ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ: ҶАНБАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ИҚТИСОДӢ

272

(Дар ҳошияи ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ДМТ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим, иқтисодиёт ва экология», 18 майи соли 2024)

Захираҳои обӣ дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, на танҳо дар пешрафти иқтисоди миллии ҷумҳурии мо нақши беҳамтои худро иҷро менамояд, балки метавонад ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал табдил ёфта,дар рушди иқтисодиёти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши бузурге дошта бошад.

Аз ин ҷост, ки ҳануз 1-уми октябри соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд: бояд таваҷҷуҳи ҷоме­аи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза ҷиддӣ гардад. Бо ин асос бо тасмими Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози асри нав барои аҳли башар ҳадафҳои стратегии ниҳоят муҳим ва комилан ҷадид пешниҳод гардид. Ин пешниҳодро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд, зеро Ҳукумати Тоҷикистон диққати ҷаҳониёнро ба масъалае ҷалб карда тавонистааст, ки он ба ҳаёту зиндагии ҳаррӯзаи инсон робита дорад. Азбаски ташаббусу пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти умумибашарӣ доранд ва баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ нигаронида шудаанд, бинобар ин, аз ҷониби қисми зиёди давлатҳои ҷаҳон – давлатҳои аъзои СММ якдилона қабул гардидаанд.

Мо низ чунин мешуморем, ки истифодаи самараноки захираҳои обӣ, яке аз унсурҳои асосии бойгарии миллии мамлакат ва амнияти он мебошад. Аз ин ҷост, ки зимни истифодаи самараноки захираҳои обӣ бояд принсипи тамоман нави муносибатҳои байнидавлатӣ ҷорӣ гарданд. Чӣ тавре, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар, ки 30 майи соли 2005 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оиди Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6 июни соли 2022 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, Президенти кишвар бомаврид қайд намудаанд, ки «…ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои обӣ дар маънои васеъ ва ҳатто глобалии он – таъмини сулҳ, рушд ва босуботи давлатҳо мебошад.

Идораи дарёҳо ва кӯлҳои байналмилалӣ аз лиҳози сиёсӣ масъалаи муҳим ва хусусияти минтақавӣ дошта ба ҳисоб меравад. Вале мо бояд онро на чун манбаи низоъ, балки ҳамчун муҳаррики ҳамкорӣ арзёбӣ намоем». Дар ин бора Созишнома дар бораи обҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонад омили таҳкими сулҳ, ҳамсоягии нек, субот ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар дунё даҳҳо ва ҳатто садҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки бо мусоидати ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, бахусус обҳои сарҳадгузар дар доираи муносибатҳои дӯстона ва тарафайн ҳалли мусбии худро ёфтаанд.

Масалан, бо мусоидати СММ ҳалли муаммои оби дарёи Меконг дар байни давлатҳои Камбоҷа, Лаос, Таиланд ва Ветнам дар доираи Комиссияи дарёи Меконг, ҳамкории давлати Исроил ва Урдун дар масъалаи истифодаи муштарак (якҷоя)-и дарёи Урдун, ҳалли ихтилофоти байни давлатҳои Ҳиндустон ва Покистон бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ дар фаъолияти Комиссияи дарёи Ҳинд ва ғайраҳо аз ҷумлаи мисолҳое мебошанд, ки бо роҳи музокирот ва муносибати дӯстонаи тарафайн мушкилотҳои вобаста ба захираи обҳои сарҳадгузар (байнисарҳадӣ)-ро ҳал намудаанд.

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо сабаби 93 %-и онро кӯҳҳо иҳота намудан, яке аз кишварҳои нисбатан камзамин ба ҳисоб рафта, ба ҳар сари аҳолӣ назар ба кишварҳои минтақа ду маротиба камтар замин рост меояд. Аҳолӣ бошад босуръат афзоиш дорад ва читавре маълум шуд, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ айни ҳол ба зиёда аз 10 миллион одам расидааст, ки ин ҳолат бегуфтугӯ афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро талаб менамояд. Аз ин ҷост, ки ба андешаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти чунин вазъият вазифа ба миён гузошта мешавад, ки мувофиқи самтҳои асосии рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, мо бояд ба таъмини бехатарии озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем. Агар мо ба масъалаи тақсимоти одилонаи захираҳои об ва дар бунёди сохтмони обанборҳо дар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон муносибати оқилона зоҳир кунем, он гоҳ ягон кишвари минтақа камбудии обро эҳсос намекунад.

