НАҚШИ ТАҚДИРСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРӢ ВА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

311

Захираҳои обӣ дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳимта-рини сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, на танҳо дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши беҳамтои худро иҷро менамояд, балки метавонад ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал таб-дил ёфта дар рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузурге дошта бошад.

Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷaҳониро ба тезутунд будани ин масъала ҷалб намуда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: «… cол то сол дар кураи Замин ҳаҷми обҳои ошомиданӣ коҳиш меёбанд, хавфи ба амал омадани «бӯҳронҳои об» воқеӣ мегардад… Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии oб на камтар аз арзишмандии захираҳои нафт, газ, ангиштсанг ва дигар навъ-ҳои сӯшиворию манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии СММ махсусан қайд карданд, ки «Аз ин минбари баланд бори дигар мехоҳем масъалаи марбут ба хушкшавии баҳри Аралро хотирнишон созем. Сабаби асосии ин фоҷиаи экологӣ азхудкунии миқёсан зиёди заминҳои обӣ барои зироатҳои обталаб, ба монанди пахта ва шолӣ аз тарафи ҷум-ҳуриҳои воқеъ дар поёноб ҷойгиршуда мебошад. Дар айни ҳол роҳи ра-ҳоӣ аз вазъи баамаломада, ки сабаби шӯршавии заминҳо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз ҷониби ҷумҳуриҳои минтақа анде-шидани тадбирҳои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути барқарор-созии шабакаҳои обтаъминкунӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нави обё-рӣ, инчунин қисман иваз намудани пахта ва шолӣ бо зироатҳои камис-теъмолкунандаи об ва ба гармиву хушксолӣ тобовар мебошад, ки ба ҳал-ли масъалаҳои марбут ба буҳрони озуқаворӣ низ мусоидат хоҳад кард». Дар робита ба ин масъалаи доғи рӯз мамолики ҳавза ҷиҳати пеш-гирии хушкшавии баҳри Арал хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро созмон додаанд, ки феълан фаъолияти доманадоре дорад. Ба ин бунёди бонуфуз ҷумҳуриҳои ҳавзаи баҳри Арал Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷи-кистон, Қирғизистон ва Туркманистон шомил ҳастанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи ҳамоҳангсозии миллӣ аз ҷониби ҳукумат оиди амалӣ гардонидани барномаи Фонди Глобалии Экологӣ (GЕF) «Идораи захираҳои об ва атрофи ҳавзаи баҳри Арал», Гурӯҳи корӣ ва Кумитаи иҷрояи Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал (ББНА) аллакай корҳои зиёдеро анҷом додаaнд.

Мо низ чунин мешуморем, ки таъминоти бехатарии обӣ, яке аз унсурҳои асосии бойгарии миллии мамлакат ва амнияти он мебошад. Аз ин ҷост, ки зимни истифодаи самараноки захираҳои обӣ бояд принсипи тамоман нави муносибатҳои байнидавлатӣ ҷорӣ гарданд. Чӣ тавре, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар, ки 30 майи соли 2005 ва Конфронси байналмила-лии сатҳи баланд оиди Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди усту-вор, солҳои 2018-2028», ки 6 июни соли ҷорӣ (яъне соли 2022) дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, Президенти кишвар бомаврид қайд намудаанд, ки ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои обӣ дар маънои васеъ ва ҳатто глобалии он – таъмини сулҳ, рушд ва босуботи давлатҳо мебошад. Идораи дарёҳо ва кӯлҳои байнал-милалӣ аз лиҳози сиёсӣ масъалаи муҳим ва хусусияти минтақавӣ дошта ба ҳисоб меравад. Вале мо бояд онро на чун манбаи низоъ, балки ҳамчун муҳаррики ҳамкорӣ арзёбӣ намоем. Дар ин бора Созишнома дар бораи обҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонад омили таҳкими сулҳ, ҳамсоягии нек, субот ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар дунё даҳҳо ва ҳатто садҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки бо мусоидати ташкилот-ҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, истифодаи самараноки захи-раҳои обӣ, бахусус обҳои сарҳадгузар дар доираи муносибатҳои дӯстона ва тарафайн ҳалли мусбии худро ёфтаанд. Масалан, бо мусоидати СММ ҳалли муаммои оби дарёи Меконг дар байни давлатҳои Камбоҷа, Лаос, Таиланд ва Ветнам дар доираи Комиссияи дарёи Меконг, ҳамкории дав-лати Исроил ва Урдун дар масъалаи истифодаи муштарак (якҷоя)-и дарёи Урдун, ҳалли ихтилофоти байни давлатҳои Ҳиндустон ва Покис-тон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ дар фаъолияти Комиссияи дарёи Ҳинд ва ғайраҳо аз ҷумлаи мисолҳое мебошанд, ки бо роҳи музокирот ва муносибати дӯстонаи тарафайн мушкилотҳои вобаста ба захираи обҳои сарҳадгузарро ҳал намудаанд.

