ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

11

Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти ниҳодҳои террористӣ имрӯз ва дар гузашта гувоҳи он аст, ки дар меҳвари ташаккул ва рушди чунин ҳаракатҳои номатлуб манфиатҳои иқтисодӣ қарор дошт ва дорад. Манфиатҳои иқтисодӣ аксаран водор менамояд, ки ашхоси мухталиф ба гурӯҳҳои созмондодаи қудратҳои мушаххаси манфиатҷӯй ворид шаванд. Махсусан, фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар кишварҳои мухталифи ба буҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар саргаҳи ташаккули онҳо манфиатҳои иқтисодӣ ҷой дорад. Маҳз сарватҳои таббии аксар кишварҳои ҷаҳони сеюм диққати абарқудратҳоро ҷалб намуда, барои соҳиб шудан ба он аксаран аз гурӯҳҳои тундраву ифротӣ истифода менамоянд. Аз ҳар ду ҷониб сарчашмаи асосии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ бештар хусусияти иқтисодӣ дорад. Агар қудратҳои ҷаҳонӣ барои соҳиб шудан ба сарвати зиёд талош намоянд, пас ашхосе, ки ҳамчун воситаи амалишавии ҳадафҳои онҳо қарор мегиранд барои манфити шахсии хеш вориди чунин гурӯҳҳо мегарданд. Таҷрибаи моҷарои сиёсӣ ва фаъол гардидани ҳаракатҳои террористӣ дар кишварҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик бори дигар имрӯз далолат аз он медиҳад, ки дар пасманзари онҳо абарқудратҳои ҳимоятгар аз манфиатҳои иқтисодӣ меистанд.

Дар ҳама ҳолат терроризм ва эктсремизм ба давлати рӯ ба инкишоф хисороти бештар ба бор оварда, самараи фаъолияти он ба манфиати абарқдуратҳо бахшида мешавад. Вақте ба сатҳи иқтисодии давлатҳое чун Ироқ, Либия ва Украина то саршавии моҷароҳои сиёсӣ назар меафканем маълум мегардад, ки суръати рушди онҳо хеле хуб ва барои ҷомеа созгор буд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ташаккул ва густариши зуҳуротҳои номатлубе монанди терроризм ба ташвиш овардааст. Терроризм падидаи номатлубест, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат равона карда шудааст. Ҳамчунин, он барои амалӣ гардонидани сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлатӣ, ғасб намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад.

Дар самти муқовимат зидди терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020-2025” ишғол мекунад.

Бояд гуфт, ки терроризм дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, ҳатари калони ҷамъиятӣ дорад ва ба бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо таҳдид менамояд. Терроризм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои ҳусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳадамоти маҳсусро тақозо менамояд.

Таҳди­ди терроризм дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, ҳамчунин нисбати объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти доҳилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте дониста мешавад, ки дар маҷмуъ метавонад ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зиён оварад.

Дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба ҳама давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо мекунад. Ба сифати объекти таҷовузи террористӣ ҳодимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, объектҳои таъиноти стратегӣ ва ҳаётан муҳим қарор мегирифтанд. Солҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ, ҳамчун манбаи асосии маблағгузорӣ, дуздии одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба мушоҳида мерасад.

Васеъ гардидани доираи амал ва афзоиши хатари тер­роризм танзим нагардидани муносибатҳои байнидавлатӣ, ки боиси ба миён омадани тер­роризм мегардад, муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва маҳдуд, сохторҳои афзояндаи ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ дар шарои­ти имрӯза барои осоиш ва ам­нияти байналмилалӣ таҳдиди глобалӣ дорад.

Тазаккур дода ба маврид мебошад, ки оид ба мубориза ва пешгирии чунин намуди ҷиноятҳо дар сатҳи байналмиллалӣ якчанд конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки ҶумҳурииТоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба монанди конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди ҷинояткории муташкккили трансмиллӣ, ки бо резолютсияи 55/25 Ассамблеяи Генералии СММ аз 15 ноябри соли 2000 қабул шудааст. Конвенсияи байналмиллалӣ бар зидди терроризми бомбавӣ. Бо резолютсияи 55/164 ассамблеяи генералии СММ аз 16 декабри соли 1997 қабул шудааст. Конвенсияи Шанхай аз 15 июни соли 2001 дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм.

Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм. Бо резолютсияи 54/109 ассамблеяи генералии СММ аз 9 декабри соли 1999 қабул шудааст.

Тибқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар моддаҳои 8-ум ва 30-уми Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Таъсису фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, кинажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ваташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Дар маҷмуъ, терроризм хатар ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст, ки дар ҳама ҳолат дар муқобили манфиатҳои инсонӣ қарор дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва таҳкими ваҳдати ҷомеа бар муқобили чунин зуҳуроти номатлуб бо зеҳну маърифат мубориза бурд. Маҳз маърифату ҷаҳонбинии комил ҳамчун сипар ҷомеаро аз чунин зуҳуротҳои номатлуб ҳифз карда метавонад.

Абдураҳмонзода Фаррух – н.и.и., дотсент,декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