НАҚШИ ҲАМГИРОӢ (ИНТЕГРАТСИЯ)-И МИНТАҚАВӢ ДАР ПЕШГИРИИ БУҲРОНИ БАҲРИ АРАЛ

303

(дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, 14-15 сентябри соли 2023)

15 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал баргузор гардид. Дар Ҷаласаи Шуро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, муовини аввали Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Адилбек Касималиев ва ҳамчунин Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда муҳтарам Каха Имнадзе иштирок карданд.

Баъди маросими аксбардорӣ Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал бо иштироки ҳайатҳои ҳукуматҳо ва коршиносони байналмилалӣ идома ёфт. Чи тавре, ки маълум аст дар робита ба ин масъалаи доғи рӯз мамолики ҳавза ҷиҳати пешгирии хушкшавии баҳри Арал хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро созмон дода буданд, ки феълан фаъолияти доманадоре касб намудааст. Ба ин бунёди бонуфуз ҷумҳуриҳои ҳавзаи баҳри Арал Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон шомил ҳастанд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи ҳамоҳангсозии миллӣ аз ҷониби ҳукумат оиди амалӣ гардонидани барномаи Фонди Глобалии Экологӣ (GЕF) «Идораи захираҳои об ва атрофи ҳавзаи баҳри Арал», Гурӯҳи корӣ ва Кумитаи иҷрояи Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал (МФСА) аллакай корҳои зиёдеро анҷом додаaнд.

Чи тавре, ки маълум аст, яке аз муаммоҳои доғи рӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ҷумҳурии мо низ шомили он аст – ин хушкшавӣ ва нестшавии баҳри Арал мебошад. Нисбати буҳрони баҳри Арал ҳаминро гуфтанием, ки ҷумҳурии мо дар ҳама чорабиниҳои пешгирии хавфи эко-логии ин минтақа фаъолона иштирок менамояд. Вале мувофиқи ақидаи баъзе коршиносон, қисмати асосии баҳри Арал ва оқибатҳои он аз ҳисоби ғайриоқилона истифода бурдани захираҳои об бештар дар ҷумҳуриҳои поёноби минтақа ба амал омадааст. Аз ин ҷост, ки сарфакорона ва оқилона истифодабарии захираҳои об дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин роҳи наҷоти баҳри Арал мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳоло дар давлатҳои мутараққии пахтакор (Штатҳои муттаҳи-даи Амрико ва Исроил) дар мавсими пахтакорӣ ба ҳар як гектар 5-6 ҳазор м3 об сарф шуда, ҳосилнокии ҳар як гектар 50-55 сентнерро ташкил меди-ҳад. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда ба ҳар як гектар 13-15 ҳазор м3 расида, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 20-25 сентнерро ташкил мекунад. Хоҷагиҳои хурде ҳастанд, ки ҳангоми обёрии пахтазор дар як гектар то 18-19 ҳаз. м3 об сарф мекунанд. Чунин вазъият хеле ташвишовар аст ва он дар оянда садди роҳи ҳалли бисёр мушкилот мегардад.

Оби ҳавзаи баҳри Арал асосан дар қаламрави Тоҷикистон (64 кило-метри мукааб ё 55,4%) ва Қирғизистон (29,3 километри мукааб ё 25,3%) ташаккул ёфта, вале ҳаҷми зиёди оби дарёҳои минтақаро кишварҳои Қазоқистон (15,29 километри мукааб ё 11,4%), Туркманистон (27,07 кило-метри мукааб ё 20,26%) ва Узбекистон (71,69 километри мукааб ё 53,64%) истифода менамоянд. Аз он ки оби дарёҳои Ому ва Сир ба баҳри Арал рафта намерасад, масоҳати калони баҳр хушк гардида, ҳаво миллионҳо тонна намакро ба масофаи дур пош медиҳад.

Аҳолии бештар аз 70-миллионаи Осиёи Марказӣ дар давоми сеяки охири асри ХХ дар ҳавзаи баҳри Арал бо буҳрони экологие рӯ ба рӯ гардид, ки ҷомеаи ҷаҳон онро ҳамчун фоҷиаи умумибашарии аср эътироф кардааст. Дар давоми солҳои 1960-1990 масоҳати калони замин дар мин-тақа обёрӣ карда шуд. Дар натиҷа майдони он қариб ду баробар афзуда аз 4,3 ба 8,2 миллион гектар расид (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Узбекистон – 4,3, Туркманистон – 1,7, Қазоқистон – 0,8 ва Тоҷикистон 3 миллион гектар замини нав кушода шуд).

Аз ин ҷост, ки ба хотири пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он мақо-моти роҳбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои муассиреро амалӣ карда истодаанд, ки муаммоҳои хушкшавии баҳри Аралро то ҳадалим-кон пешгирӣ намоянд. Баҳри Арал то соли 1960 дар масоҳати 68 ҳазор км квадратӣ, бо ҳаҷми 1000 км кубӣ об доман паҳн намуда буд. Аммо аз сабаби аз меъёр истифодабарии об аз Дарёи Ому барои обёрикунонии заминҳои пахта аз тарафи ҷумҳуриҳои дар поёноб ҷойгиршуда сатҳи оби баҳр нисбати соли 1960 ба андозаи 12 метр паст гардида, шӯршавии об дар он ба миқдори 3 маротиба баланд гардид. Дар натиҷаи шамолҳои бо на-мак омехташуда ва паст рафтани сатҳи обҳои зеризаминӣ яку якбора иқ-лими маҳалаҳои аҳолинишини ин минтақа тағйир ёфта, сатҳи шӯршавӣ ва харобшавӣ (деградатсия)-и заминҳо тезу тунд гардида, дар ниҳояти кор шароити зиндагии аҳолии минтақаро душвор гардонид. Бо ақидаи муҳақ-қиқон: «…бисёр ҳам беҳамтою беназир буд, пайдошавии баҳри Арал, ки ба мислаш дар ҷаҳон ҳамто (монанд) набуд ва беҳамтою ягона буд, харобшавӣ (нестшавӣ)-и он – дар ягон ҷой ва дар ягон макон ба ин монанд баҳри бузург бо чунин суръати тез ва ғайричашмдошт хушк нашуда буд».