Чи тавре, ки маълум аст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо сабаби 93 %-и онро кӯҳҳо иҳота намудан, яке аз киш-варҳои нисбатан камзамин ба ҳисоб рафта, ба ҳар сари аҳолӣ назар ба кишварҳои минтақа ду маротиба камтар замин рост меояд. Аҳолӣ бошад босуръат афзоиш дорад ва чӣ тавре маълум шуд, шумораи аҳолии ҷум-ҳурӣ дар соли ҷорӣ ба 10 миллион одам расид ва ин ҳолат бегуфтугӯ афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти чунин вазъият вазифа ба миён гузошта мешавад, ки мувофиқи самтҳои асосии рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, мо бояд ба таъмини бехатарии озуқаворӣ ва истиқ-лолияти энергетикӣ ноил гардем. Агар мо ба масъалаи тақсимоти одило-наи захираҳои об ва дар бунёди сохтмони обанборҳо дар дарёҳои калон-тарини Тоҷикистон муносибати оқилона зоҳир кунем, он гоҳ ягон киш-вари минтақа камбудии обро эҳсос намекунад.

Маҳз ҳамин нуқтаи назарро ба инобат гирифта, бо иқдоми ҷумҳу-рии мо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мил-лӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, дар ҷумҳурии мо як қатор қарорҳо ва чораби-ниҳо вобаста ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардидааст, ки баъзе аз онҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Аз он ҷумла: амалигар-донии «Рузи байналмилалии захираҳои об» (аз таърихи 22 декабри соли 1992, таҳти рақами 47/193), соли 2003 эълон гардидани «Соли байналми-лалии оби тоза» (20 декабри соли 2000, таҳти рақами 55/196), эълон гардидани давраи солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт» (23 декабри соли 2003, таҳти рақами 58\217), соли 2008 эълон гардидани «соли байналмилалии санитария» (20 декабри соли 2006, таҳти рақами 61/192), соли 2013 эълон гардидани «Соли байналмилалии ҳамкориҳои об» (20 декабри соли 2010, таҳти рақами 65/154). Инчунин 21 декабри соли 2016, таҳти рақами 71/463, аз тарафи Маҷмаи умумии СММ қабул гардидани қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки дар ироаи Паёми Прези-денти мамлакат (аз 22 декабри соли 2016), ин хушхабар ба аъзоёни маҷ-лиси миллӣ ва намояндагон ва диққати тамоми мардуми ҷумҳурӣ расо-нида шуд, ки аз тарафи 170 давлати дунё дастгирӣ ёфтааст.

Хотиррасон менамоем, ки ин чорабинӣ 22 марти соли 2018 (рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз гардида 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати оид ба муносибат-ҳои марбут ба захираҳои обӣ зарурати таъмини рушди устувори иқтисо-дии худ, истифода ва ҳимояи оқилонаи манбаъҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии марбут ба захираҳои об, ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд бо давлатҳои хориҷӣ, бехатарии уму-мии экологӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст. Ҳамин тавр, таҳияи коркард ва рушди стратегияи муосири тақсимоти байнидавлатии об ва механизми иқтисодии истифодабарии захираҳои об барои ҷумҳурии мо ва барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъа-лаҳои аввалиндараҷа ва муҳим мебошад, ки тамоми маҷмӯи комплексии масъалаҳои истифодабарӣ ва ҳимояи оқилонаи манбаъҳои захираҳои обӣ ба онҳо вобаста мебошад.

Исайнов Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