил шудаааст. Кафедраи мазкур вобаста ба талаботи замон таъсис ёфта минбаъд дар таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баланд ихтисоси соҳа саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Аввалин устодони кафедра н.и.и., дотсент Умаров З.Х., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ., н.и.и., дотсент Кенигсберг Ю.А., н.и.и., дотсент Матевосян М.Н., н.и.и., дотсент Нидоев Н., н.и.и., дотсент Обидова Л., Умарова С., н.и.и., дотсент Қизилбашева В., д.и.и, профессор НурмаҳмадовМ.Н., буданд. Дар ҳамаи давраҳои ташаккулёбии кафедра дар идоракунии он н.и.и., дотсент Умаров З.Ҳ., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ. (1983-1995), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М.Н. (1995-1999), н.и.и. дотсент Урунбоев А.У. (1999-2002), н.и.и. дотсент Яҳёев О.З. (2002-2008) саҳмгузоштаанд. Аз соли 2008 то имрӯз мудирии кафедраро д.и.и., профессор ҒаниевТаваралӣ Бобоевич ба ӯҳда доранд.
Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва тағйирёбии самти сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат, рӯи кор омадани идеологияи нав, ки дар гуногуншаклии моликият, демократикунонии ҷомеа, мустақилияти кор-хонаву ташкилотҳо ифода меёбад, мувофиқан дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра низ тағйиротҳои куллӣ ба амал овард. Ҳайати устодони кафедра афзалияти низоми иқтисоди бозориро нисбат ба низоми нақшавӣ дуруст дарк намуда, мувофиқан фанҳои таълимиву тадрисии кафедраро ба шароитҳои нав мутобиқ кунониданд. Дар ин самт ҳиссаи устодон профессор Нурмаҳмадов М.Н., проффесор ҒаниевТ.Б., дотсент Қаноатов М.Қ., дотсент Яҳёев О.З., дотсент Урунбоев А.У. дотсент Ҳодиев Д.А., дотсент Абдуллоев Х.А, дотсент Восиев Ф.М., дотсент Искандаров Ҳ.Ҳ. ва дигар устодон назаррас мебошад.
Самтҳои тадқиқотҳои илмии кафедра асосан таҳлилу тадқиқи шаклҳои ҷамъиятии ташкили меҳнат, роҳҳои баландбардоштани ҳосилнокии меҳнатро дар соҳаҳои хоҷагии халқ, мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, танзими бозори меҳнат, равандҳои ташаккулёбии шуғли касбӣ ва пешвои комил дар менечменти муосир, гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, коркарди принсипҳои асосии самаранок истифодабарии вақти корӣ ва бамеъёргирии оқилонаи меҳнат, коркарди механизми тайёр намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси коргарон ва ғайраро дар бар мегиранд.
Айни замон д.и.и., профессор Ғаниев Т.Б., н.и.и. дотсент Восиев Ф.М., н.и.и., дотсент Урунбоев А.У., н.и.и. дотсент Искандаров Ҳ.Ҳ., н.и.и., м/к Давлатов С.Н., ва доктори Phd м/к Саъдуллозода Н.С., дар кафедра фаъолият ва ҳиссагузорӣ менамоянд.
Қобили қайд аст, ки методу усулҳое, ки дар самти мониторинги бозори меҳнат, ташкили илмии меҳнат, бамеъёргирии меҳнат ва таҳлили сатҳи зисти аҳолӣ аз ҷониби шодравон д.и.и., профессор Нурмаҳмадов М.Н. коркарда баромада шудаанд, натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд.
Мудири имрӯзаи кафедра д.и.и., профессор ҒаниевТ.Б. мебошад. Кашфиётҳо ва тадқиқотҳои профессор ҒаниевТ.Б. дар зиёда аз 150 асару мақола, аз он ҷумла 10 монографияи илмӣ, 23 китоби дарсӣ, 20 васоити таълимӣ ва дастурҳои илмию методӣ ба табъ расидааст. Махсусан, китобҳои дарсии «Менеҷмент» (иборат аз 17 ҷилд) аввалин маротиба бо забони тоҷикӣ, барои донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олӣ ба чоп расидааст хонандаи зиёдеро доро мебошад. Зери роҳбарии профессор Ғаниев Т.Б. 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд.
