ҶАВОНОН – НЕРУИ СОЗАНДАВУ ПЕШБАРАИ ДАВЛАТ

32

Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдиру таълиму тарбияи ҷавонон саҳми ниҳоят назаррас гузоштаанд. Ҳамчун роҳбари давлат дар солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо ирода ва ҷасорати бузург шуълаи умедро дар дилҳои мардум равшан намуданд.

Дар таърихи навини тоҷикон баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи наҷотбахш ва сарнавиштсоз гардида, дар он нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди сарсупурда ва содиқи миллат ба таври рушан падидор шуд. Бо эҳсоси баланди масъулият ва ватандӯстӣ Пешвои миллат тавонистанд, ки ба ҷомеаи пароканда оромӣ ва ба давлатдорӣ низоми устувор бахшанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат таҳия ва амалӣ мешавад, имрӯз ба яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати дохилии кишвар табдил ёфтааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсия ва Стратегияи миллии татбиқи сиёсати ҷавонон, таъсиси стипендияҳо ва грантҳои президентӣ, ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷумлаи иқдомҳои арзандаи давлат дар ин самт мебошанд.

Дар доираи ин сиёсати созанда, ҷавонон ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ фаъолона ҷалб гардида, имконият пайдо кардаанд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳмгузор бошанд. Ҷавонони тоҷик имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушду пешрафти кишвар нақши арзанда мебозанд.

Президенти кишвар борҳо зикр намудаанд:“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки онҳо имрӯз бо ташаббусҳои нек ва садоқат ба Ватан дар роҳи рушду тараққии Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд.”

Маҳз ҳамин эътимод ва дастгирии падаронаи Сарвари давлат буд, ки ҷавонон имрӯз дар зинаҳои роҳбарикунанда низ фаъолона фаъолият мекунанд. Боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангии муосир, ки бо дастгирии давлат барои ҷавонон бунёд шудаанд, нишон аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарият ба ин табақаи фаъоли ҷомеа аст.

Дар чунин шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав ва таҳаввулоти шадид рӯ ба рӯст, ҷавонон бояд дар баробари таҳсил ва рушди шахсӣ, ҳисси масъулияти баланди ватандорӣ дошта бошанд. Ҳар як ҷавон муваззаф аст, ки дар ободии диёр ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад.

Бояд донист, ки ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки имрӯз ва фардои онанд. Суботи кишвар, пешрафти ҷомеа ва бақои давлат дар дасти ҷавонони бедордил ва хештаншинос мебошад.

Ҳар ҷо набошем, фаромӯш накунем, ки фарзандони миллати тоҷикем ва бояд бо ифтихору садоқат аз фарҳангу арзишҳои миллиамон ҳифозат намоем. Ҳадафи ниҳоии мо – Тоҷикистони обод, мутараққӣ ва дорои ҷойгоҳи баланд дар арсаи байналмилалӣ бояд бошад.

Қозиҷонов Азамхӯҷа, донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисод ва идораи ДМТ