Таърихи таъсис ва бунёдгузорони факултет. Факултети ҳуқуқу иқтисодӣ дар заминаи факултети уқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳанӯз соли: 1954 – таъсис ёфта буд. Аввалин декани ин факултет В.Г.Гранберг буд. Дар соли 1954 кафедраи иқтисодиёти соҳаҳо ташкил гардид, ки дар он се муаллими штатӣ – академик Нарзиқулов И.Қ., дотсент Сангинов К.С., лаборант ва аспирант Вафоев А.Ҷ. (аз соли 1955) кор мекарданд. Аввалин мудири кафедраи мазкур Нарзиқулов И.Қ. буданд (солҳои 1954-1971).
Дар соли хониши 1956-1957 бо шарофати кушишҳои ректор И.Қ. Нарзиқулов дар ҳайати ДДТ ба номи В.И. Ленин факултети иқтисодии ҷудогона бунёд ёфт. Байни солҳои 1960-1970 академик Раҳимов Р.К., дотсент Қурбонов Ҳ.Қ., Дубровин Е.И. низ ба ҳайси мудири аввалин кафедраи факултети иқтисодии навтаъсиси ДДТ ба номи В.И. Ленин кор карданд. Аз соли 1960 кафедраи иқтисоди соҳаҳо ба ду кафедраи мустақил, яъне кафедраи иқдисоди саноат ва кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо тақсим шуд, ки таҳти роҳбарии Назарова Н.С. фаъолият мекарданд. Дере нагузашта кафедраи иқтисоди – кишоварзӣ ва савдо низ ба ду кафедраи мустақил, яъне кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва кафедраи иқтисоди савдо тақсим шуд. Сараввал, мудири кафедраи иқтисоди кишоварзӣ Ҷумаев М.Ҷ. ва баъдтар Севликянс Э.С. буданд. Нахустин мудири кафедраи иқтисоди савдо Назарова Н.С. ва баъдтар дотсент Ҳабибов С. таъин шуданд.
Дар соли 1980 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустақил ҷудо карда шуд:
– факултети баплангирӣ (банақшагирӣ) – иқтисодӣ;
– факултети молиявӣ баҳисобгирӣ.
Дар соли 1991 факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ ба факултети тиҷорату идоракунӣ номгузорӣ шуд. Дар моҳи октябри соли 1985 кафедраи «Системаҳои ахборӣ дар иқдисодиёт» ба ҳайати факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ дохил карда шуд. Бо сабаби пайдоиши самтҳо ва ихтисосҳои нав дар моҳи июни соли 1996 факултет ба худ номи факултети иқтисод ва идораро гирифт.
Факултети иқтисодӣ солҳои 1954-1956 дар бинои марказӣ (бинои 1.) солҳои 1957-1958 дар бинои имрӯзаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вокеъ дар кучаи академикҳо Раҷабовҳо), солҳои 1959-1964 дар бинои 4 –уми таълимии Донишгоҳ (ҳозира кафедраи таёрии ҳарбӣ), солҳои 1966-1972 дар ҳамонвақта бинои 8-уми Донишгоҳ (дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, ҳоло бинои таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ), аз соли 1972 дар бинои ҳозира мактаби русии воқеъ дар кучаи Айнӣ ҷойгир буд. Аз соли хониши 1986-1987 то соли хониши 2005-2006 факултет дар бинои таълимии №9 ДДМТ фаъолият намуда, аз соли 2006 то соли 2020 бинои таълимии №7, воқеъ дар кучаи Лоҳутӣ, 2 ҷойгир буд. Аз соли 2020 то ин ҷониб дар бинои нави таълимӣ №7 воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Буни-ҳисорак ҷойгир шудааст.
Сарварони факултет. Нахустин декани факултети иқтисод Назарова Нина Семеновна (14.01.1919/23.05.1994) буданд. У дар ин вазифа аз моҳи марти соли 1957 то моҳи декабри соли 1958 кор кардааст. Мудири кафедраи иқтисоди савдои ДДТ (1962-1975), ҷонишини декани факултети банақдтгирӣ-иқтисодӣ оид ба илм (1981-1985) низ кор кардааст.
Роҳбарии факултетро дар солҳои 1958-1959 Сангинов Карим Сангинович (18.12.1923/14.09.1989) ба уҳда доштанд. Дар вазифаҳои дотсенти кафедра (1952-1984) ва проректори ДДТ ба номи В.И. Ленин низ кор кардааст.
Дар солҳои 1958-1959 декани факултет доктори илмҳои кишоварзӣ (1973), селексионери советии тоҷик, ходими хизматнишондодаи илмии ҶШС Тоҳикистон (1984) Ҷумъаев Мусо Ҷумъаевич (05.12.1927/ 05.05.1997) буданд.
Дар тули солҳои 1960-1965 декани факултет Акрамов Отаҷон Акрамович (10.04.1929) шуда кор кардаанд. Акрамов О.А. инчунин дар вазифаҳои ассистент ва муаллими калони ДДТ, инчунин (1954-1956), проректори (1966-1969), дотсент ва профессори кафедраи иқтисоди сиёсии ДДТ (1969- 1980), профессори ДДМ ба номи М.В. Ломоносов (1980-1985), ректори Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони илмҳои ҳамъиятии Кобул (1983-1985) кору фаъолият намудаанд.
