Тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ, ташаккулёбии механизмҳои иқтисоди бозорӣ, дигаргуншавии сохтори истеъмолии аҳолӣ, пуршиддат гардидани рақобат дар ҳамаи сохторҳои хоҷагии халқ, инчунин, рушди талабот нисбат ба истифодаи имкониятҳои замони муосир, зарурати таҷдид ва азнавсозиро дар самти банақшагирӣ ва ояндабинии назария ва амалияи менеҷмент, маркетинг тақозои иқтисодиёти рақамӣ аст.
Ин нукта имрӯз (22.11.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ, ки дар заминаи кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи ДМТ дар мавзӯи «Дурнамои рушди менеҷмент ва маркетинг дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» баргузор гардид, аз ҷониби иштирокчиён ироа гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, зикр шуд, ки дурнамои ташаккул ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои илмию амалии менеҷмент ва маркетинг дар шароити иқтисодиёти рақамӣ метавонад зина ба зина дар таъмини рақобатпазирии муносибатҳои истеҳсолию хоҷагидории фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми идоракунии давлатӣ саҳми арзишманде гузорад. Маълум аст, ки имрӯзҳо шабакаҳои электронии фурӯши молу хизматрасониҳо доираи зиёди одамонро фаро гирифта, ҳамзамон, ба дараҷаи самаранокии қарорҳои идоракунӣ ва маркетингии субъектҳои иқтисодиёт таъсири худро бевосита мерасонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ва дигар далелҳои ҷолибияти замони муосир ояндабинии назария ва амалияи рушди менеҷмент ва маркетинг дар шароити Ҷумурии Тоҷикистон мубрам ва тақозои замон арзёбӣ мегардад.
Зимнан декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исайнов Ҳ.Р. доир ба аҳамият ва зарурияти мавзӯи матраҳгардида сухан намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир яке аз унсурҳои асосии муваффақиятҳои иқтисодиёти рушди муътадилдошта, маҳз аз рақамикунонии раванди иҷроиши амалиётҳои маркетингӣ ва менеҷменти ташкилот вобастагӣ дорад.
Дар нишаст аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Сироҷиддин Комилов оид ба «Масъалаҳои ташаккул ва такмили менеҷменти инноватсионӣ дар шароити муосир», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсоннии ДМТ Т. Ғаниев оид ба «Адолат ва ҳақшиносӣ ҳамчун арзишҳои рақамии моделсозиву системасозии роҳбарӣ дар менеҷменти асри XXI”, мудири шуъбаи «Тадқиқоти иститутсионалӣ»-и ИИД АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Бобоҷонов доир ба «Рақамигардонии равандҳои иқтисодӣ ҷаҳонишавӣ ва истилоҳоти инноватсионӣ», доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории донишгоҳ Т. Низамова оид ба «Рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир: таҳлили омилӣ», н.и.и., дотсент, директори ташкилоти ҷамъиятии «Иқтисод ва маориф» Шодибег Қодиров роҷеъ ба «Алоқамандии рушди иқтисодӣ ва сармояи тандурустӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои методологӣ ва назариявӣ» ва н.и.и, дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги донишгоҳ Дадахон Ҳодиев доир ба «Муаамоҳои инкишофи сармояи инсонӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ» маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки рақамикунонии идоракунии иқтисодиёти муосир ҳамчун воситаи асосии ташаккулдиҳандаи низоми идоракунии давлатӣ ва ҳамзамон таъсисдиҳандаи иқтисоди инноватсионӣ дар таҳқиқи амиқи паҳлӯҳои институтсионалӣ, интихоби шаклу усулҳои муфиди чорабиниҳои ташкилӣ-иқтисодӣ муҳим аст.