ИҚДОМИ НАВБАТИИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ФАКУЛТЕТ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ДОНИШҶЎЁН БО МАВОДҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

169

САФАРОВ НАВРӮЗ УМАРАЛИЕВИЧ н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идора воситаи таълимии “МАКРОИҚТИСОД”-ро аз чоп бароварданд.

Муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар мувофиқа ба қонуният ва сохтори амалкунандаи иқтисоди миллӣ бо таваҷҷӯҳ ба неруҳои рақобатии иқтисодиёти ҷаҳон воситаи таълимии мазкуррро таҳия, нашр ва пешниҳод намояд.

Ба маълумоти магистрантон, донишҷӯён ва хонандагони ихтиёрӣ расонида мешавад, ки дар воситаи таълимии мазкур навгониҳои илмӣ ва методологӣ бо назардошти беҳтарин таҷрибаи китобнависии муаллифони хориҷӣ истифода шудааст. Аз мутолеа ва азхудкунии моҳияти воситаи таълимии мазкур эҳтимоли калони ташаккулёбии маҳорати кор бо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар назар аст. Вобаста ба ин ва дигар манфиатҳои зеҳнии воситаи мазкур аз хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар мутолеа ва ибрози назар роҷеъ ба ин гуна воситаҳои таълимӣ фаъол бошед.