Маҳз ҳамин нуқтаи назарро ба инобат гирифта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, дар ҷумҳурии мо як қатор ташаббусҳо ва чорабиниҳо вобаста ба истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардидааст, ки баъзе аз онҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳем. Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои муаззами тоҷикистониён СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Азбаски дар сатҳи Замин зиёда аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва ҳудуди 145 давлат (қаламрави 21 кишвар пурра) дар чунин ҳавзаҳо воқеъ гардидаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ диққати махсус зоҳир карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об пешниҳод намуданд. 21 декабри соли 2016 бошад, зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо иштироки зиёда 150 кишвари аъзои он ташаббуси муҳими миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, ки далели равшани гуфтаҳои болост.

Ҳамзамон чи тавре маълум аст, бо қарори Маҷмаи Умумии СММ (14 декабри соли 2022) ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии «Ҳифзи пиряхҳо» таҷлил мегардад. Гузашта аз ин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад ва дар назар аст, ки масьалаи калидӣ дар ин намоиши сатҳи ҷаҳонӣ – ин натиҷагирӣ аз вазъи фонди минтақавӣ таъсисгардида оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки метавонад дастгирии ҳамаҷонибаро чи дар сатҳи локалӣ (дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа) ва чи дар сатҳи глобалӣ (байналмилалӣ) пайдо намояд.

Бо назардошти ин далелҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2016 ва 26.12.2019) ва суханрониҳояш дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1.03.2017, Исломобод) ва дар Ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим (12.11.2019, Париж) ёдовар шудаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ барои таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нави тавлиди барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли неруи барқ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи сарфакоронаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ва ин тадбирҳои Тоҷикистон баробари таъмини амнияти энергетикӣ дар сатҳи миллӣ аҳамияти минтақавӣ низ доранд, зеро ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рузафзуни кишварҳои ҳамсояи дуру наздик, аз он ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (аз он ҷумла Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон) ба неруи барқ нигаронида шудаанд.

Зимни суханрониашон Пешвои миллат дар Конфронси оби СММ-2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷараён дошт, таъкид доштанд, ки Конфронси дуюми СММ оид ба масъалаҳои об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим – мушкилоти истифодаи захираҳои об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла озуқа, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид. Пешвои миллат аз он ҷумла қайд намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд, ки ҳамчун мизбонони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо шарикони рушд ҳамкории хуб доштанд, дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ шарикони воқеӣ гардиданд ва гардиши пурраи обро аз сарчашмаи он то баҳр муаррифӣ намудаанд. Ҳамзамон, роҳбари давлат бомаврид қайд намудаанд, ки рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дар пешистодаи СММ, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин, дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Айни замон, дар ҷаҳони муосир таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз аз рӯз афзун гардида, хатарҳоеро ба монанди тағйирёбии иқлим, мушкилоти демографӣ, амнияти озуқаворӣ, вазъи экологии ҷаҳон ва ғайра ба миён овардааст ва маълум аст, ки бо афзоиш ёфтани ин хатарҳо, ҳеҷ кишваре дар танҳои ба муқобили ин фоҷиаҳо истодагарӣ карда наметавонад, аз ин рӯ, пешгирӣ аз ин хатарҳо бидуни талоши якҷояи кишварҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Ин масъала дар шароити таъсири буҳрони молиявии пандемия (COVID-19) ва нооромиҳои давлати Украина бо назардошти «Амалиёти махсус»-и Федератсияи Россия (аз 22 феврали соли 2022 то ба ҳол) ва яку якбора боло рафтани нархҳо ба маводи сӯзишворӣ ва маҳусулотҳои озуқаварӣ дар баъзе аз давлатҳои дунё, бахусус давлатҳои Ғарб кӯшишу талош ва фаъолияти якҷои давлатҳо ва кишварҳоро ба миён меоварад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои хусусиятҳои глобалӣ дошта дар канор монда наметавонад ва дар ин росто бо ташаббусу ибтикороти худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ баромад намуда, пешниҳодҳои худро ироа менамояд.

