ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

1296

Забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ифода карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.

Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон аз байн нарафта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

Забони ман, забони модари ман,

Сипеҳри ман, маҳи ман, ахтари ман.

Агар як лаҳза қадратро надонам,

Дусад ман хок бодо бар сари ман.

Забон ҳастии ҳар як миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо сарчашмаи истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккул мебошад.

Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои ширину гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад. Забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону хирадмандони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Тӯғралу Лоиқ ва дигар бузургони зиндаёд осори хешро ба қалам овардаву рӯйи девори таърих нақшбандӣ намудаанд.

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Вобаста ба ин пас аз баҳсҳои пурэҳсос дар нишастҳо ва саҳифаҳои матбуоти тоҷикию русии Тоҷикистон, ки аввалӣ тарафдори мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва дуюмӣ мухолифони ин пешниҳод буд, комиссиюни Совети Олӣ натиҷагириҳои худро омода намуд ва ҷаласаи таърихии Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забон» ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, забони русиро василаи муоширати миёни миллатҳо муайян намуд. Ин буд, посухи ҷиддӣ ба сиёсате, ки солҳо идома меёфт

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарурати ворид кардани тағйироту ислоҳот ба «Қонуни Забони тоҷикӣ» ба миён омад ва 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави забон ба имзо расида ҳамчун омили пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигоҳдорӣ мешавад. Ин Қонун ба Забони тоҷикӣ, Забони аксарияти сокинони ҷумҳурӣ, мақоми давлатӣ дода, мартабаю ҳуқуқҳои забонҳои дигар миллату халқиятҳои сокини ҷумҳуриро одилона таъмин намуд.

Дар марҳилаи дигаргунсозиҳо ва таҳавулоти забонҳҳои гуногуни олам кам забонеро дучор омадан мумкин аст, ки мисли забони тоҷикӣ баъди гузаштани даҳ аср ба насли имрӯза фаҳмо бошад. Ин нуқта гувоҳи он аст, ки Забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин ибораҳо ва рангу таровати миллӣ дар таъриху тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб ёфтааст.

Ибтидои рушди забони адабии тоҷикро ба асрҳои 9 ва 10 нисбат медиҳанд, ки дар он асрҳо шеъри оламшумори устод Рӯдакӣ эҷод гардидаанд. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи се забони машҳури ҷаҳонӣ – англисӣ, фаронсавӣ ва итолиявӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шуморидаанд. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ маънои онро дорад, ки он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии давлатдории деринаи тоҷикон нақши муҳим дорад.

Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рўзҳои ид” 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Забон низ яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва нишони миллат аст. Бигузор дар ин рӯз ҳама аз бузургии забони тоҷикӣ ҳарф зананд, маросимҳои шинохти давлат ва забони он баҳсу андеша намоянд.

Қозиҷонов Азамхӯҷа, донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисод ва идора