Кафедраи менеҷмент ва маркетинг

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг яке аз кафедраҳои бонуфузи ДМТ ба шумор меравад. Кафедра дар соли хониши 1991-1992 дар баробари дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар заминаи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ рӯи кор омаданд, таъсис дода шуда дар андак муддат дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он аз эътибору нуфузи зиёд бархурдор гардид. Аз рӯзи ташкилшавӣ то соли 2011 мудирии ин кафедраро профессор Г.Б. Бобосодиқова ба уҳда доштанд. Солҳои 2011-2012 мудирии кафедраро дотсент марҳум Ёров М.Р. ба уҳда доштанд. Солҳои 2012-2017 мудирии кафедраро дотсент Ҳодиев Д.А. ба уҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2017 инҷониб мудирии кафедра ба зиммаи н.и.и., дотсент Муҳсинов Д.С. гузошта шудааст. Дар ин кафедра олимони арзандаи соҳаи иқтисодиёт ба монанди дотсент Н.Н. Носиров, А. Рауфи, Б. Наврӯззода, Т.К. Қурбонов, М. Назриев, Ф.З. Аралбаева, А. Алимов, Г.Ш. Алиева, Н. Муҳитдинов, номзадони илм М. Ёров, н.и.и., дотсент И.З. Сарабекова кор кардаанд. Дар солҳои минбаъда сафи устодони кафедраро профессор, Р.Р. Қудратов, дотсентон А. Олимов К. Шамсиев, А. Ҳайдаров, ассистентон А. Бугаева, Б. Саидов, С. Хоркашев,  М. Қаноатова, И. Муҳаммадиев, Б. Дӯстов, Ҳ. Авзалов, М. Каримов, М. Мирҷамолов, Ҳ. Наҷибуллоев, Н. Нидоев, Н. Каримова, Ш. Абдуллоева, Ф. Раҷабова ва М. Азизова, Ш. Шоёқубов, Д. Қодиров, Б. Раҳимов, Х. Шарипова, Б. Файзуллоев, А. Қурбонов, Б. Раҷабмурод, З. Тоҷиддин, Ф. Махкамов, Б. Ҷалилов ва Н. Беҳрӯз пурра карданд.       Хатмкунандагони кафедра дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ ба сифати роҳбарон ва менеҷерону маркетологҳои варзида хидмат намуда, ба пешрафту инкишофи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд. Солҳои тӯлонӣ роҳбарии кафедраро корманди хизматнишондодаи маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени дӯстии халқҳо, аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Бобосодиқова Г.Б. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло роҳбарии кафедраро кадри ҷавону умедбахш н.и.и., дотсент Муҳсинов Д.С. ба уҳда дорад.

Дар кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи ДМТ дар доираи 3 ихтисос (ихтисоси менеҷменти ташкилот – 1-26020200 (русӣ, тоҷикӣ), маркетинг – 1-26020300, менеҷменти инноватсионӣ – 1-26020203 донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар баробари ин аз рӯи ихтисоси менеҷменти байналхалқӣ – 26020210 магистрҳо ва доктор PHD таълим мегиранд. Базаи моддию техникӣ ва адабиётҳои лозима мавҷуд буда, кадрҳои баландихтисос ва таҷрибаи чандинсолонаи устодон имконият медиҳад, ки кафедра донишҷӯёнро дар рӯҳияи муҳаббат ба пешаи интихобнамудаи худ, дӯст доштани ватан, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сафарбар намояд. 

 Ҳайати устодони кафедра

Дар кафедра 16 нафар  омӯзгор, ки аз онҳо, 1 нафар профессор, 6 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, ва 9 нафар ассистентон кор ва фаъолият менамоянд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ ҷамъи соатҳои кафедра дар соли хониши 2019-2020, 12726 соатро ташкил медиҳад.

Руйхати устодони кафедраи менеҷмент ва маркетинг

  1. Муҳсинов Д.С. н.и.и., дотсент мудири кафедра;
  2. Бобосодиқова Г.Б., н.и.и., профессор;
  3. Ҳодиев Д.А.,  н.и.и., дотсент;
  4. Сарабекова И.З., н.и.и., дотсент;
  5. Абдуллоева Ш.Б., н.и.и., м/к;
  6. Шарипова Х.Р, н.и.и., ассистент;
  7. Дӯстов Б.Т., ассистент;
  8. Авзалов Ҳ.А., ассистент;
  9. Каримов М.И., ассистент;
  10. Файзуллоев Б.С., ассистент;
  11. Қурбонов А.Ҷ., ассистент;
  12. Бахтиёри Р., ассистент;
  13. Зоҳири Т., ассистент;
  14. Ҷалилов Б.А., ассистент;
  15. Маҳкамов Ф.Ф., ассистент;
  16. Ниёззода Б.З., ассистент;

