(дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 9-10-уми августи соли 2024)
Тавре ки иттилоъ дорем санаи 9 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намудаанд. Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.
Як нуктаро низ бойд қайд намоем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои солонаи худ низ ба Маҷлиси Олӣ доимо аз рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣкардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокиимаҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиётва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар доираи кишварҳои Осиёи Марказӣ ёддовар мешаванд. Ҳамзамон, Пешвои миллат, таъкид менамоянд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгуинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар доираи кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешравии ҳамкорӣ дар минтақа давоми шаш соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамаи онро самараи азму иродаи қавии сиёсии роҳбарони кишварҳои минтақа унвон намуданд. Роҳбари Олии давлати мо иброз доштанд, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд. Татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад. Дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расад.
Ҳамзамон, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои “Экспо-Осиёи Марказӣ” низ муфид арзёбӣ гардид.
Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа номида шуд. Чи тавре, ки дар даҳсолаҳои охир, дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ қайд мегардад, бештару бештар мафҳумҳои «саноати сабз», «бозори сабз», «шуғли сабз», «инвеститсия (сармоя)-и сабз», «портфели сабз», «энергияи сабз» ва дигар мафҳумҳо бо ибораҳои «сабз» истифода бурда мешаванд. Ҳатто баъзе аз сарчашмаҳо дар хусуси «инноватсия ва технологияи сабз» низ қайд мекунанд, ки зери ин мафҳум технологияи нав бо таъсири минималӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад.
Дар ҳақиқат, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣтоза мебошад, ки ҳамчун “энергияи сабз” муаррифӣ гардидааст. Чунончи дар суханрониҳои Пешвои миллат доимо ёдрас мегардад, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣниз Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад. Дар сурати истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нафтӣкоҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии на танҳо кишвари мо, балки тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, Роҳбари олии давлат қайд намудаанд, ки ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣбарои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣчораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон, бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки «энергияи сабз» дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣидома дорад, ки дар амалисозии онҳо саҳми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас мебошад.
Дар пасманзари афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки шаклҳои нави самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи амният тарҳрезӣ гардад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки механизмҳои ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шавад.
Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои зерин қабул гардиданд:
– изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
– консепсияи рушди ҳамкории минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040»;
– харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;
– қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»;
– нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;
– ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;
– баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;
– баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.
Қисмати дуюми нишаст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд ва намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Каха Имнадзе баргузор шуд. Ҳамчунин, бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ бо “Нишони фахрӣ”-и Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.
Чи тавре, ки аз натиҷаи ин вохӯрии сатҳи баланд маълум мегардад, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, хусусан, роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки «энергияи сабз» ва рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрами кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ амалӣ карда шавад.
Мо низ дар тақвияти гуфтаҳои Пешвои миллат қайд менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати оид ба муносибатҳои марбут ба захираҳои мавҷудаи минтақа ва зарурати таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифода ва ҳимояи оқилонаи манбаъҳои обию энергетикӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бехатарии умумии экологӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро ба асос гирифта, дастҷаъмона фаъолият намуда истодааст. Ҳамин тавр, таҳияи коркард ва рушди стратегияи муосири тақсимоти байнидавлатии захираҳои мавҷуда, бахусус механизми иқтисодии истифодабарии захираҳои об барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, амалисозии консепсияи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои оянда, ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистики кишварҳои минтақа, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишварҳои минтақа, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ дошта яке аз масъалаҳои калидӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.
Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултетииқтисод ва идораи ДМТ