Оқибатҳои буҳрони баҳри Арал ба шароити зиндагии аҳолии мин-тақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад. Рӯз то рӯз кам шудани об ва бадтар гардидани сифати он сабаби хароб гардидани таркиби хок ва қабати ҳосилхези он, тағйироти ҷиддии манфии олами набототу ҳайвонот, олами гуногунии биологӣ, қариб аз байн рафтани соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди он, инчунин кам шудани самараи зироат-кории обӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони об бо вуҷуди дур будани мавқеи ҷойгиршавии онҳо аз баҳри Арал худро аз ҳалли масъалаҳои ин офати табиӣ канор нагирифта, дар мубориза ба он ҳамсафи кишварҳои ҳамсояи минтақа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикис-тон яке аз ташаббускорон ва таъсисдиҳандагони фонди байналмиллалии наҷоти баҳри Арал мебошад ва ҳар сол 0,1 %-и қисми даромади буҷети худро ба суратҳисоби он мегузаронад. Коршиносон ва мутахасисони тоҷик дар таҳия ва татбиқи бисёр лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки барои беҳтар сохтани вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд, ширкат варзида як силсила корҳоро анҷом додаанд.

Маҳз ҳамин мушкилот ва муаммои доғи рӯзро ба назари эътибор гирифта, дар ҷараёни мулоқот як силсила масъалаҳои мубрами фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, аз ҷумла натиҷаҳои Раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳод, такмили сохтори ташкилӣ ва зами-наи созишномавӣ ва ҳуқуқии Фонди мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои ояндадори фаъолияти муштарак зимни андешидани тадбир дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карда шуданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва меҳмонони чорабиниро гарму самимӣ хайрамақдам гуфтанд ва оид ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон андешаронӣ карданд. Ҳадафи асосии таъсиси фонд боздоштан ва ҳар чӣ камтар сохтани оқибатҳои буҳрони баҳри Арал, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани маълумоти бештар дар бораи ин офат, ҷалби маблағҳои панҷ давлати минтақа ва сармояи созмонҳои байналмиллалӣ ва мамлакатҳои мададгор ҷиҳати беҳтар сохтани вазъияти экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал мебошад.

Таъкид гардид, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология ва иқлими минтақа нақши муҳим дорад.

Дар чаҳорчуби ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.

Сарон ва намояндагони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал зимни суханронии худ ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбат дода, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сатҳи баланди ташкилӣ, пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос карданд. Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии Созмон оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ паёми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро ба самъи иштирокчиён расонд. Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал, ҳамчунин Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар дунё даҳҳо ва ҳатто садҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки бо мусоидати ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, бахусус обҳои сарҳадгузар дар доираи муносибатҳои дӯстона ва тарафайн ҳалли мусбии худро ёфтаанд.

Масалан, бо мусоидати СММ ҳалли муаммои оби дарёи Меконг дар байни давлатҳои Камбоҷа, Лаос, Таиланд ва Ветнам дар доираи Комиссияи дарёи Меконг, ҳамкории дав-лати Исроил ва Урдун дар масъалаи истифодаи муштарак (якҷоя)-и дарёи Урдун, ҳалли ихтилофоти байни давлатҳои Ҳиндустон ва Покистон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ дар фаъолияти Комиссияи дарёи Ҳинд ва ғайра аз ҷумлаи мисолҳое мебошанд, ки бо роҳи музокирот ва муносибати дӯстонаи тарафайн мушкилотҳои вобаста ба захираи обҳои сарҳадгузар (байнисарҳадӣ)-ро ҳал намудаанд.

Мо низ чунин мешуморем, ки истифодаи самараноки захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ва пешгирии буҳрони баҳри Арал, яке аз унсурҳои асосии бойгарии миллии кишварҳои минтақа ва таъмини амнияти кишварҳо ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки зимни истифодаи самараноки захираҳои обии кишварҳои минтақа бояд принсипи тамоман нави муносибатҳои байнидавлатӣ ҷорӣ гардад. Аз нигоҳи мо, ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои обӣ дар маънои васеъ ва ҳатто глобалии он – ин таъмини сулҳ, рушд ва босуботи давлатҳои минтақа мебошад. Идораи дарёҳои сарҳадгузар ва кӯлу баҳрҳои байналмилалӣ аз лиҳози сиёсӣ масъалаи муҳим ва хусусияти минтақавӣ дошта ба ҳисоб меравад. Вале мо бояд онро на ҳамчун манбаи низоъ, балки бо роҳи ҳалли музокирот ва ҳамчун муҳаррики ҳамкориҳои судманд ва дӯстона арзёбӣ намоем. Маҳз дар ин ҷо, Созишнома дар бораи обҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонад омили таҳкими сулҳ, ҳамсоягии нек, субот ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардад. Дар маҷмуъ, таҳкими фазои эътимоди дӯстона ва босуботи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити дигаргуниҳои куллӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои об нақши калидӣ бозида, омили асосии ба пешгирии хушкшавии баҳри Арал мусоидаткунанда ба ҳисоб рафта, нуктаҳои рушдро ба вуҷуд меоварад ва ба густариши иқтидорҳои иқтисодӣ-табиии ҳар як давлати минтақа мусоидат менамояд.

Исайнов Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