ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРӢ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАКМИЛДИҲАНДАИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

52

Маълум аст, ки сатҳи баланди муносибатҳои андозӣ ба афзоиши даромадҳои андоз мусоидат мекунад ва онҳо дар навбати худ манбаи асосии даромади буҷети давлат мебошанд. Норасоии андоз боиси оқибатҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мегардад. Аз ин рӯ, такмили муносибатҳои андоз яке аз муаммоҳоимуҳимест, ки рушди иқтисодиёти ҳамаи кишварҳо ба ҳалли онҳо вобаста аст.

Мушкилоти фискалии мавҷудаи низоми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба набудани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масъалаҳои андоз ва андозбандӣ дар системаи андози миллӣ алоқаманд аст. Ҳадафи ислоҳоти марҳилавии системаи андози ватанӣ ба омӯзиши амиқ ва зарурати асосноккунии назариявӣ ва амалии он иборат аст. Дар навбати аввал тарҳи зерсистемаҳои сиёсати андоз, тамоюлҳои давлатӣ ва иҷтимоии системаи андозро фаро мегиранд.

Бо дарназардошти хусусияти хоси андоз дар низоми бозорӣ, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2024-ум сол баргузор гашт чунин иброз намуданд: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”. Ҳамзамон роҳбари давлат ба Ҳукуматимамлакат ва вазорату идораҳои дахлдордастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Фарҳанги андоз ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ аз фаҳмиши шаҳрвандон оид ба зарурати пардохти андоз барои давлат ва ҷомеа, инчунин донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пардохти он иборат буда, аз бисѐр ҷиҳат аз шуури аҳолӣ, муносибати онҳо нисбат ба ҳокимият, ахлоқи ҷомеа ва менталитети ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Ҳамчун як ҷузъи фарҳанги иҷтимоӣ, фарҳанги андоз ҳам ҷанбаи ҳуқуқӣ ва ҳам эътирофи андозбандиро ҳамчун унсури ҷудонопазири мавҷудияти ҷомеа дар бар мегирад. Сатҳи пасти фарҳанги андози шаҳрвандон ва кормандони мақомоти андоз татбиқи самарабахши усулҳои танзими ҳуқуқиро маҳдуд менамояд.

Андоз ва андозбандӣ, пеш аз ҳама, категорияҳое мебошанд, ки хусусияти давлатро дар системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассум месозанд, аз ин рӯ ҳама муҳаққиқоне, ки ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии андозбандиро омӯхтанд, ба хулосае омаданд, ки андоз дар пайдоиши тамаддуни инсонӣ якҷоя бо давлат ба вуҷуд омадааст. Дар низоми муосири иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз бо тамоми хусусиятҳои худ дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ пайдо шудааст.

Дар давраи иқтисодиёти нақшавӣ баҳисобгирии пешбурд ва ҳисобкунии пардохтҳои андозҳоро махсусан ба низом ва мутамарказонида шуда буд. Андози асосӣ, андоз аз гардиш буд, ки беш аз 90% -и буҷаи иқтисодиёти нақшавиро ташкил медод. Дар айни замон, воридоти андоз дар низоми даромади буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 70 то 80% -ро ташкил медиҳад.

Муайян намудани сохтори низоми андоз дар асоси хусусиятҳое, ки ба мо имкон медиҳанд нақши низоми андозро арзёбӣ намуда, самтҳои такмили онро дар шароити иқтисоди бозорӣ муайян кунем. Бидуни ба сатҳи кофӣ муайян кардани таносуби андозҳои мустақим ва ғайримустақим дар низоми иқтисоди миллӣ дараҷаи тараққиёти иқтисодиётро пешгуӣ кардан душвор аст.

Баробарии сарбории андоз ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз шаклҳои ченкунии рушди иктисодии давлат ва омили муайянкунандаи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолӣ баромад мекунад. Маҳз тавассути баҳодиҳии низоми андоз, нақши андозҳои инфиродӣ дар ташаккули даромадҳои буҷет муайян карда шуда, баъдан сатҳи прогрессивӣ ё регрессивии он муайян карда мешавад. Чунин назари масъала имкон медиҳад, ки робитаи иерархияи идораи давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва сиёсати танзими андоз дар шароити иқтисоди бозорӣ муайян карда шавад.

