ВАРЗИШ – ОМИЛИ МУАРРИФИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

27

Имрӯз қалби тоҷикони ҷаҳон – Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории бозиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар доираи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардидааст. Дар радифи чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дар чанд соли охир дар маркази давлат бозиҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он саҳми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле барҷаста мебошад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки татбиқи босифат ва саривақтии сиёсати давлатӣ дар самти варзиш аҳаммияти муҳим дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҷумҳурӣ 10 934 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю маркази солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, варзишгарони тоҷик имрӯз дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, 14 варзишгари номвари тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 иштирок намуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуданд. Дар ин Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд.

Бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

Ба шарафи Истиқлоли давлатӣ ба бозии миллии тоҷикӣ- гӯштингирӣ мақоми байналмилалӣ дода шуда, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, 28-31 август дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд варзишгарон аз 63 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа қаҳрамонӣ нишон дода, 11 медал (5 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар давоми чормоҳи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 23 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 16 миллиону 454 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифта, ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузоштанд. Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис шудааст.

Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат ба 318 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллиону 423 ҳазору 750 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Давоми соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд.

Натиҷаи чунин ғамхориҳо аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Маҳз ҳамин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 7451 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо шарофати дастоварди варзишгарони мамлакат баланд бардошта шуда, зиёда аз 2500 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст.

Ҳаминт тавр, дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон буда, ба таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо мусоидат менамояд. Зеро давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориро дар доираи рушди ҷомеаи солим тавсеа бахшанд.

Абдураҳмонзода Фаррух – н.и.и., дотсент,декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