ТАҲЛИЛИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ МАКРОИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

101

(Дар партави Паёми Пешвои миллат)

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023 ба самтҳои асосии сиёсати дохилию берунии ҷумҳурӣ бахшида шуда буд. Ҳамзамон, дар Паём таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳамчун масъалаи меҳварӣ қарор гирифтааст.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ – ин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мебошад, ки маҳз аз рӯйи ин нишондиҳанда дараҷаи таъмини мувозинати иқтисодии кишвар ва соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиётро арзёбӣ менамоянд. Ба ақидаи Роҳбари Олии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, ММД-и кишвар нисбат ба соли гузашта8,3 фоиз зиёд гардид ва он ба зиёда аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Барои муқоиса қайд менамоем, ки дар ҳафт соли охир (ба ғайр аз солҳои 2020 ва 2021 бо сабаби таъсири ногувори Пандемия (COVID-19) суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Таҳлили ММД, суръати афзоиши он ва истеҳсоли он ба ҳар нафар аҳолӣ дар давраи солҳои 2010-2021 нишон медиҳад, ки ММД дар соли 2021 дар муқоиса нисбати соли 2010 ба андозаи 3,3 маротиба ва нисбати соли гузашта ба миқдори 16367,6 млн. сомонӣ ё ки 119,8 % зиёд гардидааст. Дар давраи солҳои 2020-2021 новобаста аз тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъи сиёсӣ дар як қатор давлатҳо (аз ҷумла дар давлати Украина), ҷорӣ кардани як қатор муҷозот (санксия)-ҳои иқтисодии давлатҳои Аврупо нисбат ба Федератсияи Россия, афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурии мо аз устувории иқтисодиёти давлат гувоҳӣ медиҳад. Як нуктаро, ки албатта тамоюли мусбӣ доранд низ қайд кардан бомаврид аст – ин ҳам бошад баланд гардидани нархи молҳои асосии содиротӣ (алюминий ва нахи пахта)-и ҷумҳурии мо дар бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки ба баланд гардидани нишондиҳандаи макроиқтисодӣ такони ҷиддӣ бахшида истодааст. Барои муқоиса қайд менамоем, ки айни ҳол дар бозори ҷаҳонӣ (“Биржаи Чикаго CME Group”) қимати як тонна нахи пахта 2260 доллари амрикоӣ ва як тонна алюмини аввалия 2239 доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмуъ, новобаста аз ҳамаи муаммоҳои ҷойдошта, ММД-и ҷумҳурии мо дар солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, аз он ҷумла дар муқоиса нисбати баъзе кишварҳои ИДМ бо назардошти сабабҳои объективӣ ва таъсири омилҳои берунӣ рӯ ба афзоиш мебошад. Масалан, таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии қаблӣ, аз он ҷумла дар соли 2019 нишон дод, ки дар рӯйхати сегонаи пешвоҳо (“лидерҳо”) аз рӯи индекс (шохис)-и ММД-и кишварҳои ИДМ дар қатори Арманистон (7,6%) ва Туркманистон (6,3%), инчунин Тоҷикистон (7,5 %), низ шомил шудааст. Мувофиқи маълумотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи саноат ва хизматрасонӣ ба сифати омилҳои асосии ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидатканда ба ҳисоб мерафтанд, ки рушди иқтисодӣ маҳз аз ҳисоби ин соҳаҳо фаъолгардонии талаботро дар бозори дохилӣ таъмин намудаанд.

Тавре ки аз нуктаҳои Паём (аз таърихи 28 декабри соли 2023) бармеояд, қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона карда шуд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар қатори дигар мушкилот ва дастовардҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳамзамон, қайд намуданд, ки ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаем.

Маҳз амалисозии тадбирҳо ва чорабиниҳои комплексӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар самти ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Масалан, соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё ин ки 28 % зиёд мебошад.

Таъмини амнияти озуқавории кишвар, рушди саноатикунонии босуръат, ки ба сифати ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ муаррифӣ гардидааст, низ дар Паёми навбатӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Аз сабаби оне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва зиёда аз 70 %-аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, дар чунин шароит имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо назардошти ташкили корхонаҳои агросаноатӣ дар дохили ҷумҳурӣ коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатнок табдил дода шавад. Ин омил метавонад дар самти гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аг­рарӣ нақши калидии худро иҷро намояд. Ҳамзамон, соҳаи саноати ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 90 самти истеҳсолотро муаррифӣ менамояд, асосан ба соҳаи истихроҷи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ ва соҳаи коркарди маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст.

