ИДОМАИ КУРСҲОИ “ЗАН-САРВАР”

23

Имрӯз (10.12.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», даври дуюми курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Дар он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора Низомова Тӯҳфамо Давлатовна, сардорони бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи мамлакат, ҳадафҳои стратегии таъмини босуботи рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, имрӯз таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум гомҳои устувор гузошта истодааст.

Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани ҷавондухтарон ба зинаҳои роҳбарӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.