Солҳои 1965-1967 вазифаи декании факултет ба души дотсент Курбонов Ҳаким Қурбонович (15.06.1927/11.09.2007) гузошта шуда буд. У дар азифаҳои мудири кафедраи омор (1967-1977), декани факултети молиявию иқтисодӣ (1980-1985), дотсенти кафедраи муҳосибот ва омори ДДТ низ (1985-1992) кор кардааст.
Декании факултетро солҳои 1968-1969 Аъзамкулов Ҳотам Аъзамқулович (04.12.1936) ба уада доштанд. Аъзамкулов Ҳ.А. дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи иқтисоди сиёсии ДДТ, котиби кумитаи в партиявии донишгоҳ низ кор кардааст. Яке аз муассисони нахустин Шурои илмӣ оид ба ихтисоси иқтисоди сиёсӣ ва муаллифи курси лексияҳо оиди иқтисоди сиёсӣ бо забони тоҷикӣ мебошад.
Дар солҳои 1969-1975 дар вазифаи декани факултет Охунов Ирит Исмоилович кор кардаанд. Охунов И.И. инчунин дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1959-1961), ҷонишини декан (1966), ҷонишини декан оид ба шуъбаи шабона (1966-1969) низ кор кардааст.
Дар замони роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Назаров Т. Н. (1976-1980) мавқеъ ва робитаҳои ҳамаҷонибаи факултети иқтисодӣ хеле пурзур шуда, ба сатҳу сифати нав ба тараққиёт шуруъ кард. Дар ин давра як зумра устодони факултет рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуда, нерӯи зеҳнии факултет ва донишгоҳро ғанӣ гардонида шуд. Маҳз дар ин давара барои кушодани ихтисосу кафедраҳои нав, заминаҳои илмӣ ва моддӣ муҳайё гардонида шуданд. Бо кушишу роҳнамоии Назаров Т.Н. бо донишгоҳои машҳури шуравӣ ва хориҷӣ робитаҳои мустаҳками илмию педагогӣ барқарор карда шуданд. Назаров Т. Н. инчунин дар вазифаҳон мудири кафедраи молия ва карз (1972-1976), проректори шуъбаи шабона ва ректори ДДТ ба номи В.И. Ленин (1982-1988) низ кор кардааст.
Соли 1980 факултети иқтисодӣ ба ду факултети алоҳида – банақшагирӣ-иқтисодӣ ва молиявӣ-баҳисобгирӣ чудо шуд. Роҳбарии факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ ба души дотсент Бобосодивқова Гулсара Бобоевна вогузошта шуд. Маҳз ба солҳои 80-уми асри гузашта давраи хеле сермаҳсул ва боривоҷи рушду равнақи факултети иқтисодӣ рост меояд. Шумораи ихтисосҳо ва теъдоди донишчуён афзуда, пояи илмӣ-методӣ ва моддӣ-таъминотии ҷараёни таълим хеле мустаҳкам шуд. Дар ин давра шумораи донишчуёни хориҷӣ низ хеле афзуд.
Дар тули солҳои 1996-1998 декани факултет доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Комилов Сироҷиддин Ҷалолиддинович буданд. Дар ин солҳо номгӯи аксари кафедраҳо ва ихтисосҳо бо талаботи замона мувофиқ кунонида шуда, тибқи онҳо барнома ва маводи дигари таълимӣ ба ифшо расиданд. Устодон ва ходимони илмии факултет дар таҳияи барномаҳои ҳукуматии ислоҳот ва рушди иқтисодии мамлакат саҳмгузорӣ карданд.
Таи солҳои 1998-2005 декани факултет доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Таваралӣ Бобоевич буданд. Дар ин давра як қатор устодон рисолаҳои номзадӣ (Қодиров Д.Б., Давлатов X., Исайнов Ҳ.Р., Давлатов Қ.Қ., Шералиев Э.Н., Тағоев Ҷ.Ҳ.) ва докторӣ (Қодиров Д.Б., Одинаев Ҳ.А.) ҳимоя намуданд.
Аз соли 2005 то 2008 роҳбарии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро д.и.и., профессор Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович ба уҳда доштанд. Одинаев Ҳ.А. дар вазифаҳои ассистент (1990—1998), дотсент (1998—2007) ва профессори кафедраи иқтисод ва идораи КАС-и ДМТ (2007 то ҳозир), ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ, тарбиявӣ ва таълимии факултет (1995—2001), сардори раёсати таълими ДМТ (2008—2011), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011—2012), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012) фаъолият намудааст.
Дар таърихи фаъолияти факултети иқтисод ва идора солҳои 2008-2010 н.и.и., дотсент Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбовичсифати декани факултет кор ва фаъолият намудааст. Мирбобоев Р.М. ДДТ ба номи В.И.Ленинро (1977) хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1998), дотсент. Дар донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент (1977), муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1985-1994), муаллими калон (1994-2002) ва дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (2002 то ҳол), мудири шуъбаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (1998-2001), муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба таълим (2001-2004), декани факултети молиявию иқтисодӣ (2006-2008) ва проректори донишгоҳ оид ба таълим (2010-2012), ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2012-2013) фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2013 вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илмро дар уҳда дорад. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ мебошад.
