(дар ҳошияи баргузории вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, аз 30 майи соли 2024)
Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки дар ин вохӯрӣ пеш аз ҳама натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар баррасӣ мегардад. Ба ақидаи Роҳбари олии давлат, мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом додааст.
Тавре дар Паёми навбатӣ аз таърихи 28 декабри соли 2023 таъкид карда шуда буд, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷост, ки бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, бояд мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардошта шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.
Пешвои миллат дуруст қайд намудаанд, ки танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем. Дар солҳои минбаъда бошад, бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, беш аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд намудем ва Тоҷи-кистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷти-моии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ зиёда аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Дар самти фаъолияти бонкию бонкдорӣ Пешвои миллат бомаврид қайд намудаанд, ки агар аз ҷониби низоми бонкии кишвар соли 1991 ба муштариён ҳамагӣ 2,2 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, пас соли 2023 ин нишонди-ҳанда қариб 19 миллиард сомонӣ ва танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 6,6 миллиард сомониро ташкил додааст. Агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 20,4 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 219 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар сатҳи таъмини аминияти озуқаворӣ Роҳбарии олии давлат дуруст қайд намудаанд, ки чӣ тавре, ки ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки солҳои вазнини 90-уми асри гузашта мо бо мақсади пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ба мардум тақсим карда додем (хотиррасон менамоем, ки 50 ҳазор гектар соли 1995 ва иловатан 25 ҳазор гектар соли 1997 ба мардуми кишвар тақсим карда шуд). Ин қитъаҳои замин, ки номи «замини президентӣ»-ро гирифтанд, дар пешгирӣ намудани хатари гуруснагӣ воқеан нақши калидиро иҷро намудаанд.
Дар даврони истиқлол дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда истодааст. Дар шароити кунунӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба қисми таркибии амнияти миллӣ табдил ёфта, барои таъмини он истифодаи роҳу василаҳои илмиву инноватсионӣ зарур мебошад. Ин масъала яке аз вазифаҳои асосии Академияи илмҳои кишо-варзӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Пешвои миллат Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор аст, ки барои ноил гардидан ба пешравӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Чи тавре, ки Пешвои миллат қайд намудаанд, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд. Аз ҷумла неру-гоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуда, неругоҳи «Сарбанд» пурра таҷдид гардид. Илова бар ин, корҳои таҷдиду барқарорсозии пурраи неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум», инчунин, бунёди неругоҳи «Себзор» бомаром идома дорад. Дар маҷмуъ, дар давраи таҳлилша-ванда, бештар аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд. Истеҳсоли неруи барқ бошад, аз 17,6 миллиард киловатт-соат дар соли 1991 ба 21 миллиарду 860 миллион киловатт-соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт.
Дар самти рушди саноати кишвар Роҳбари олии давлат, қайд намудаанд, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, амали-созии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Ба андешаи Пешвои миллат, фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифат-нокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Аз ин ҷост, ки маҳз илму маориф метавонад, асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат гардад. Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садо-қати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Роҳбари олии давлат, саривақтӣ таъкид намудаанд, ки маҳз олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, таш-кили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Ба ақидаи ӯ, иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошанд.
Маҳз, истиқ-лоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун мил-лати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрни-шин муаррифӣ гардад.
Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷи-кистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъ-номаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гар-диданд. Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шуд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намудаанд. Азбаски дар сатҳи Замин зиёда аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва ҳудуди 145 давлат (қаламрави 21 кишвар пурра) дар чунин ҳавзаҳо воқеъ гардидаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ диққати махсус зоҳир карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об пешниҳод намуданд. 21 декабри соли 2016 бошад, зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо иштироки зиёда 150 кишвари аъзои он ташаббуси муҳими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид. Ҳамзамон чи тавре маълум аст, бо қарори Маҷмаи Умумии СММ (14 декабри соли 2022) ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид, ки далели равшани гуфтаҳои болост.
Чи тавре, ки дар вохӯрии Пешвои миллат ба аҳли илм ва маориф қайд гардид, новобаста аз муваффақиятҳои ба дастомада ва дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посух-гӯи талаботи замон нест.
Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, ба андешаи Роҳбари олии давлат, Ҳуку-мати мамлакат вазифадор аст, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Ҳамзамон ӯ бомаврид қайд намудаанд, ки бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишон-диҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.
Дар ин вохӯрӣ рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳон-бинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илм-омӯзӣ ёдрас гардид, ки ба андешаи Роҳбарии олии давлат бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Пешвои миллат қайд намудаанд, ки соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар таъкид карда будам, ки самту равияҳои авлавиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд. Ҳамзамон набояд фаромӯш сохт, ки дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷа-ҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд. Аз ҷумла саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳ-барии иқтисодчии нотакрор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишон-диҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83,0 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шавад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД-арзиши молу хизматҳои дар дохили кишвар истеҳсолшуда) агар дар соли 2010 24,7 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2014 он ба 45,6 млрд. сомонӣ ва дар 2015 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, рушди он ба 6 % баробар шуд. Айни ҳол бошад, ин нишондиҳанда ба 130 млрд. сомонӣ расида, рушди солонаи он 6,5-7,0 %-ро ташкил медиҳад, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои назаррас на танҳо дар минта-қаи Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои ИДМ мебошад. Ҳатто, дар давраи солҳои 2014-2016 новобаста аз тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозо-ри ҷаҳонӣ ва вазъи сиёсӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, таъсири Пандемия (СОVID-19), инчунин паст гардидани нархи молҳои асосии содиротӣ (алю-миний ва нахи пахта) дар бозори ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2015-2020, афзо-иши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз устувории иқтисодиёти давлат гуво-ҳӣ медиҳад.
Роҳбарии олии давлат қайд намудаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқо-матӣ тақсим карда дода шуд. Яъне, дар маҷмӯъ,зиёда аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид. Шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт. Дар даҳсолаҳои охир афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 фоизро ташкил карда истодааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад.
Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд. Хотиррасон месозем, ки дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқо-матӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буду халос.
Дар маҷмуъ, ба андешаи Пешвои миллат, таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи рушди иқтисоди миллӣ дар асоси ҷоннок намудани таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва боз-бинии ҷиддиро тақозо менамояд. Бовар дорам, ки шумо – олимону донишман-дон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.
Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултетииқтисод ва идораи ДМТ