Ба гуфтаи коршиносон, интизор меравад, ки дар оянда манбаҳои иловагиизахираҳои об бо сабаби тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо тадриҷан коҳиш ёфта, ба муҳити зист ва вазъи экологию иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфии худро мерасонанд. Тасдиқи он, ки инмасъала ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, дастгирии фаъоли ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ширкати пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мушкилоти об, экология ва рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, рақаму далелҳои дар боло овардашударо таҳлил намуда, роҳҳои асосии пешгирӣ ва ё лоаққал паст намудани сатҳи тағйирёбии иқлимро пешниҳод намудан мумкин аст, ки миёни онҳо ҳолатҳои зеринро метавон ҷудо намуд:

– бо андозае паст намудан («минимизация») ва лоаққал нигоҳдории баландшавии ҳарорат дар кураи Замин;

– кам намудани таъсири харобиовари инсон (таъсири «антропогенӣ») ба муҳити зист;

– нигоҳдории хушкшавии баҳри Арал ва Кули Балхаш дар Осиёи Марказӣ;

– истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ (захираҳои об, замин, атмосфера, олами ҳайвоноту наботот, флора, фауна, гуногунии олами биологӣ ва ғайраҳо);

– ҷорӣ намудани технологияи инноватсионии ба ҳифзи захираҳои обӣ ва энергия («энерго -и ресурсосберагающая технология») мусоидаткунанда;

– амалӣ намудани роҳҳо ва фаъолгардонии ҷалби сармоягузориҳои дохилию берунӣ ба рушди «иқтисоди сабз», бахусус нуктаҳои аз Паёми Пешвои миллат аз таърихи 28 декабри соли 2023 таъкидшуда.

Ҳамин тавр, мо низ дар тасдиқи таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова карда қайд карданӣ ҳастем, ки таҳқиқи ҷанбаҳои экологӣ-иқтисодии захираҳои обӣ – ин омили калидӣ ва меҳварӣ дар самти истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз он ҷумла гидроэнергетика, таъминоти талаботи аҳолӣ бо оби нушокӣ, озуқа ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Зеро, ки имкониятҳои воқеии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии он зиёд мебошанд, аз он ҷумла: зиёда аз нисфи манбаъҳои оби ҳавзаи баҳри Арал аз кӯҳҳои мо сарчашма мегирад, дар ҳудуди ҷумҳурии мо масоҳати зиёди заминҳои лалмии водиҳо, шароити мусоиди табиию иқлимӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, шароити мусоиди табиӣ барои инкишофи туризм, “рекреатсия”, истироҳат ва ғайра мебошад. Ҳамаи ин дар баробари неруи мавҷудаи инсонӣ ва заминаи дахлдори институтсионалию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла “маърифати ҳуқуқӣ”, маданияти истифодаи захираҳои обро аз сатҳи мақомоти давлатию маҳаллӣ, соҳибкорон, созмонҳои ғайридавлатию бахши хусусӣ ва то ҳар як шаҳрванди оддиро, барои саривақт ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиро талаб менамояд.

Дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати оид ба муносибатҳои марбут ба захираҳои обӣ зарурати таъмини рушди устувори иқтисодии худ, истифода ва ҳимояи оқилонаи манбаъҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии марбут ба захираҳои об, ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманд бо давлатҳои ҳамсоя, бехатарии умумии экологӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро ба роҳ мондааст. Ҳамин тавр, таҳияи коркард ва рушди стратегияи муосири тақсимоти байнидавлатии об ва механизми экологӣ-иқтисодии истифодабарии захираҳои обӣ-энергетикӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷумҳурии мо, барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа ва муҳим мебошад, ки тамоми маҷмуи комплексии масъалаҳои истифодабарӣ ва ҳимояи оқилонаи манбаъҳои захираҳои обӣ ба онҳо вобаста мебошад.

Раҳимзода Ҳ.Р.,д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