Пешниҳодҳои илмиашон дар ҳуҷҷатҳои давлатии «Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ», «Дигаргунсозии иқтисодии комплекси агросаноатии Тоҷикистон», «Коркарди консепсияи беҳтар кардани идоракунии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ» ва якҷанд дигар барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соҳибистиқлолии кишвар ворид карда шудааст.
Натиҷаҳои корҳои илмии профессор ҒаниевТ.Б. дар зиёда аз 120 конфронсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар давлатҳои Тайван, Тайланд, Миср, Эрон, Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ва Тоҷикистон маърӯза шуда, дастгирӣ ёфтаанд.
Дигар устодони кафедра низ вобаста ба самтҳои фаъолияти кафедра ҳиссаи худро дар пешбурди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар гузошта истодаанд. Кафедра дар фаъолияти худ як чанд конфронсҳои гуногунро дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он гузаронидааст. Кафедра бо аксарияти кафедраҳои соҳаи иқтисоди меҳнати донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо алоқамандаст. Ҳамкориҳо махсусан бо факултети иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, кафедраи иқтисоди меҳнат ва идораи захираҳои башарии Академияи иқтисодии Россия ба номи В.Г. Плеханов хеле хуб ба роҳ монда шудаанд.
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ
Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ соли 1971 дар заминаи факултети иқтисод ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташкил шудаааст. Кафедраи мазкур вобаста ба талаботи замон таъсис ёфта минбаъд дар таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баланд ихтисоси соҳа саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Аввалин устодони кафедра н.и.и., дотсент Умаров З.Х., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ., н.и.и., дотсент Кенигсберг Ю.А., н.и.и., дотсент Матевосян М.Н., н.и.и., дотсент Нидоев Н., н.и.и., дотсент Обидова Л., Умарова С., н.и.и., дотсент Қизилбашева В., д.и.и, профессор НурмаҳмадовМ.Н., буданд. Дар ҳамаи давраҳои ташаккулёбии кафедра дар идоракунии он н.и.и., дотсент Умаров З.Ҳ., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ. (1983-1995), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М.Н. (1995-1999), н.и.и. дотсент Урунбоев А.У. (1999-2002), н.и.и. дотсент Яҳёев О.З. (2002-2008) саҳмгузоштаанд. Аз соли 2008 то имрӯз мудирии кафедраро д.и.и., профессор ҒаниевТаваралӣ Бобоевич ба ӯҳда доранд.
Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва тағйирёбии самти сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат, рӯи кор омадани идеологияи нав, ки дар гуногуншаклии моликият, демократикунонии ҷомеа, мустақилияти кор-хонаву ташкилотҳо ифода меёбад, мувофиқан дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра низ тағйиротҳои куллӣ ба амал овард. Ҳайати устодони кафедра афзалияти низоми иқтисоди бозориро нисбат ба низоми нақшавӣ дуруст дарк намуда, мувофиқан фанҳои таълимиву тадрисии кафедраро ба шароитҳои нав мутобиқ кунониданд. Дар ин самт ҳиссаи устодон профессор Нурмаҳмадов М.Н., проффесор ҒаниевТ.Б., дотсент Қаноатов М.Қ., дотсент Яҳёев О.З., дотсент Урунбоев А.У. дотсент Ҳодиев Д.А., дотсент Абдуллоев Х.А, дотсент Восиев Ф.М., дотсент Искандаров Ҳ.Ҳ. ва дигар устодон назаррас мебошад.
Самтҳои тадқиқотҳои илмии кафедра асосан таҳлилу тадқиқи шаклҳои ҷамъиятии ташкили меҳнат, роҳҳои баландбардоштани ҳосилнокии меҳнатро дар соҳаҳои хоҷагии халқ, мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, танзими бозори меҳнат, равандҳои ташаккулёбии шуғли касбӣ ва пешвои комил дар менечменти муосир, гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, коркарди принсипҳои асосии самаранок истифодабарии вақти корӣ ва бамеъёргирии оқилонаи меҳнат, коркарди механизми тайёр намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси коргарон ва ғайраро дар бар мегиранд.