Дар асоси кам гардидани санҷишҳои андозӣ тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.

Ҳамзамон аз ҷониби андозсупорандагон ҳуқувайронкуниҳо сол аз сол зиёд гардида ва ин нишондиҳанда чор баробар афзоиш ёфтаанд. Масъалан танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат маблағҳои иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.

Агар дар мӯҳлати зиёда аз се моҳ дидаву дониста соҳибкорон андозро пардохт накунанд аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, онҳоро ба феҳристи “Андозсупорандагони бемасъулият” шомил намуда, тавассути нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии Кумита бароварда мешавад. Баъдан ин субъектон тавзеҳот, сабабу омилҳои напардохтани андозро пешниҳод мекунанд. Мудоме, ки камбудиҳо ислоҳ шаванд аз ин рӯйхат бароварда шуда, сипас фаъолияташонро идома медиҳанд.

Ҳамаи чунин ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.

Барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ташкили идораи дурусти низоми андоз зарурати гузаронидани маъмурисозӣ лозим аст. Сарфи назар аз шаклҳои амалишавии андозҳо дар низоми андозӣ камбудиҳои зерин пайдо мешаванд:

–муносибатҳои беинсофона ба уҳдадориҳои вазифавии андоз-супорандагон амр менамояд, ки андози маъмурисозӣ амалӣ карда шавад;

–дар ҳолатҳои алоҳида сатҳи пасти маданияти андозӣ мушоҳида мегардад;

–истифодаи маҷмӯи усули муносибати камсозии уҳдадориҳои андозӣ;

–пешгирии мунтазами андозсупорандагон оид ба дасткашӣ аз пардохти андозҳо;

–пешниҳоди афзалиятҳо ва миқдори зиёди имтиёзҳои андозӣ барои соҳаи истеҳсолот ва ҳунарҳои мардумӣ;

–таносуби қарздории буҷетӣ аз рӯи пардохти андози иҷтимоӣ.

Ҳамин тариқ, мушкилоти дар низоми миллӣ мавҷудбуда, батартибдарории идоракуниро аз рӯи навъҳои андозҳо дар сохторҳои мақомотҳои андоз тақозо менамояд.

Зимни муайянсозии пардохтҳои андозӣ аз субъектҳои хоҷагидорӣ ва гаронии андози онҳо нишондиҳандаеро бояд интихоб кард, ки метавонад ба таври воқеӣ сарбории андозро ба субъектҳои хоҷагидорӣ инъикос намояд, яъне сарбории андозӣ, бояд дар асоси нишондиҳандаҳои муҳим, ки уҳдадориҳои андозиро ташаккул медиҳанд, муайян карда шавад. Самаранокии низоми андоз аз самараноки соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллӣ вобастааст. Самаранокии низоми андоз бо кам кардани вазнинии андоз дар субъектҳои хоҷагидорӣ шарҳи худро меёбад: дастгирии истеҳсол-кунандагони ватанӣ бо роҳи пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ; қабули таъхирҳо аз рӯи пардохти андозҳо;

Қобили қайд аст, ки таи солҳои охир яке аз омилҳои асосии афзоиши шумораи субъектҳои хоҷагидор ва дар умум рушди иқтисодиёти кишвар ин аз ворид гардидани имтиёзҳои гуногуни андозӣ ба шумор меравад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дар самти ташаккули маърифати андозӣ ва фарҳанги андози иштирокдорони муносибатҳои андозӣ қадами аввал – даст кашидан аз хусусияти яктарафаи муносибатҳои байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мебошад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ фаъолияти самарабахши низоми андозбандиро таъмин кардан мумкин аст. Яъне, назари андозсупорандагон оид ба низоми амалкунандаи андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барпо намудани муносибатҳои судманди миѐни давлат ваандозсупорандагон бояд таҷдиди назар карда шавад.

Султонбии Раҳматзода – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДМТ