РУШДИ СОҲИБКОРӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРӢ

81

Дар баробари ба даст овардани соҳибистиқолии комили давлатӣ ва сар задани нооромиҳои сиёсӣ баъди солҳои 90-уми асри гузашта, ба иқтисодиёти навташкили мамлакат ҳисороти калон расонида шуд, ки дар натиҷа робитаҳои иқтисодии соҳаҳои истеҳсолӣ канда гардида, сохтори истеҳсолии мамлакат тағйир ёфта суръати рушди иқтисоди миллӣ ба маротиб коҳиш ёфт. Сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба 82% расида, дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ҳиссаи соҳаи саноатӣ 1,4 маротиба, ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 1,3 маротиба коҳиш ёфта, дар заминаи инҳо суръати бекории аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта баланд гардида, муҳоҷирати меҳнатӣ нисбатан афзоиш ёфт.

Барои таъсис додани иқтисоди миллии дорои сохтори наву муосир, низоми истеҳсолии муътадили рушдкунанда ва таъминкунандаи суботи иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат иқтисоддон, сиёсат ва сиёсатмадоре зарур буд, ки тавассути ислоҳоти комил маҷрои иқтисоди миллии мамлакатро ба суи рушди устувор расонад. Танҳо иродаи матин ва садоқати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муттаҳидии халқи Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аввалан суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, ҳастии миллатро нигоҳ дошта, якпорчагии давлатро таъмин намуд. Ҳамзамон ӯ сохтори боэътимоди иқтисоди миллиро тавассути интихоби сиёсати «Дарҳои кушод» таъсис дода ниҳоятан маҷрои ҳаёти аҳолии мамлакатро ба самти рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини сатҳу сифати баланди зиндагӣ равона намуданд.

Дар шароити муосир рушди иқтисоди миллӣ дар худ назорату истифодабарии захираҳо ва бартариятҳои иқтисодиеро ифода менамояд, ки тавассути онҳо сифати маҳсулоту хизматрасонӣ, самаранокии истеҳсолоти ватанӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, давлат метавонад дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва табодули комёбиҳои илмӣ-техникии ҷаҳонӣ иштирокчии комилҳуқуқ бошад. Аз ин ҷост, ки яке аз омилҳои муҳими устувории иқтисоди миллии ҷумҳурӣ – ин рушди соҳибкорӣ мебошад. Муҳимияти масъалаи соҳибкорӣ ва рушди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои даврони истиқлолият саривақтӣ арзёбӣ намуда, то имрӯз корҳои назаррасеро дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ намудааст.

Яке аз қадамҳои аввалини дар ин самт гузошташуда – таъмини шароити ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ибтидо аз соли 1991 қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкорӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур аз эътибор соқит карда шуда, соли 2002 бошад қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳиб-корӣ» қабул гардид, ки он дар баробари муайянкунии муқаррароти умумии ҳимояи давлатӣ, дастгирӣ ва таъмини рушди озоди соҳибкорӣ, инчунин шаклҳо ва усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муқаррар менамояд.

Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, таҳти №469 «Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи то соли 2015» тасдиқ карда шуд, ки ҳиссаи амалигардонии он барои рушди соҳибкории ватанӣ назаррас буд. Дар ин миён бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, таҳти №201 «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шудааст.

Як нукта низ боиси ёддоварӣ ҳаст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар даврони истиқлолият якчанд маротиба мораторий нисбати санҷишҳои фаъолияти субъектҳи соҳибкорӣ (барои аз 1 то 3 сол) эълон карда шуда, қонунҳои дахлдор қабул гардиданд, ки миёни онҳо ҳолатҳои зеринро метавон ҷудо намуд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз 3 июли соли 2012.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз 21 феврали соли 2018.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 8 июни соли 2022.Мақсади ин чораандешӣ аз бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ ва кам кардани тафтишҳои беасос иборат буд, ки қабули ин қонун ба фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ таъсири мусбат расонид. Дигар фаъолияти муҳими дар самти ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии рушди соҳибкорӣ амалишуда – ин муқаррар кардани руйхати молу ашё ва дастгоҳу таҷҳизотҳое мебошад, ки ҳангоми ворид гардиданашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боҷҳои гумрукӣ озод карда шуданд, аз он ҷумла:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 №591 «Дар бораи тасдиқи Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолӣ-технологӣ ва маснуоти комплектӣ, ки барои ташаккул ва мукаммалгардонии фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавмуҷаҳҳазонии техникии истеҳсолоти амалкунанда таъин гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба боҷи гумрукӣ озод мегарданд».

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 октябри соли 2010 №531 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 №591».

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 марти соли 2013 №93 «Дар бораи Номгӯи техникаи таъминоти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба боҷи гумрукӣ озод мегарданд».

Қайд кардан бамаврид аст, ки мавқеи соҳибкорон дар рушди иқтисодиёт ва ҳалли масоили иҷтимоӣ бевосита аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо арзёбӣ гардидааст. Бо арзёбӣ аз мавқеи субъектони соҳибкорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯри бо соҳибкорони ватанӣ 14 октябри соли 2014, ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рӯзи соҳибкорон эълон карданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Чи тавре, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз таърихи 28 декабри соли 2023) бармеояд “Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд”.

Аз ин ҷост, ки Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда барои рушди соҳибкорӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла дар соли 2021-ум 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.

Маълум аст, ки соҳибкорӣ дар навбати худ таъминкунандаи шуғли маҳсулнок низ ҳаст. Маълумотҳои омории солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки 60,5%-и аҳолии шуғлдоштаро субъектони хоҷагиҳои кишо-варзӣ, 4%-и онҳоро субъектони соҳибкории саноатӣ ва 35,5%-и аҳолии шуғлдоштаро бошад субъектони соҳибкории соҳаҳои хизматрасонӣ бо кор ҷалб кардаанд. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ чунин бармеояд, ки дар маҷмӯъ 44,8%-и аҳолии қобили меҳнат аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо кор фаро гирифта шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Чи тавре, ки қаблан қайд намудем, соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва итминони комил дорем, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст боз ҳам вусъати бештар пайдо мекунанд. Барои муқоиса қайд менамоем, ки танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор расонида шуд. Ҳукумати мамлакат кушиш карда истодааст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро низ роҳандозӣ намояд.

Ба ақидаи Роҳбарии олии давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Мо низ дар тақвияти гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки соҳибкоронро низ зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, дар баробари гирифтани манфиату фоидаи шахсӣ, дар устуворгардонии истиқлолияти иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёт саҳмгузор бошанд.

Ҳамин тавр, дар хотима қайд кардан бомаврид аст, ки рушди соҳибкорӣ ҳамчун омили муҳими устувории иқтисоди миллии ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки равнақи зарурии ҳама намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз он ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ асосноку баробар таъмин карда шавад. Ҳамзамон он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол карда, бо истифода аз рушди фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо раванди истеҳсоли молу хизматҳои вата-ниро ба роҳ монад, балки яке аз содиркунандагони маҳсулоти ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷавобгӯ ва рақобатнок дар бозорӣ минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардад. Боварӣ дорем, ки бо дарназардошти рушди фаъолияти соҳибкорӣ, аз он ҷумла истеҳсоли маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ватанӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, таҳаввулотҳо ва ҷаҳишҳои бузурги иқтисодӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи аҳолӣ интизор аст.

Раҳимзода Ҳ.Р. д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ,

Раҳмонов Ҷ.Р., н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкории ДМТ