Кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ (КАС)

Кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ (КАС). Яке аз ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ин таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки самаранокии иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои агросаноатӣ шарти бунёдии ноилшавӣ ба он мебошад. Бо назардошти иқтидори бузурги комплекси агросаноатии кишвар ва ташкили истеҳсолоти воридивазкунанда, дар факултет насли нави менеҷерони соҳаи иқтисод ва идоракунии корхонаҳои КАС омода карда мешаванд. Бо ин мақсад дар факултет кафедраи иқтисод ва идораи КАС фаъолият мекунад, ки онро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов О.А. роҳбарӣ мекунад.