Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз амалҳои террористию экстремистӣ бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва идора дар факултет нишасти судманд доир гардид. Дар нишаст Исайнов Ҳ.Р. – д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идора, Аҳмадзода Ф. –намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Ф. – Роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авонгпрд»-и ВКД, Билолов Н.Қ. – муовини декан оид ба тарбия, инчунин, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок доштанд.
Зимни нишаст таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар терроризму экстроризм ва ҷинояту ҷинояткориро яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа, унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Аз ин рӯз, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб кори бисёр муҳим буда, ҳамкорӣ намудан ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ зарур мебошад.