НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ДАР АМАЛИГАРДОНИИ САМТҲОИ АВЛАВИЯТДОШТАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

69

(Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Чи тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон қайд менамоянд, ҳолати кунунии рушди иқтисоди миллӣ ва дурнамои он, ташаккули тафаккури иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ҳамеша дар мадди назари давлат буд, ҳаст ва ҳоҳад монд. Ба ақидаи Роҳбари олии давлат, мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои илмию техникии ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом додааст ва кадом мушкилотҳое ҳоло арзи вуҷуд доранд, ки то ҳоло садди роҳи амалисозии самтҳои авлавиятдоштаи рушди иқтисоди миллӣ мегарданд.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми навбатӣ аз таърихи 28 декабри соли 2023 таъкид карда буданд, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин ҷост, ки бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, бояд мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардошта шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд рушди иқтисодии худро ҳифз карда тавонанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Пешвои миллат дуруст қайд намудаанд, ки танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем. Дар солҳои минбаъда бошад, бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, бештар аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд намудем ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ зиёда аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Дар самти фаъолияти бонкию бонкдорӣ Пешвои миллат бомаврид қайд менамоянд, ки агар аз ҷониби низоми бонкии кишвар соли 1991 ба муштариён ҳамагӣ 2,2 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, пас соли 2023 ин нишондиҳанда қариб 19 миллиард сомонӣ ва танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 6,6 миллиард сомониро ташкил додааст. Агар соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 20,4 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 219 баробар афзоиш ёфтааст.

Таъмини амнияти озуқавориро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ муаррифӣ гардидааст таҳлил намуда, Роҳбари олии давлат қайд менамояд, ки чӣ тавре ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки солҳои вазнини 90-уми асри гузашта мо бо мақсади пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ба мардум тақсим карда додем (хотиррасон менамоем, ки 50 ҳазор гектар соли 1995ва иловатан 25 ҳазор гектар соли 1997 ба мардуми кишвар тақсим карда шуд). Ин қитъаҳои замин, ки номи «замини президентӣ»-ро гирифтанд, дар пешгирӣ намудани хатари гуруснагӣ воқеан нақши калидиро иҷро намудаанд.

Дар даврони истиқлол дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда истодааст. Дар шароити кунунӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба қисми таркибии амнияти миллӣ табдил ёфта, барои таъмини он истифодаи роҳу василаҳои илмиву инноватсионӣ зарур мебошад.

Ин масъала яке аз вазифаҳои асосии Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки ба ақидаи Пешвои миллат Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор аст, ки барои ноил гардидан ба пешравӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Чи тавре, ки аз вохӯрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, аз 30 майи соли ҷорӣ бармеояд, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд. Аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир – 1», «Тоҷикистон» ва Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуда, неругоҳи «Сарбанд» пурра таҷдид гардид. Илова бар ин, корҳои таҷдиду барқарорсозии пурраи неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум», инчунин, бунёди неругоҳи «Себзор» бомаром идома дорад. Дар маҷмуъ, дар давраи таҳлилшаванда, бештар аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд. Истеҳсоли неруи барқ бошад, аз 17,6 миллиард киловатт-соат дар соли 1991 ба 21,8 миллиард киловатт-соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт.

Дар самти рушди саноати кишвар Роҳбари олии давлат, қайд менамоянд, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, амали-созии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Ба андешаи Пешвои миллат, фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Аз ин ҷост, ки маҳз илму маориф метавонад, асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат гардад. Боварӣ аст, ки олимон чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Роҳбари олии давлат, саривақтӣ таъкид намудаанд, ки маҳз олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Ба ақидаи Президенти кишвар, иҷрои ин корҳо вазифаи танҳо Ҳукумат нест, балки дар ин раванд олимону зиёиёни кишвар низ бояд пешсаф бошанд. Маҳз, истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шуд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намудаанд. Азбаски дар сатҳи Замин зиёда аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд аст ва ҳудуди 145 давлат (қаламрави 21 кишвар) пурра дар чунин ҳавзаҳо воқеъ гардидаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ диққати махсус зоҳир карда, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об пешниҳод намуданд. 21 декабри соли 2016 бошад, зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо иштироки зиёда 150 кишвари аъзои он ташаббуси муҳими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид. Ҳамзамон чи тавре маълум аст, бо қарори Маҷмаи Умумии СММ (14 декабри соли 2022) ва пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардид, ки далели равшани гуфтаҳои болост. Гузашта аз ин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе бахшида ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад ва дар назар аст, ки масьалаи калидӣ дар ин намоиши сатҳи ҷаҳонӣ – ин натиҷагирӣ аз вазъи фонди минтақавӣ таъсисгардида оиди ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки метавонад дастгирии ҳамаҷонибаро чи дар сатҳи локалӣ (дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа) ва чи дар сатҳи глобалӣ (байналмилалӣ) пайдо намояд.