Таҳлил ва тамоюли нишондиҳандаҳои оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 млрд сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 30,8 млрд сомонӣ (яъне 7,5 баробар) афзудааст. Масалан, таҳлилҳои иқтисодӣ собит намуданд, ки танҳо дар ҳолати коркарди нахи пахта дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ то маҳсулоти тайёр (матоъ ва либосворӣ), даромади соф аз ҳар як гектари пахта нисбат ба даромад аз фурӯши нахи пахта ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар қариб 10 маротиба афзун мегардад, ки метавонад нақши калидии худро дар рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ иҷро намояд.

Ҳамзамон, бо саноатикунонӣ ва нақши он дар рушди иқтидорҳои содиротӣ ҷумҳурии моро аз кишвари содироти ашёи хом ба ҷумҳурии содиротии маҳсулоти тайёр ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатнок табдил медиҳад, ки ин дар ниҳояти кор ба зиёд гардидани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Тавре ки маълум аст, яке аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ- ин рушди соҳибкорӣ мебошад. Ба ақидаи Роҳбари олии давлат, бояд ба рушди соҳибкорӣ, бахусус бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ ва сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё карда шавад. Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Танҳо солҳои 2016-2023 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда зиёда 20 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин аз саҳми назарраси Ҳукумати мамлакат дар рушди соҳибкорӣ мебошад. Ҳамзамон, таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки агар дар соли 2013-ум саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 54 фоизро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир (яъне дар соли 2023) ба зиёда аз 70 фоиз расонида шуд.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳо бармеояд, ки тавозуни савдо ва содироти соф таи солҳои охир манфӣ буда, барзиёдии воридот нисбат ба содирот қариб 2059,9 млн. долларро ташкил медиҳад (содирот дар соли 2021 ба 2149,6 млн. долл. ИМА ва ҳиссаи воридот ба 4209,5 млн. долл. баробар мебошад). Ҳамзамон, баъзе рақаму далелҳои ояндабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳолати саноатикунонии босуръати кишвар тамоюли зиёдшавии ҳаҷми содирот рӯ ба афзоиш ёфта то соли 2030 метавонад то қариб ба 2,5 млрд. доллари амрикоӣ расад ва нишондиҳандаи воридот аз 4,2 млрд. то 2,9 млрд. доллари амрикоӣ коҳиш дода шавад (айни ҳол ҳиссаи соҳаи саноат якҷоя бо энергетика дар таркиби ММД – 23,4 %-ро ташкил медиҳад). Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои ояндабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар ММД-и кишвар ба зиёда аз 26 % расонида мешавад, ки бо амалисозии ҳадафи чоруми стратегии рушди иқтисоди миллӣ сахт вобаста мебошад.

Дар маҷмуъ, сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии COVID-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намод. Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисоди кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳама давру замон рушди иқтисодиёти давлат аз тараққиёти соҳаҳои пешбарандаи он вобастагӣ дорад. Айни замон кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имкониятҳои худро ба он равона карда истодаанд, ки бо такя ба унсурҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ саноати худро рушд диҳанд ва бо ин восита мавқеи худро дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт устувортар намоянд.

Тавре Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд, новобаста аз дастовардҳои дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бадастомада Ҳукумати кишварро зарур аст, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо (ҳатто дар баъзан ҳолатҳо «низоъҳо ва ҷангҳои тиҷоратӣ») соҳаҳои рушдёбандаи иқтисодиётро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯи (ояндабинӣ)-и хавфҳои молиявӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Албатта дар доираи як мақола на ҳама нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурии дар Паёми навбатӣ овардашударо муаррифӣ намудан душвор ва шояд ғайриимкон бошад. Вале мехостам қайд намоям, ки дар Паём ҳамзамон дар бораи рушди рақамикунонии соҳаи молияву андоз, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок низ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Ба андешаи Роҳбарии олии давлат ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчӣ зудтар бартараф карда шаванд.

Ҳамин тавр, Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Мо низ дар тақвияти андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳанд, ки равнақи зарурии ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат асосноку баробар таъмин карда шаванд. Ҳамзамон, бо боварӣ қайд менамоем, ки амалисозии чунин тадбирҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҳалли тадбирҳои дар боло овардашуда рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиро таъмин намуда, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯро ба роҳ монад.

Раҳимзода Ҳисайн Раҳим, д.и.и., профессор,декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