Нақшаи дарсҳо ва ихтисосҳои кафедраи ИМ&БИ

Маълумот дар бораи ихтисос 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иқтисоди миллӣ

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иқтисоди миллӣ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007  таҳти № 349 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иқтисоди миллӣ, тибқи Шаҳодатномаи АУ №0000920, аз 08.08.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иқтисоди миллӣ, 30 августи соли 2022 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2022-2023 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

Баъди  азхуд намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иќтисоди миллї дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ – Иқтисодчӣ-менеҷер;

-дараҷаи касбӣ – бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-26 01 03 01 – Танзими давлатии иқтисоди миллӣ.

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси танзими давлатии иқтисоди миллӣ гардидааст, бояд;

– таҳлили  алоқамандии падидаҳои иқтисодӣ ва равандњои иљтимоию иқтисодиро дар сатҳи микро ва макроиқтисодиёт амалӣ намуда тавонад;

– қобилияти аз худ намудани мустақилонаи усулҳои нави таҳқиқот, инкишофи касбияти илмї ва амалии фаъолияти касбии худ;

– бо истифода аз усулњои иқтисодӣ таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти низоми хоҳагии миллиро ба ҷо оварда тавонад;

– қобилияти бо истифода аз манбаъҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ, таҳлили онҳо ва таҳияи баррасии иттилоот ва ё ҳисоботи таҳлилӣ

– тайёр намудани ҳисоботи таҳлилӣ аз рӯи натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда ва омода намудани пешниҳодҳо барои бартараф намудани коҳишёбии ошкоршуда.

Маълумот дар бораи ихтисос 1-25 01 10 27 “Иқтисоди сабз”

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 25 01– Иқтисодиёт ва идора ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007  таҳти № 349 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-25 01 10 27 “Иқтисоди сабз”, тибқи Шаҳодатномаи АУ №0000920, аз 08.08.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-25 01 10 27 “Иқтисоди сабз” 30 августи соли 2022 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2022-2023 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-25 01 10 27 “Иқтисоди сабз”, дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ – Иқтисодчї-менељер;

-дараҷаи касбӣ – бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-25 01 10 27 “Иқтисоди сабз”.