НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАН ДАР РУШДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

180

(Бахшида ба Рӯзи баналмилалии модар)

Якшаба ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон бар кашид.

Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои давлату мил-лати тоҷик, бахусус ба зан модари тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд, ки ҳар яки мо бирасем, алалхусус занон зеро, ки зан модар дар марҳилаи ҷанги шаҳр-вандӣ бо аз даст додани хароҷотҳои зиёди ҷониву молӣ азияти бисёр кашидааст. Яъне модарон пеш аз ҳама зиёну зарари ҷанги шаҳрвандиро бо аз даст додани фарзандон, падарон ва бародарони худ дида буданд ва бо ҳамон ашки чашме ки дар рухсори онҳо дида мешуд, бисёр ва бисёр ҳам ҳузнангез буд. Аз ин ҷост, ки бояд ки зан модари тоҷик ба қадри истиқлолияти давлатӣ бирасад. Зеро ки истиқлолият ин шарафу номуси ватандорист, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи барда-воми ҳар як фарди ҷомеъа баҳри худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фар-ҳанги волост. Ҳамзамон ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеъа сарфи назар аз халқияту миллат ва урфу одат ва ақидаю афкор аст.

Бо таври дигар ифода намоем, ин таъмини кафолати баробарҳу-қуқӣ дар конститутсия – ҳамчун яке аз принсипи констутсионӣ аз гуфта-ҳои волост. Ин аст ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои таъмини ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр-вандон тамоми чораҳои мушахасро роҳандозӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ, бахусус барои баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати занон дар ҷомеа, тадбиқсозии мақому манзалати онҳо чи дар корҳои ҷамъиятӣ ва чи идоракунии давлатӣ ва корҳои сиё-сии сатҳи қабули қарор бо қабули зиёда аз 60 санади меъёрию ҳуқуқӣ то ба ин ҷониб рӯи кор овардааст. Ҳамаи ин рақаму далелҳо, гувоҳ аз он аст, ки зан модари тоҷик аз тамоми ҳуқуқу имкониятҳо дар шакли таш-килию ҳуқуқӣ бархурдор аст.

Аз ин ҷост, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванд, як зан, як бонуи тоҷик ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар чунин сарзамини пурбаракату осоишта кору фаъолият дорам ва умр ба сар мебарам. Албатта ҳамаи ин муваффақиятҳо аз дастгирӣ ва ғамхори-ҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами мил-лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар ҳамаи ин кору фаъолият марбут ба самти занон намебуд, имрӯзҳо занони мо имконияти дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ кору фаъолият карданро надоштанд. Аз ҳамин лиҳоз шукрона ба ин давлату давлатдорӣ намуд, ки дар чунин давлати осудаву ором зиндагонӣ намуда истодаем.

Дар интиҳо мехостам аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми занони гиромиқадр ва модарони азизу меҳрубонро бо фарорасии 8-уми март, ки ҳамчун рӯзи байналмилалии модар эълон гардидааст, табрику таҳният гуфта барояшон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои бена-зирро таманно дорам. Бигузор зан модари тоҷик дар ҷомеъа зани мув-вафақу комёб бошад.

Ранҷи дунё бар кашидам, арзиши модар нашуд,

Симу зарро бар кашидам, қимати модар нашуд.

Он чи хурдам ҳар лазизе, дар тамоми умри худ,

Лазати шири сафедаш, қимати тилло нашуд.

Сад ҳазорон савту созе, ҷамъ кардам он қадар,

Ҳеҷ навои фораме чун аллаи модар нашуд.

Умедаи Ҳурматулло, докторант (PhD)-и соли дуюми факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон