РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ИТАЛИЯ ДАР САМТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

181

(дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Италия)

23 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар доираи сафари навбатии худ ба давлати Италия бо Президенти ин кишвар муҳтарам Серҷо Маттарелла ва Сарвазири он Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, аз он ҷумла қайд намудаанд, ки “Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем”.

Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмӯи масоили ҳамкории байни ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намудаанд. Баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ғании Италия, бахусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятноку барои ҷонибҳо судовар номида шуд. Зимни вохӯрӣ оид ба пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он андешаронӣ сурат гирифт.

Ба ақидаи Пешвои миллат, тавре ки ҳамватанони азизи мо мушоҳида менамоянд, солҳои охир тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилии аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он- камобӣ, хушксолии паёпай, обшави босуръати пиряхҳо ва дигар офатҳои табиӣ, аз он ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсон, вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Ҳамзамон, мувофиқи ояндабиниҳо дар назар дошта мешавад, ки тобистони имсола (яъне соли 2024) яке аз тобистон ва фасли соли гармтарин дар даҳсолаҳои охир хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки ба андешаи Роҳбари олии давлат, пешгирии офатҳои табиии ба амал омада ва лоаққал паст намудан (минимизатсия)-и гармшавии иқлим бояд яке аз самтҳои ояндаи рушди иқтисодиёт на танҳо дар сатҳи докалӣ (ҷумҳурӣ, минтақа), балки дар сатҳи глобалӣ (байналмилалӣ) қарор дода шуда, яке аз роҳҳои баромадан аз буҳрони ҷаҳонии экологию иқтисодӣ арзёбӣ гардад.

Масалан танҳо обхезиҳои шадид ва ғайричашмдошти дарёи Уралро дар Вилоятҳои Оренбург, Орск ва Кургани Федератсияи Россия дар рӯзҳои 8-28 апрели соли 2024 метавон мисол овард, ки баландии об аз сатҳи муқарраршуда ба андозаи зиёда аз 10 метр баланд гардида, зарари иқтисодӣ ба бо ҳисобҳои тахминӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30 млрд. рубл арзёбӣ мегардад. Зиёда аз 50 ҳазор хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ пурра ва ё қисман зери об монда, мутаасифона таъсири ногувории онҳо ҳатто ба як қатор маҳалаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Қазоқистон низ расидааст.

Ҳамзамон, дар назар дошта мешавад, ки чунин ҳолатҳои ногувор ва ташвишовар дар натиҷаи аз меъёр боло рафтани дарёи Тобол дар вилоятҳои Тьюмен, Свердловск ва дигар манотиқи Федератсияи Россия низ дар рӯзҳои наздик ба мушоҳида хоҳад расид. Аз ин ҷост, ки хубтару беҳтар мебуд, барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.

Чи тавре, ки аз мулоқоти дуҷонибаи давлатҳои Италия ва Тоҷикистон бармеояд, ҷалби сармояи итолиёвӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар судовар мебошад. Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва афзоиши содироти он ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровон аст.

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони Неругоҳи обӣ (НОБ)-и Роғун муҳокима гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имкониятҳои худро барои дар муҳлатҳои муқарраргарида анҷом додани нақшаҳои корӣ сафарбар хоҳад кард. Роҳбари ширкати “Вибилд” (WeBuild) ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезонидани корҳо ва истифодаи босамар аз имконияту захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ширкати “Ви-Билд” (WeBuild) итолявӣ сохтмони сарбанди неругоҳи аср (НБО-и Роғун)-ро ба уҳда дошта, баландии он 335 метр буда, яке аз сарбанди баландтарин дар миқёси Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и Роғун имконият медиҳад, ки коркарди солонаи қувваи барқ дар ин нерӯгоҳи аср ба 14 млрд. кВ соат расонида шавад, ки арзиши пурраи ин сохтмон бо нишондиҳандаҳои тахминӣ 3,4 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Агар барои бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017-ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 млрд. 700 млн. сомонӣ харҷ гардида бошад, пас дар соли 2023 ба ин мақсад қариб 5 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Умуман, пешбинӣ шудааст, ки бо сохтану истифода додани НОБ-ҳои ба нақша гирифташуда то соли 2030-ум истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ метавонад ба зиёда аз 30 млрд. кВт. соат расонида шавад, ки ин имконият медиҳад натанҳо истиқлолияти пурраи энергетикиро ба даст дарорем, балки содироти қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсояи ҷануб, ба мисли Ҷумҳурии Исломии Афғoнистон ва Пoкистон ба роҳ монем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба давлати Италия дар шаҳри Рим Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюйро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардида, аз ҳамкории муфид бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ рушди ҳамкорӣ ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмуъ ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад намуд. Таъкид шуд, ки беҳбуд бахшидан ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими рушди устувори ин бахш омили муҳими баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сатҳи зисту зиндагонии мардуми деҳот аст.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи робитаҳо ҷиҳати беҳсозии истифодаи заминҳои корам, пешгирӣ аз деградатсия (харобшавӣ)-и онҳо ва ба истифода додани заминҳои нав иброз доштанд. Дар доираи пешбурди сиёсати инкишофи “Иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон воридоти технологияҳои ниҳолпарварӣ баҳри барқарор намудани ҷангалзор, ҳифзи ҷангалу буттазор аз эрозия вашусташавии заминҳо зарур шумурда шуд. Бинобар ин, ба андешаи Пешвои миллат, бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузориҳои дохилӣ (давлатӣ) ва берунӣ (ҷалби сармояи хориҷӣ) ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.