Ҳамин тариқ аз соли 2010 то июли 2013 вазифаи декани факултети иқтисо ва идорараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро Солиев Ашурбой Абдувоҳидович ба уҳда дошт. Солиев А.А. аз моҳи августи соли 2013 то моҳи декабри соли 2013 муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, аз 6-уми декабри соли 2013 ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пешниҳод шуда, фаъолият намудааст. Ашурбой Солиев дар Шабакаи таҳсилотии EdNet (EdNet- Omniversity- ИМА) вокеъ дар шаҳри Душанбе солҳои 2002-2004 таҳсил намудааст. Соли 2007 бо сертификати Магистри иқтисод сарфароз гардонида шудааст. Ашурбой Солиев муаллифи беш аз 50 асарҳои илмию методӣ мебошад.
Масъулияи танзим ва идоракунии фаъолияти минбаъдаи факултети иқтисод ва идораи ДМТ-ро аз 2013 то 2017 д.и.и., профессор Давлатзода Қудратулло Қамбар ба уҳда дошт. Давлатзода Қ.Қ. солҳои 1990—1995 Донишкадаи химикию технологии Қазоқистонро хатм намуда, аз соли 1995 то 1998 дар кафедраи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идораи ДДМТ ба ҳайси ассистент кору фаъолият намудааст. Солҳои 1998—2000 ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия ва аз соли 2000 то 2004 ҳамчун ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи КАС-и факултети иқтисод ва идора фаъолияташро идома додааст. Солҳои 2004—2008 ҳамчун ходими калони илмии ДМТ ва ҳамзамон докторанти Донишгоҳи давлатии Воронежи ФР ба шумор мерафт.
Солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то соли 2012 дар вазифаҳои сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2012—2013 ҳамчун муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмиллро ба уҳда дошт. Аз соли 2017 то январи соли 2018 ба ҳайси ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2018—2020 бошад ба сифати директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, аз 20 ноябри соли 2020 то анӯз ректори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад.
Шуруъ аз солҳои 2017 то соли 2020 декании факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро н.и.и., дотсент Шамсов Илёсҷон Сафаровиҷ ба уҳда доштанд. Илёсҷон Шамсов дар вазифаҳои ассистенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2006), аспиранти рӯзонаи кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2009—2011), муаллими калони кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2011—2013), мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисод ва идораи ДМТ (2013—2017), декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020—2022) фаъолият кардааст.
Ҳамин тариқ тариқ аз соли 2020 то ин ҷониб роҳбарии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро д.и.и., профессор Исайнов Ҳисайн Раҳимович ба зима дорад.
Мушкилот:
Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба истифодаи таҷриба ва тавоноии касбии ҳар як роҳбари дар муассиса фаъолиятдошта, то андоза дар ҳамаи самтҳои фаъолияти факултет пешравию тараққиёт дида мешавад. Дар шароити феълӣ факултет аз битсёр ҷиҳатҳо рушд ва тарақӣ кардааст, ки ин имкониятҳо даро таърихи 10-15 сол қабл дида намешуданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама заҳмату талошҳои роҳбарон ва устодону кормандони факултет баъзан мушкилотҳоро номбар кардан мумкин аст. Табиист, ки мавҷудияти мушкилот дар фаъолият падидаи доимӣ буда, зуҳурёбии он ғайриҷашмдошт ва бо таъсири омилҳои ба вуҷуд меояд. Вобаста ба ин дар фаъолият чунин анмуди мушкилотро тасниф намудан мумкин аст:
1. Дар самти таълим:
– мушкил гардидани раванди ҷалбанмоии довталабон. Зина ба зина дар шуъбаи рӯзона, ғоибона, магистратура ва докторант аз рӯи ихтисос –доктор Ph.D. теъдод кам мегардад;
– бо сабабҳои номаълум баъди курси 2-юм тамоюли интиқолгирӣ ва тарк намудани раванди таълим аз ҷониби баъзан донишҷӯён сурат мегирад;
– раванди фарогирии донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар бисёри ҳолатҳо мутобиқи ихтисос сурат намегирад. Зеро баъзан корхонаҳо бо донишгоҳҳо хоҳиши ҳамкорӣ карданро надоранд.
2. Дар самти илм ва инноватсия:
– кам гардидани теъдоди довталабони бахши докторантура PH.D;
– иштироки ғайриқаноатбахши ҳайати устодон ва донишҷӯёну магистрантон дар озмун ва конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ;
– иштироки ғарикифояи устодон дар коркад ва истифодаи бурсияҳои;
– ғариқаноатбахш будани ҳамгироии илм бо амалия;
– кам будани ҳақи калам ва ҳавасмандиҳои моддӣ ҷиҳати навиштани китобҳои дарсӣ ва монографияҳои илмӣ.