ИЛМУ ДОНИШ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ МАЪНАВИЁТ

49

(Аз ҷараёни таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДМТ)

Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола дар ватани азизамон – Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ – 1-уми сентябр бо тантана гузаронида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи муборак ба ин ё он муассисаи олӣ ва миёнаи кишвар ташриф оварда, роҷеъ ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоии мамлакат – мактабу маориф изҳори назар менамояд. Имрӯз (01.09.2024) Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳро дар бинои навсохти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 таҷлил намуданд. Чун анъана субҳи имрӯз аҳли илму маориф, аз ҷумла ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Пас аз суханронии Пешвои миллат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар ин санаи муборак намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба Донишгоҳ ташриф овард. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Дар зимн аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ректори Донишгоҳ дар суханронии хеш аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тибқи дастури Пешвои муаззами миллат Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда мешавад. Тадбири мазкур аз таваҷҷуҳи вижаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи илму маориф шаҳодат медиҳад.

Абдуллозода М. зимни ироаи номаи табрикотӣ аз бар намудани илму донишро барои донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷа номида, таъкид кард, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд. Зимнан дар робита ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба мактабу маориф ва рушди илму истеҳсолот ибрози андеша намуда, саҳми устодону кормандони Донишгоҳро дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, аз дастовардҳои чашмраси Донишгоҳ, хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ёдовар шуда, ба устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ҷиҳати анҷом додани корҳои назарраси илмию эҷодӣ ва хониши намунавӣ тавсияҳои судманд дод.

Дар интиҳо намояндаи хатмкардаи Донишгоҳ – Давлатзода Шоира ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии Донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми Донишгоҳ – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ Аносир Негматов супорид.

Нишаст бо сухани хотимавии хатмкарда Давлатзода Шоира ва таманниёти неки донишҷӯи курси якум А. Негматов ба охир расид.

Таъкиди ин нукта зарур аст, ки мо аҳли илму маориф бо захираи бузурги зеҳнии худ метавонем ҳамроҳ бо Пешвои муаззами миллат аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии хеш бароем ва барои ояндаи Ватану миллатамон насли сазовору арзанда, дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандӯсту худогоҳ ва ворисону созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия карда ба воя расонем. Яъне, бо таъбири дигар, бо роҳи илму дониш дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳмгузор бошем.