«ИҚТИСОДИ САБЗ»-И ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТИ ҶОЙДОШТА ВА ТАДБИРҲОИ АМАЛИШАВАНДА

90

(дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ)

Дар даҳсолаҳои охир, дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бештар маф-ҳумҳои «саноати сабз», «шуғли сабз», «сармояи сабз», «энергияи сабз» ва дигар мафҳумҳо бо ибораҳои «сабз» истифода бурда мешаванд. Ҳатто баъзе аз сарчашмаҳо дар хусуси «инноватсия ва технологияи сабз» низ қайд менамоянд, ки зери ин мафҳум технологияи нав бо таъсири мини-малӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад. Аз ҷумла энергияи алтернативии барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳара-каткунанда, сӯзишвории биологӣ ва ғайраҳо.

Дар маҷмуъ, мафҳуми «иқтисоди сабз» чунин низоми иқтисодиро дар бар мегирад, ки технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок бояд асоси рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд. Иқтисоди анъанавӣ, тавре ки маълум аст, меҳнат, тех-нология ва захираҳоро дар бар гирифта, кӯшиш менамояд, ки молҳои истеъмолоти ниҳоиро истеҳсол намояд. «Иқтисоди сабз» бошад, баръакс бояд партовҳоро ба сикл (доира)-и истеҳсолӣ баргардонда, таъсири ман-фии партовҳоро ба муҳити зист кам карда, сатҳи таваккалро барои му-ҳити зист ва таназзули низоми экологӣ ба дараҷаи даркорӣ паст намояд.

Аз ин ҷост, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаҳо ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз таърихи 28-уми декабри соли 2023 бомаврид қайд карда шудаанд.

Аз он ҷумла Роҳбари Олии давлат қайд намуданд, ки ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бах-шидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкони-ятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасони-ҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаем.

Ба ақидаи Пешвои миллат, тавре ки ҳамватанони азизи мо мушо-ҳида менамоянд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Аз ин ҷост, ки иқтисоди сабз-ро дар баъзан ҳолатҳо ҳамчун мубориза ба тағйирёбии иқлим ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ арзёбӣ менамоянд. Яке аз хусусиятҳои рушди он, ки нисбатан машҳуртар аст, бо номи мафҳуми «иқтисоди гази карбонаш паст» (lowcarbon economy) муаррифӣ гардидани «иқтисоди сабз» мебошад.

Бинобар ин, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд. Дар робита ба ин, Роҳбари Олии давлат ба Саридораи геология супориш додаанд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳанди-сиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи нави равандҳои экзогениву гео-логии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон зимни ироаи қаблии Паёми солонаи худ низ ба Маҷлиси Олӣ доимо аз ташаккул ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» ёддовар мешу-данд. Масалан дар Паёми дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлисӣ Олӣ пешниҳоднамудаи Роҳбарии Олии давлат қайд намудаанд, ки «…такроран таъкид менамоям, ки бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босу-боти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳти-молии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхо-наҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақо-батнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз»… равона карда шавад». Ҳамзамон Пешвои миллат, таъкид намуда-анд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқти-соди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомад-ҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.

Як нуктаро низ бояд қайд намуд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба рушди “энергияи сабз” ва раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои азнав-созӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 млрд. сомонӣ равона карда шуда, низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳ-лати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.

Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии имсола қайд намудаанд, дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 млрд. сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷ-мӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ боз даҳсолаҳои дигар хизмат менамоянд.

Маҳз амалисозии тадбирҳо ва чорабиниҳои комплексӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидро-энергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Масалан, соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳ-соли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё ин ки 28 % зиёд мебошад.

Ба ақидаи Пешвои миллат, новобаста аз муваффақиятҳои ба даст омада, ҳамзамон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энер-гетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дар-ёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.

Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.

Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти инти-қоли барқи CASA-1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт-соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир анде-шида шаванд.

Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 %-и талафот татбиқи саривақтӣ ва боси-фати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии дав-лат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои киш-вар вусъат бахшида шавад.

Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқти-соди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои бар-қароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

Ҳамзамон ба ақидаи Роҳбарии Олии давлат дар назар дошта меша-вад, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар маҷмуъ, чи тавре, ки аз Паёми им-сола бармеояд, бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохт-монӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳуку-мати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақо-моти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.

Дар маҷмуъ, бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳ-соли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 % бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло ин нишондиҳанда зиёда аз 98 %-ро ташкил медиҳад), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои бай-налмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷумҳурии ҷавону ояндадори мо ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Хотиррасон месозем, ки ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дошта, баъди амалисозии тадбирҳои дар боло овардашуда метавонад то 2 зина боло барояд.

Ҳамин тавр, ба ақидаи Роҳбари Олии давлат мушкилотҳои ҷой-дошта аҳли башар, аз ҷумла ҳамаи моро водор месозад, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гул-хонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захира-ҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.

Мо низ дар тақвияти андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳанд, ки рав-нақи зарурии ҳамаи соҳаҳои «иқтисоди сабз» асосноку баробар таъмин шаванд. Аз ин ҷост, ки бо мақсади муаррифӣ намудан ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» дар базаи кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли чорум аст, ки ихтисоси 25011027 – “Иқтисоди сабз” амал намуда, дониш-ҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамин сол аввалин хатмкунандагон донишгоҳро хатм менамоянд. Ҳамзамон, бо боварӣ қайд менамоем, ки амалисозии чунин тадбирҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон им-кон медиҳад, ки дар ҳолати ҳалли тадбирҳои дар боло овардашуда рушди «иқтисоди сабз»-ро таъмин намуда, истеҳсоли молу маҳсулотҳо ва хизматҳои ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати эко-логӣ тозаю аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок ба роҳ монда шавад.

Исайнов Ҳисайн Раҳимович д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