Ҷадвали дарсии ихтисосҳои кафедраи менеҷмент ва маркетинг
ИХТИСОСИ 1-26 02 02 00 – МЕНЕҶМЕНТ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Менеҷмент» дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти амалии фаъолият намудан дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои гуногун ҳамчун иқтисодчӣ доранд. Хатмкунандагони барнома на танҳо дар машваратҳои иқтисодӣ-идоравӣ, балки дар хидмати давлатӣ, дар муҳити академии байналмилалӣ кор карда метавонанд.
ИХТИСОСИ 1-26 02 02 03 – МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Менеҷменти инноватсионӣ» дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти амалии фаъолият намудан дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои гуногун ҳамчун менеҷер-иқтисодчӣ доранд. Хатмкунандагони барнома на танҳо дар машваратҳои иқтисодию идоравӣ, балки дар хидмати давлатӣ, дар муҳити академии байналмилалӣ кор карда метавонанд.
ИХТИСОСИ 1-26 02 03 00 – «МАРКЕТИНГ»
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Маркетинг» дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти амалии фаъолият намудан дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва маркетинги корхонаҳои гуногун ҳамчун маркетолог-иқтисодчӣ доранд. Хатмкунандагони барнома на танҳо дар машваратҳои иқтисодию маркетингӣ, балки дар соҳаи хидмати давлатӣ, дар муҳити бозорҳои байналмилалӣ кор карда метавонанд.
ИХТИСОСИ 1-260102 – БИЗНЕС-МАЪМУРИЯТЧИГӢ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “Бизнес-маъмуриятчигӣ” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Бизнес-маъмуриятчигӣ яке аз ихтисосҳои серталаб ва васеъ паҳншудаи дар шароити муосир мебошад. Донишҷӯён дар доираи ин ихтисос донишҳои умумиро аз фанҳои иқтисодиёт, менеҷмент, маркетинг, идоракунии корхонаҳо ва идоракунии лоиҳаҳо ва амсоли онро аз худ менамоянд, ки ба онҳо имкон медиҳанд фаъолияти иқтисодӣ ва идоракуниро бомуваффақият пеш баранд. Ҳадафи асосии барнома ин омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳаи идоракунӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт мебошад. Мутахассисоне, ки аз рӯи ихтисоси “Бизнес-маъмуриятчигӣ” тайёр карда мешаванд метавонанд фаъолияти идоракуниро дар соҳаи иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ, бонкдорӣ, тиҷорат, менеҷмент, маркетинг ва ғайра ба роҳ монанд.