Фаъолияти таълимӣ илмӣ ва байналмилалии кафедра

Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он дар солҳои охир як қатор китобҳои дарсӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд, ки инҳо мебошанд:

  1. Бобосодиқова Г.Б. Асосҳои идоракунӣ ҷанбаҳои гендерӣ. Душанбе: 2011., 230саҳ.
  2. Бобосодиқова Г.Б. Коркарди қарорҳои идоракунӣ (ҳолатҳои мушаххас ва тестҳо). Дастури таҷрибавӣ. Душанбе: ДМТ, 2013-53с. (3ҷ/ч).
  3. Бобосодиқова Г.Б., Ҳодиев Д.А., Авзалов Ҳ.А. Менеҷменти амалӣ (воситаи айёнӣ ва тестҳо). Васоити таълимӣ. Душанбе: ДМТ, 2015. 60с (6,0 ҷ/ч).
  4. Бобосодиқова Г.Б., Ҳодиев Д.А., Дӯстов Б.Т. Бахши лексияҳо аз фанни “Асосҳои менеҷмент” (қисми якум ва дуюм). Душанбе, 2015 (14ҷ/ч).
  5. Ҳодиев Д.А., Бахтиёри Р. Коркарди қарорҳои идоракунӣ (Васоити таълимӣ). Душанбе: ДМТ, 2015-165с.
  6. Сарабекова И.З. Региональный рынок товаров длительного пользования: стратегия формирования и развития. (Монография) – Душанбе: ДМТ, 2014,141с.
  7. Ёров М.Р., Каримов М.И.Асосҳои реклама: (Васоити таълимӣ) – Душанбе: «Ирфон»,  2012.142с.
  8. Бобосодиқова Г.Б., Дӯстов Б.Т. Бахши лексияҳо аз фанни «Асосҳои менеҷмент»,. Душанбе: «Ирфон»,  2006. 220с  
  9. Ҳайати устодони кафедраи «Менеҷмен ва маркетинг». Асосҳои маркетинг (матни лексияҳо) Душанбе: «Ирфон», 2009,   
  10. Бобосодиқова Г.Б., Сарабекова И.З., Наҷибуллоев Ҳ.  Вожаномаи менеҷмент ва марктеинг Душанбе: «Ирфон»,  2008.
  11. Бобосадыкова Г.Б., Хикматов М.С. Теоретические основы становления дилерской деятельности в РТ и перспективы ее развития (Монография) – Душанбе: ДМТ, 2012, 141с.  
  12. Ходиев Д.А., Гуломреза Ф.Б., Человеческий капитал как фактор конкурентаспособности региона. (Монография) – Душанбе: «Ирфон»,  2013, 102с.
  13. Ходиев Д.А., Совершенствование управления человеческим капиталом в интересах инновационного развития региона. (Монография) – Душанбе: «Ирфон», 2012, 125стр.
  14. Ҳодиев Д.А., Қурбонов Т.Қ.  Менеҷменти инноватсионӣ (Бахши лексияҳо) Душанбе: «Ирфон»,  2012 – 126саҳ.
  15. Ҳодиев Д.А., Авзалов Ҳ.А. Менеҷменти саромоягузорӣ (Бахши лескияҳо) Матбааи ДМТ. Душанбе, 2012 – 160 саҳ. ва ғ.

          Кафедраи менеҷмент ва маркетинг бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмию тадқиқотӣ, ташкил ва баргузории конференсияи илмию амалии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро роҳандози менамояд.

Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол ду нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд.

Дар назди қафедра Маркази байнисоҳавии рушди маркетинг ва менеҷмент амал мекунад, ки дар робита ба омӯзиши роҳҳои асосии инкишофи менеҷмент ва маркетинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои илмию тадқиқотӣ  мебарад.

Инчунин кафедра бо кафедраҳои ҳамноми худ аз  ДСРТ, ДДТТ,  ДСХ, ДМИТ ва Донишгоҳи давлаии шаҳри Воронеж, Донишгоҳи дустии халқҳо Руссия ва Донишгоҳи Клагенфурти Олмон ҳамкорӣ ва иртибот дорад.

           Алҳол якчанд нафар устодони ҷавони кафедра дар аспирантураи донишгоҳ таҳсил доранд ва умед аст, ки дар ояндаи хеле наздик рисолаҳои номзадии худро барои баррасӣ ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.

НОМГӮИ ФАНҲО ТАЪЛИМӢ