МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР СУХАНРОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

62

Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои навбунёди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Пешвои миллат ҳамаи кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиати Ватанамонро ба ин муносибат самимона табрику таҳният намуд. Бинои мазкур аз 94 утоқи муосиру барҳавои корӣ, 4 толор барои мулоқоту вохӯриҳо, китобхона ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар боми бино панелҳои офтобӣ бо иқтидори 70 киловатт-соат насб шудааст, ки барои пурра бо барқ таъмин намудани бино пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади рушди рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологиву табиатдӯстии сокинони мамлакат дар бинои навбунёд «Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи соҳаи ҳифзи муҳити зист», «Маркази омӯзиши экологӣ барои дӯстдорони табиат» ва «Клуби экожурналистон» бо шароитҳои мусоиди корӣ ташкил карда шудааст.

Ба андешаи Роҳбарияти олии давлат ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологӣ вазифаи муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маҳсуб меёбад. Зеро дар даҳсолаҳои охир бо сабаби истифодаи бенизоми сарватҳои табиӣ, экосистемаҳо таназзул ёфта, идома ёфтани ин ҳолат боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ гардида истодааст. Бинобар ин, Пешвои миллат бомаврид қайд намудаанд, ки ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Дар ин замина танзим ва идора кардани муносибати инсон бо табиат тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ 25 қонуни соҳавӣ ва якчанд санади муҳимми стратегиву барномавӣ қабул шуда, Тоҷикистон ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ гардидааст. Ҳамзамон, ба андешаи Президенти мамлакат Кумитаи ҳифзи муҳити зистро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, ки аз таъсири манфии пайомадҳои он кишвари мо низ истисно нест. Раванди тағйирёбии иқлим минбаъд низ боиси баландшавии ҳарорати ҳаво ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мегардад. Ба андешаи Пешвои миллат, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ду даҳсолаи охир кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки онҳо барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар пойтахти кишварамон чорабиниҳои муҳимми сатҳи баланд доир ба обу иқлим баргузор шуда, дар доираи онҳо қатъномаю қарорҳои дахлдори байналмилалӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 кишвари дунё, роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар ҳуҷҷати асосии конфронси мазкур, яъне Қатъномаи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии Созмони Милал миёни кишварҳои узв паҳн гардид, зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт таъкид шудааст.

Як нуктаро низ метавон қайд намуд, ки ба ин мақсад дар ҳошияи конфронс Бонки Осиёии Рушд ва Фонди «иқлими сабз» барномаи нави минтақавиро таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллари амрикоӣ муаррифӣ намуданд. Қарор аст, ки барнома дар Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ гардад.

Пешвои миллат бомаврид қайд намудаанд, ки тайи панҷ соли охир мо гармшавии шадиди иқлимро мушоҳида мекунем. Тибқи Гузориши шашуми Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлими назди Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 кишвари мо ба афзоиши хушксолӣ, ноустувории захираҳои обӣ, зиёд шудани обхезӣ ва тӯфонҳои чангу ғубор рӯ ба рӯ мегардад. Ба андешаи Президенти кишвар, тавре аз пешгӯйиҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ бармеояд, то соли 2050 ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба шароити ҷуғрофӣ метавонад аз 0,8 то 6,2 дараҷа баланд гардад.

Инчунин, ноустувории боришот низ пешгӯӣ шуда, вобаста ба минтақаҳо дар давоми сол метавонад аз меъёр 27 фоиз кам ё то 24 фоиз афзоиш ёбад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмини устувории иқтисоди миллӣ ба таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим соли 2019 «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030» ва соли 2025 Нақшаи амали онро барои давраи солҳои 2025-2027 қабул намуд.

Зимни суханрониашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад.

Соли 2024 кишвари мо ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил гардид, ки он ба ҷалби бештари маблағҳои грантии фондҳои байналмилалии экологӣ мусоидат менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз 420 ҳазор гектар ба 3,1 миллион гектар расонида шуд. Ин 22 фоизи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад, ки дар миқёси минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беназир аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ба мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода мешавад, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Ҳоло дар низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 3 мамнуъгоҳ, 1 резервати биосферӣ, 4 парки табиӣ, 13 парваришгоҳ фаъолият дорад, ки аз онҳо Парки миллии Тоҷикистон (бо масоҳати 2,6 миллион гектар) ва Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» (бо масоҳати 49,7 ҳазор гектар) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шудаанд. Дар робита ба ин, ба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии «Ромит» ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд.

Ба андешаи Президенти мамлакат, бахши сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисод ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки дар минтақаҳои дурдаст инфрасохтори маҳаллӣ, аз ҷумла роҳҳо, маҳалҳои зист ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ рушд ёбад. Рушди сайёҳии экологӣ, ҳамчунин, метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи табиат, мероси фарҳангӣ ва дар айни замон, боз ҳам беҳтар гардидани обрӯ ва симои кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои таҳияи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Роҳбарияти олии давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаврид қайд намудаанд, ки ҳоло кишвари мо дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таъмин намудани шаффофияти фаъолияти онҳо қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин замина имрӯз Маркази рақамикунонии соҳаи ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Барои рушди ин низом зарур аст, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад.

Ба андешаи Президенти кишвар, дар Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ, яъне аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ҳиссаи партови газҳои гулхонаӣ кишвари мо дар ҷаҳон бо нишондиҳандаи пасттарин дар ҷойи 130-юм қарор дорад. Бо амалисозии нақшаву барномаҳои миллӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки гарчанде дар самти ҳифзи муҳити зист солҳои охир корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале ҳоло ҳам баъзе мушкилоти экологӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» андешидани чораҳои иловагӣ зарур аст. Тибқи нақшаи амали барномаи мазкур дар се соли аввал дар масоҳати 2180 гектар ниҳолхонаҳо ташкил ва шинонидану парвариши 2 миллиард бех дарахту буттаҳо дар давраи то соли 2040 таъмин карда меша-вад. Дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби риоя нагардидани технологияи шинонидани ниҳолҳо, интихоби нодурусти қитъаҳои замин ва ба иқлими маҳал мутобиқ набудани ниҳолҳо ҳамасола хушкшавии ниҳолҳои шинонидашуда ба назар мерасад. Тибқи маълумот соли 2025 дар доираи татбиқи барнома аз ҷониби вазорату идораҳо, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 3 миллиону 100 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат қайд намудаанд, ки зарур аст, ки ҷараёни корҳои кабудизоркунии кишвар зери назорати қатъӣ ва мониторинги татбиқи барнома бо усулҳои муосир ва рақамӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.

Чи тавре, ки маълум аст, солҳои охир афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, вусъатёбии сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боиси афзудани намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Вобаста ба ин, ба андешаи Пешвои миллат, танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвар механизми идоракунии маҷмӯии партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва сохтмонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, то имконияти ташаккул додани низоми самараноки муносибатҳо тавассути рушди ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби бахши хусусӣ ва ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишвар ҳамасола зиёда аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва масоҳати умумии партовгоҳҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Вале ба андешаи Президенти кишвар, имрӯз дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад. Бинобар ин, ташкил кардани корхонаҳои коркарди партовҳо дар ҳудуди партовгоҳҳои амалкунанда метавонад масоҳати ҷойгиронӣ ва ҳаҷми партовҳоро дар муҳити зист коҳиш диҳад.

Ҳамин тавр, мо низ дар партави суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданӣ ҳастем, ки табиати нотакрори Тоҷикистон, обҳои зулол, чашмаҳои ширину шифобахш, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ҷаҳон камназир мебошанд. Мо бояд бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намуда, нақши худро дар тозаву озода нигоҳ доштани табиати нотакрори кишварамон гузорем, ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда боқӣ гузорем. Амалисозии ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ, аз он ҷумла истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таблиғи маърифати экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз роҳбарият ва мутахассисони соҳа, шахсони юридикию физикӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва сокини пойтахти азизамон вобастагии калон дорад.

Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идораи ДМТ