ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА МЕХАНИЗМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ОН

69

Яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он кашидааст – «коҳиши пиряхҳо дар кураи замин» мебошад. Қобили зикр аст, ки пиряхҳо манбаи асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин кардани аҳолӣ хизмат менамоянд.

Ҳифзи пиряхҳо бо реҷаи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ташаббусҳои давлату созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешвад. Дар сатҳи байналмилалӣ иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ гардид. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ин иқдом 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонанд. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Ҳамчунин дар Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028», ки 22-24-уми соли равон таҳти раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар ш. Ню-Йорк доир гардид, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон масоили вобаста ба кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ намуд. Иштирокчиёни конфронс ва ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо баҳои баланд доданд.

Механизми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имрӯз аз ҷониби СММ ба роҳ монда шуда, барои дар кулли сайёра ҷалб намудани диққат ба он аллакай чандин чораҷӯиҳо руи кор омаданд, ки ба қатори онҳо дохил мешаванд:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ;

Ҳамчунин барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ, таҳияи барномаву нақшаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо нишасти давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба муҳимтарин онҳо Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024, Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 мебошанд.

Донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисод ва идораи ДМТ Қозиҷонов Азамхӯҷа