(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28-уми декабри соли 2024)
Чун анъана дар низоми пешбурди фаъолияти давлатдории ҷумҳурии мо ҳар охири сол бо иштироки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём ироа мегардад, ки аз муваффақиятҳои соли ҳисоботӣ ва вазифаҳои ҳалталаб барои соли пешомад иттилоотҳои мушаххас пешниҳод карда мешавад.
Чи тавре, ки аз нуктаҳои Паёми имсола бармеояд, ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Аммо мутаасифона, дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад. Аз ин ҷост, ки ба андешаи Пешвои миллат, дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Дар Паёми навбатӣ ба мисли Паёми соли гузашта таъкид карда шуд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад. Аз ин хотир, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Хотиррасон гардид, ки дар ин ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ (иноватсия) асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Яке аз нуктаҳои меҳварӣ дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат -ин ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро таъмин намоянд. Дастур дода шуд, ки дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Ба андешаи Роҳбарии олии давлат, дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои омории ҷумҳурии мо, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Ҷиҳати идома додани ин раванд ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд. Таъкид гардид, ки нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Чи тавре, ки дар Паёми имсола ба мисли Паёми соли қаблӣ таъкид гардид, Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 млрд. 900 млн. сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 млн. сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра азнавсозӣ карда шудаанд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Ба андешаи Пешвои миллат, имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ бештар аз 9 млрд. сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз зиёда аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд. Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст. Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 млрд. доллар), аз ҷумла 12,5 млрд. сомонӣ грант (ё 1 млрд. 150 млрд. доллар) идома доранд. То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 3,8 млрд. сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.
Чи тавре, ки аз нуктаҳои Паёми имсола бармеояд, дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 млрд. ба 53 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат зиёда аз 2040 корхонаи саноатӣ ва74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои навиистеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст. Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Роҳбари олии давлат хотиррасон намудаанд, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на камтар аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода карданитехнологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ намоянд.
Яке аз муҳимтарин аҳамияти Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки аксарияти дастовардҳои макроиқтисодӣ таҳлил ва пешниҳод карда мешавад. Гузашта аз ин ҳангоми таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз «Паём то Паём» мову шумо метавонем ба осонӣ тамоюли рушдро дар бахшҳои мухталифи соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушоҳида намоем. Масалан дар Паёми соли 2023 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 130,0 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар охири соли 2024 ба 150,0 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ба миқдори 20 миллиард сомонӣ нисбати соли гузашта зиёд буда, суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Аз ин ҷост, ки ба андешаи Роҳбари олии давлат, бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд. Моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид. Аз ин ҷост, ки ба андешаи Пешвои миллат, кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Таъкид гардид, ки мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Чи тавре, ки маълум аст, стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви ИДМ (СНГ) аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони ҷавону ояндадори мо дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, ба андешаи Пешвои миллат, ҷумҳурии мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои нав, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамояд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – ҳамчун донишгоҳи рақами як дар асоси таъкидҳои Пешвои миллат оид ба вазъи ҳозира ва рушди ояндаи иқтисоди миллӣ аз «Паём то Паём», бо мутобиқат ба талаботҳои замони пешрафти технологияи рақамӣ ва инноватсия амалисозии ҷанбаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ доштаи Паёмро дар нақша-чорабиниҳои фаъолияти садорати факултетҳо ворид намуда, татбиқи онро дар гурӯҳҳои академӣ байни донишҷӯён таъмин менамояд. Дар байни устодону ҳайати кормандони факултетҳо ва донишҷӯёни равияҳои иқтисодӣ ва гурӯҳҳои академӣ ин масъала пайваста пайгирӣ карда мешавад. Як нукта низ боиси ёдоварӣ ҳаст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги илмию таълимии кишвар ба ҳисоб рафта ҷиҳати амалигардонии сиёсати феълии мамлакат, хусусан пайгирии иҷроиши дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳои солона бар меоянд, ҳамаҷониба кӯшиш менамояд.
Ҳамин тавр, баъди ҳар як Паёми Пешвои миллат раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо масъалаҳои таркибии онро, ки талаби иҷроиш доранд дар шакли нақша-чорабинӣ даврабандӣ карда, шахсони масъулро таъин намуда, иҷроиши сатҳи баланди онро таъмин менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муассисаи илмию таълимӣ мебошад ва мушкилотҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум объекти таҳқиқоти он ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ аксарияти нуктаҳои Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат ба муҳаққиқон ва олимони донишгоҳ робита дорад ва иҷроиши сатҳи баланди онҳоро мо вазифаи на танҳо касбӣ балки шаҳрвандии худ низ медонем.
Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