Дар маҷмуъ, бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли қувваи барқ дар кишвар бояд пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 % бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло ин нишондиҳанда зиёда аз 98 %-ро ташкил медиҳад), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода шавад. Ин рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷумҳурии ҷавону ояндадори мо ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд. Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои омории ҷаҳонӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароити табиию иқлимии минтақаҳои Тоҷикистон барои парвариши зардолу мутобиқ буда, дар айни ҳол дар ҷумҳурии мо 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидааст, ки азон 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳандаро ташкил медиҳад. Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содир шудааст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, яъне ташкилоти ФАО ҳамкории пурсамар дорад. Тавре зикр гардид, ҳоло миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии назди СММ барои ворид намудани чанде аз минтақаҳо ва маҳсулоти кишоварзии кишвари мо ба “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст ва ояндаи наздик бояд самараҳои нахустини ин кори муштарак эълон гардад.

Барои муқоиса қайд менамоем, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ, имрӯзҳо аз 8,2 млрд. аҳолии дар кураи замин умр ба сар баранда – 1,9 миллиардаш дар кишварҳои тараққикарда, ки сатҳи даромадашон ба ҳар сар аҳолӣ баланд мебошад, зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 3,8 млрд. одамони дигар ба сатҳи даромадашон ба ҳар сар аҳолӣ миёна ва зиёда аз 2,5 млрд. одамони дигар бо сатҳи даромадашон ба ҳар сар аҳолӣ паст ҳаёт ба сар мебаранд. Аз ин миқдор тақрибан зиёда аз 800 миллион одамон дар ҳолати гуруснагии доимӣ қарор доранд. Агар бар замми ин муаммои зиёд гардидани шумораи гурезагон аз давлатҳои Араб (ба мисоли Ливия, Мисри қадим, Ироқ, Яман, Сурия) ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба давлатҳои Аврупо (Венгрия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ғ.) дар натиҷаи ҷангҳои шаҳрвандӣ ва нооромиҳои сиёсии ин кишварҳо, таъсири ногувори пандемия (COVID-19) ва боз ҳам мураккаб гардидани таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқаро таҳлил карда бароем, пас худ тасаввур намоед, ки масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар ояндаи наздик то кадом дараҷа душвор боқӣ хоҳад монд.

Маҳз рӯзмарра ва ҳалталаб будани масъалаи мазкурро ба назари эътибор гирифта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ (аз он ҷумла аз 26.01.2021с.) қайд намудаанд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонии имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кору фаъолият намоем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ кашанд. Ҳамзамон Пешвои миллат аз он ҷумла қайд намудаанд, ки соли 2022 ва зимистони соли 2023 низ яке аз солҳои душвортарин барои аҳолии тамоми сайёра дар самти таъмини аҳолии кураи Замин бо маводи озуқа боқӣ мемонад ва айни ҳол аҳолии зиёда аз 20 давлати дунё норасоӣ ва камчинии маводи озуқаро ҳис менамоянд.

Ҳамин тавр, ба ақидаи Роҳбари Олии давлат мушкилотҳои ҷойдошта аҳли башар, аз ҷумла ҳамаи моро водор месозад, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, яъне ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешида шавад.

Мо низ дар тақвияти андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки албатта, амалисозии тадбирҳои баррасишуда имкон медиҳанд, ки равнақи зарурии ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ асосноку баробар таъмин шаванд. Ҳамзамон, бо боварӣ қайд менамоем, ки амалисозии чунин тадбирҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳолати амалисозии шартномаҳо ва тадбирҳои дар боло овардашуда, истеҳсоли молу маҳсулотҳо ва хизматҳои ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю аз нуқтаи назари иқтисодӣ самаранок ба роҳ монда шуда, дар ояндаи наздик ба ҳадафҳои яке аз мақсадҳои олии давлат таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ расад.

Раҳимзода Ҳисайн Раҳим,д.и.и., профессор, деканифакултети иқтисод ва идораи ДМТ