Зимни суханрониашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси оби СММ-2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷараён дошт, таъкид доштанд, ки Конфронси дуюми СММ оид ба масъалаҳои об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим – мушкилоти истифодаи захираҳои об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла озуқа, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид. Президенти кишвар аз он ҷумла қайд намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд, ки ҳамчун мизбонони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо шарикони рушд ҳамкории хуб доштанд, дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ шарикони воқеӣ гардиданд ва гардиши пурраи обро аз сарчашмаи он то баҳр муаррифӣ намудаанд. Ҳамзамон, роҳбари давлат бомаврид қайд намудаанд, ки рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дар пешистодаи СММ, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Чи тавре, ки дар вохӯрии Пешвои миллат ба аҳли илм ва маориф қайд гардид, новобаста аз муваффақиятҳои ба дастомада ва дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.

Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, ба андешаи Роҳбари олии давлат, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Ҳамзамон ӯ бомаврид қайд намудаанд, ки бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Дар маҷмуъ, дар вохӯриҳои роҳбарии олии давлат бо аҳли зиё рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ёдрас гардид, ки ба андешаи Роҳбарии олии давлат бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Пешвои миллат қайд намудаанд, ки соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар таъкид карда будам, ки самту равияҳои авлавиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд. Ҳамзамон набояд фаромӯш сохт, ки дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд. Аз ҷумла саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Аз ин ҷост, ки устодон ва олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – ҳамчун яке аз донишгоҳи бонуфузи ҷумҳурӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар самти тайёр кардани мутахассисон ва ихтироъкорони оянда, аз он ҷумла самтҳои ташаккул ва амалигардонии «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ» ихтироот ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Масалан, бо мақсади муаррифӣ намудан ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» дар базаи кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли панҷум аст, ки ихтисоси 25011027 – «Иқтисоди сабз» амал намуда, донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ҳамин сол аввалин мутахассисон зинаи бакалаври ихтисоси мазкурро хатм намудаанд. Як нуктаро низ бояд қайд намоем, ки дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2024 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи номинатсия (равияҳо)-и гуногун соҳиби 12 ҷои ифтихорӣ аз он ҷумла 3 – ҷойи якум, 4 – ҷойи дуюм ва 5 – ҷойи сеюм гардидаанд, ки ин як бори дигар аз заҳмату кӯшиши олимони донишгоҳ, обрӯю эътибор ва саҳми донишгоҳи миллӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тавр, мо низ дар тақвияти таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова карда қайд карданӣ ҳастем, ки тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии иқтисодчии нотакрор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83,0 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шавад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД арзиши молу хизматҳои дар дохили кишвар истеҳсолшуда) агар дар соли 2010 24,7 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2014 он ба 45,6 млрд. сомонӣ ва дар 2015 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, рушди он ба 6 % баробар шуд. Айни ҳол бошад, ин нишондиҳанда ба 130 млрд. сомонӣ расида, рушди солонаи он 7,5-8,0 %-ро ташкил медиҳад, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои назаррас на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои ИДМ мебошад. Ҳатто, дар давраи солҳои 2014-2016 новобаста аз тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва вазъи сиёсӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, таъсири Пандемия (СОVID-19), инчунин паст гардидани нархи молҳои асосии содиротӣ (алюминий ва нахи пахта) дар бозори ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2015-2020, афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз устувории иқтисодиёти давлат гувоҳӣ медиҳад.

Дар маҷмуъ, ба андешаи Пешвои миллат, таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои авлавиятдоштаи рушди иқтисоди миллӣ дар асоси ҷоннок намудани таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд. Вале ба ҳамаи нигоҳ накарда боварӣ дорем, ки мо олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиён бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаамон дар амалигардонии самтҳои авлавиятдоштаи иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлат саҳми бештар мегузорем ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди худ иҷро менамоем.

Раҳимзода Ҳ.Р., д.и.и., профессор, декани факултетииқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон