НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲОИ ОБ: ҶАНБАҲОИ МИЛЛИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

99

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз 11-уми июни соли 2024, шаҳри Душанбе)

11 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байнал-милалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Роҳбари олии давлат қайд намудаанд, ки боиси қаноатмандист, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.

Чи тавре, ки маълум аст, моҳи марти соли 2023 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд гардид, ки он дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи навро боз кард. Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард.

Пешвои миллат бо маврид қайд намудаанд, ки мо ҳама дастҷамъона тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим ва рӯзмарра муттаҳид созем. Вале хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд. Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем. Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шуда ва соли 2024 низ чунин гармиҳои гайричамдоштро инти-зор шудан мумкин аст ва ҳатто дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои рекордӣ хоҳем шуд.

Қайд кардан бомаврид ҳаст, ки ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Мувофиқи мушоҳидаҳо дар давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои соли равон дар минтақаҳои гуногуни олам, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба иқтисоди як қатор кишварҳои дунё садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд.

Ба андешаи Пешвои миллат, агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал – Захираҳои об” мо амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд намоем, то ба ин ҳадаф бирасем. Дар ин замина, моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милал гирифтаамон, барои амалу иқдомҳои наву таъсирбахш кӯшиш намоем. Маҳз ба ин хотир, мо пайгирии натиҷаҳои Конфронси Ню Йорк ва гирифтани уҳдадориҳои навро дар меҳвари рӯзномаи Конфронси Душанбе қарор додем. Зикр бояд кард, ки истифодаи “Раванди оби Душанбе” ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милал яке аз уҳдадориҳои мо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об аст ва мо омодагии хешро барои тавсеаи минбаъдаи ин раванд изҳор менамоем.

Роҳбарии олии давлат бо рақаму далелҳои асоснокшуда такя намуда, аз он ҷумла қайд кардаанд, ки аз Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим дар Глазго дар соли 2021 ва баъдан дар Шарм-уш-Шайх ва Дубай сар карда, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии шарик барои тақ-вияти мавзӯи об дар рӯзномаи иқлим фаъолона талош меварзад. Бовар дорем, ки дар ин ҷода соли равон дар чаҳорчӯби Саммити навбатии иқлим дар Боку ба натиҷаҳои муассир ноил мегардем. Ҳамзамон ба андешаи Пешвои миллат, “Раванди оби Душанбе” ҳамчун майдони муко-ламаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим хоҳад бозид. Инчунин, имкониятоҳи ин платформа, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2026 метавонанд истифода шаванд.

Чи тавре, ки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи миллӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об “Барномаи ислоҳоти соҳаи обро барои солҳои 2016-2025” амалӣ карда истодааст. Таҳияи “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032”, инчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об аз иқдомҳои муҳимми кишвари мо дар ин самт маҳсуб меёбанд. Барномаву стратегияҳои дар ҷумҳурии мо қабулшуда дар ин самт масъа-лаҳои вобаста ба беҳбуди маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёрӣ, аз он ҷумла қатрагӣ, боронӣ, зерихокӣ ва ғайраро низ дар бар мегиранд.

Пешвои миллат, дар ин конфронси сатҳи баланд аз он ҷумла қайд намудаанд, ки мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ ва меҳварӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад. Мо тас-мим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100 фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергетикаи сабз” ба роҳ монем. То соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи неруи таҷдидшаванда, мо “Барномаи кабудизоркунии табиати кишварро то соли 2040” қабул намудем, ки тибқи он дар ин давра бояд зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонида шавад.

Ба андешаи Роҳбарии олии давлат, ҷаҳони имрӯза зери таъсири буҳронҳои шадид қарор дорад. Дар баробари таҳдидҳои маъмул, бо шумули тағйирёбии иқлим, тайи солҳои охир мо, мутаассифона, шоҳиди хавфу хатарҳои нав мегардем, ки таваҷҷуҳи дучанди ҷомеаи ҷаҳониро аз ҷумла ба масъалаҳои мубрами об, тақозо менамоянд. Таъсири манфии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, дар мадди аввал ба манбаъҳои обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, таъкиди возеҳи ин гуфтаҳост. Инчунин захираҳои обӣ на танҳо захира барои нӯшидан, ҳамчунин он барои тавлиди нерӯи барқ, истеҳсоли озуқа, рушди саноат, устувории муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳим нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон ӯ қайд намудаанд, ки дар шаҳри Ню-Йорк мо вобаста ба нақши муҳимми об дар таъмини саломатӣ, рушди устувор, тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди ҳамкориҳо ва иқдомҳои минбаъда дар доираи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” 5 муколамаи интерактивии созанда баргузор намуда, дар чорчӯби онҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Ҷиҳати тақвияти ин дастовардҳо ва идомаи муколамаҳои созанда барномаи Конфронси Душанбе мутобиқ ба барномаи Конфронси оби соли 2023 низ таҳия гардид. Ба ин мақсад аз кишварҳои ҳамраиси муколамаҳои Ню-Йорк даъват карда шуд, ки дар баррасии мавзуъҳои дахлдор боз ҳам пешсаф бошанд. Инчунин дар оянда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ҳар як ҳамоиши об дар Душанбе ба ҷамъомади идона табдил ёфта, зеро ки об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст. Онро бояд оқилона ва сарфакорона истифода барем, қадр намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем. Умуман, соли 2024 метавонад соли арҷгузории шоиста ба захираҳои об гардад.

Ҳамзамон, конфронси Душанбе, Форуми оби Бали, Саммити оянда дар Ню-Йорк, ҳафтаҳои ҷаҳонии об дар Сингапур, Қоҳира, Стокголм ҳамчун занҷираи ягона метавонанд дар ин раванд саҳми муносиб гузоранд. Дар ин замина, мо интизори он ҳастем, ки мавзӯи об дар рӯзномаи дигар чорабиниҳои ҷаҳонӣ, махсусан конфронсҳои ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим дар Озарбойҷон ва ҷонибҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия мавқеи боз ҳам қавӣ касб хоҳад кард. Ҳамаи ин чорабиниҳо, дар навбати худ, метавонанд барои баргузории муваффақона ва натиҷабахши Конфронс-ҳои оби Созмони Милал дар солҳои 2026 ва 2028 ва дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи хуб гузоранд.

Пешвои миллаттаваҷҷуҳи иштирокчиёни конфренсияро ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд низ ҷалб намудаанд. Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баръало мушоҳида мегардад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст. Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст. Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси мо оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумӣ, аз соли ҷорӣ сар карда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат қайд намудаанд, ки дар робита ба ин, зикр карданиам, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо», саҳми молиявии худро гузошт. Мо аз кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки дар таҳкими имкониятҳои молиявии фонди мазкур саҳмгузор бошанд.

Чи тавре, ки маълум аст, тибқи қатъномаи зикргардида, Тоҷикистон соли оянда мизбони ҳамоиши аввалин чорабинии бузурги байналми-лалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб, Роҳбарии олии давлат ҳамагонро барои иштироку саҳмгузорӣ дар он даъват намудаанд. Инчунин ӯ қайд намудаанд, ки ба мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милалро оид ба эълони «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» низ пешниҳод намоем. Бовар дорам, ки ин иқдоми мо аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон дастгирии ҳамаҷониба хоҳад ёфт.

Ҳамин тавр, мо низ дар тақвияти гуфтаҳои Пешвои миллат қайд карданӣ ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз он ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилотҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзуи захираҳои об, истифодаи самаранок ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст. Пуштибонии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъоли кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи баналмилалӣ мебошад. Дар ин радиф, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, қобили таъкиди махсус аст. Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза дар ҳалли мушкилоти вбаста ба обу иқлим саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт. Ҳамзамон, қайд карданӣ ҳастем, ки фаъолияти кишвари ҷавону ояндадори мо дар масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об дар рӯзнмаи глобалии иқлим нуктаи меҳварӣ ва калидии мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Раҳимзода Ҳисайн Раҳим,д.и.и., профессор, деканифакултети иқтисод ва идораи ДМТ