Айни замон д.и.и., профессор Ғаниев Т.Б., н.и.и. дотсент Восиев Ф.М., н.и.и., дотсент Урунбоев А.У., н.и.и. дотсент Искандаров Ҳ.Ҳ., н.и.и., м/к Давлатов С.Н., ва доктори Phd м/к Саъдуллозода Н.С., дар кафедра фаъолият ва ҳиссагузорӣ менамоянд.
Қобили қайд аст, ки методу усулҳое, ки дар самти мониторинги бозори меҳнат, ташкили илмии меҳнат, бамеъёргирии меҳнат ва таҳлили сатҳи зисти аҳолӣ аз ҷониби шодравон д.и.и., профессор Нурмаҳмадов М.Н. коркарда баромада шудаанд, натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар муассисаҳои таълимии дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайра васеъ истифода бурда мешаванд.
Мудири имрӯзаи кафедра д.и.и., профессор ҒаниевТ.Б. мебошад. Кашфиётҳо ва тадқиқотҳои профессор ҒаниевТ.Б. дар зиёда аз 150 асару мақола, аз он ҷумла 10 монографияи илмӣ, 23 китоби дарсӣ, 20 васоити таълимӣ ва дастурҳои илмию методӣ ба табъ расидааст. Махсусан, китобҳои дарсии «Менеҷмент» (иборат аз 17 ҷилд) аввалин маротиба бо забони тоҷикӣ, барои донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олӣ ба чоп расидааст хонандаи зиёдеро доро мебошад. Зери роҳбарии профессор Ғаниев Т.Б. 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд.
Пешниҳодҳои илмиашон дар ҳуҷҷатҳои давлатии «Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ», «Дигаргунсозии иқтисодии комплекси агросаноатии Тоҷикистон», «Коркарди консепсияи беҳтар кардани идоракунии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ» ва якҷанд дигар барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соҳибистиқлолии кишвар ворид карда шудааст.
Натиҷаҳои корҳои илмии профессор ҒаниевТ.Б. дар зиёда аз 120 конфронсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар давлатҳои Тайван, Тайланд, Миср, Эрон, Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ва Тоҷикистон маърӯза шуда, дастгирӣ ёфтаанд.
Дигар устодони кафедра низ вобаста ба самтҳои фаъолияти кафедра ҳиссаи худро дар пешбурди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар гузошта истодаанд. Кафедра дар фаъолияти худ як чанд конфронсҳои гуногунро дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он гузаронидааст. Кафедра бо аксарияти кафедраҳои соҳаи иқтисоди меҳнати донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо алоқамандаст. Ҳамкориҳо махсусан бо факултети иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, кафедраи иқтисоди меҳнат ва идораи захираҳои башарии Академияи иқтисодии Россия ба номи В.Г. Плеханов хеле хуб ба роҳ монда шудаанд
УСТОДОНИ КАФЕДРА
![]() | |
ҒАНИЕВ Таваралӣ Бобоевич | |
Аз моҳи марти соли 2008 дар вазифаи мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ кор мекунад * Соли таваллуд 02.08.1961 * Ҷойи таваллуд н. Восеъ |
* Миллат тоҷик * Таҳсилот олӣ
* Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
* Ихтисос иқтисодчӣ
* Унвони илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не ҳаст, Вакили намояндагон аз ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не бале, дорандаи медали «Хизмати шоиста»
* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не беле, дорандаи «Аълочии маориф»
* Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 12 (дувоздаҳ) фарзанд
* Суроға ш. Душанбе, к.Радишева, х. 6
* Кор ва фаъолияти собика:
Солҳои 1979-1984 | Донишҷӯи факултети иқтисодии УДТ ба номи В.И. Ленин |
Солҳои 1984-1988 | Ассистенти кафедраи баплангирии хоҷагии қишлоқи факултети иқтисод ва идораи УДТ |
Солҳои 1988-1990 | Аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов |
Солҳои 1990-1993 | Дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ |
Солҳои 1993-1994 | Мудири кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ |
Солҳои 1994-1996 | Докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов |
Солҳои 1996-1998 | Мудири кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ |
Солҳои 1998-2005 | Декани факултети иқтисод ва идораи ДДМТ |
Солҳои 2005-2008 | Профессори кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ |
Аз моҳи марти соли 2008 то ҳол | Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ |
![]() ИСКАНДАРОВ Ҳофиз Ҳакимович |
Аз моҳи январи соли 2021 дар вазифаи иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ кор мекунад * Соли таваллуд 05.01.1983 * Ҷойи таваллуд н. Файзобод |
* Миллат тоҷик * Таҳсилот олӣ
* Соли 2006 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос иқтисодчӣ-менеҷер
* Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 5 (панҷ) фарзанд
* Суроға ш. Душанбе, к. Айнӣ, х. 84/2 ҳ. 56
* Кор ва фаъолияти собика:
Солҳои 2001-2006 | Донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи ДДМТ, ҳозира ДМТ |
Солҳои 2007-2010 | Аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ |
Солҳои 2006-2018 | Ассистенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Солҳои 2018-2019 | Муовини декан оид ба корҳои ташкилӣ тарбиявии факулетети иқтисод ва идораи ДМТ |
Солҳои 2019-2022 | Муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идоари ДМТ |
Солҳои 2019-2021 | Муаллими калони кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ |
Солҳои 2021-2022 | Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ |
Аз моҳи ноябри соли 2022 то ҳол | Докторанти шуъбаи рӯзонаи ДМТ |
![]() Саъуллозода Насрулло Саъдулло аз моҳи октябри соли 2022 дар вазифаи муаллими калони кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Соли таваллуд 16.07.1991 Ҷойи таваллуд н.Муъминобод |
* Миллат тоҷик * Таҳсилот олӣ
* соли 2009 – факултети Баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
* Ихтисос статистик
* Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
* Ҳизбият аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Вазъи оилавӣ оиладор, падари 5 (панҷ) фарзанд
* Суроға ш. Душанбе, к.Н. Қарабоев 150/2, х.48
* Кор ва фаъолияти собика:
Солҳои 2009-2013 | Донишҷӯи факултети Баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2016 | Магистранти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии факлтети молиявию иқтисодии ДМТ |
Солҳои 2014-2018 | Муҳандис барномасоз дар се факултети иктисодии ДМТ |
Солҳои 2017-2020 | Докторати доктор PhD-и кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДМТ |
Солҳои 2019-2022 | Муовини декани оид ба қисми таълим дар факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Солҳои 2015-2018 | Ассистенти кафедраи молияи факултети молиявию иқтисодии ДМТ |
Соли 2019-2021 | Муалими калони кафедраи молияи факлтети молиявию иқтисодии ДМТ |
Соли 2021 -2022 | Доктор PhD –и (н.и.и) кафедраи молияи факултети молиявию иқтисодии ДМТ |
Аз моҳи октябри Соли 2022 | Доктор PhD –и (н.и.и) кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
![]() |
Аз моҳи январи соли 2020 дар вазифаи муаллими калони кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ кор мекунад Соли таваллуд 09.07.1992 Ҷойи таваллуд н. Ш.Шоҳин |
* Миллат тоҷик * Таҳсилот олӣ
* Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
* Ихтисос иқтисодчӣ-менеҷер
* Унвони илмӣ надорад
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
* Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 2 (ду) фарзанд
* Суроға ш. Душанбе, к.Н.Қарабоев, х. 152/2 ҳ.38.
* Кор ва фаъолияти собика:
Солҳои 2009-2014 | Донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Солҳои 2015-2018 | Аспиранти шуъбаи ғоибонаи ДМТ |
Солҳои 2014-2019 | Ассистенти кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Аз соли 2020 то ҳол | Муаллими клони кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |
Аз моҳи июни соли 2023 | Номзади илмҳои иқтисодӣ дар кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идораи ДМТ |