ОМӮЗГОР — ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ҶОМЕЪА

73

Рӯзи омӯзгор яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ба омӯзгорон – ҳамчун роҳнамоёни маърифат ва тарбиятгарони насли оянда бахшида шудааст. Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ин ҷашн ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хоса дар рӯзи шанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин рӯз, ҳамчун рамзи эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои пурмасъулияти омӯзгорон ба ҳисоб меравад.

Дар сатҳи байналмилалӣ низ Рӯзи омӯзгор ҳамчун ҷашни муҳим пазируфта шуда, дар кишварҳои мухталиф санаҳои гуногун таҷлил мегардад. Хотиррасон менамоем, ки бо таври расмӣ, рӯзи байналмилалии омӯзгор санаи 5 октябри соли 1994 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Бевосита интихоб шудани ин рӯз бо қабул шудани «Тавсиянома оид ба вазъи омӯзгорон» буда, ҳамчун санади муҳимтарин дар таърихи ҷаҳонӣ, ки мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва шароити кори омӯзгоронро танзим мекунад, аз аҳамияти холӣ нест.

Бо баробари ба забон овардани номи омӯзгор дар пеши чашми ҳар кас – устод, шахси соҳибэҳтиром ва наҷибе оварда мешавад, ки тамоми умри бобаракати худро бо ин касби пурифтихор, пуршараф ва ба илму маърифат равонашуда мебахшад. Аз ин ҷост, ки дар ҳама давру замон омӯзгор мавқеъи баланд ва нақши муассир дар ташаккули тафаккури ҷомеа дорад. Ӯ сарчашмаи дониш, ахлоқ ва фарҳанг аст, ки дар масири таълиму тарбия насли ояндасозро роҳнамоӣ мекунад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол омӯзгор на танҳо як касб, балки як шахсияти муҳимми фарҳангӣ-маърифатӣ ва сиёсати иҷтимоии давлат эътироф гардидааст.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло рафта, шароити мусоиди корӣ ва рушду такомули касбӣ барои ин табақаи арзандаи ҷомеа фароҳам гардидааст. Ба андешаи Пешвои миллат, омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд ва аз ин ҷост, ки эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва ҷомеа аст.

Чи тавре, ки Президенти кишвар дар вохӯриашон бо аҳли маориф дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар таърихи 30-юми августи соли ҷорӣ қайд намудаанд: «Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд». Чи тавре, ки маълум аст, ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парлумони кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун метавонад марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ намояд.

Дар китобе хонда будам, ки беҳтарин устодон онҳо ҳастанд, ки дар завқи шогирдон хоҳиши илмомӯзиро бедор карда, онҳоро бо роҳи рост ҳидоят намуда, шоҳроҳи илму донишро нишон бидиҳад ва шогирдон дарк намояд, ки илм шаҳди бетакрор аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсан ман чизе, ки дар зиндагӣ ёфтам, маҳз бо воситаи дониш, омӯхтани илм ва онро дар таҷриба амалӣ намудан, ба даст овардаам. Ман ҳамчун шогирд аз он рӯзҳо сар карда то ба имрӯз, яъне аз давраи таҳсил дар мактаби миёна, даврони донишҷӯӣ, таҳсил дар шуъбаи аспирантураю докторантура дар хориҷи кишвар, то ба давраи омӯзгорӣ аз устодон ва муаллимони худ дарси илму дониш, одаму одамгарӣ, одобу ахлоқи ҳамида, меҳру муҳаббат ба Ватан, Донишгоҳ, падару модар, эҳтиром нисбати калонсолону қадру қиммати инсониро омӯхтаам.

Дар маҷмуъ, агар дар ҳаққи омӯзгор соатҳои дароз суханҳо гӯем, кам аст, зеро ки ин табақаи ҷомеъа шахсони бениҳоят ҳимматбаланду серғайрат, тарбиятгар ва роҳнамои ҳар як инсон ба оянда мебошад. Чуноне, ки зиндагӣ худ нишон медиҳад омӯзгор, пеш аз ҳама, бо муносибат, рафтор, маҳорат, малака ва истеъдоди омӯзгориашон ба қалбу дидаи шогирдон роҳ ёфтааст.

Азбаски мо имрӯзҳо дар арафаи таҷлили рӯзи омӯзгор қарор дорем, аз ин хотир, аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми омӯзгорон ва устодон, аз он ҷумла устодони донишгоҳи азизамонро ба муносибати рӯзи омӯзгор таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо бурдбориҳо, беҳтарин хушиҳои зиндагӣ, муваффақият дар кору фаъолияташон ва аз ҳама муҳим саломатии устуворро таманно дорам. Ман фикр мекунам, барои ҳар як инсон, аз ҳама асос, аз ҳама қиммат – ин саломатӣ ва умри пурбарак мебошад, зеро ки дигар омилҳо, ин омилҳои дуюминдараҷаю сеюминдараҷа мебошанд. Дар охир мехостем, ин мисраъҳои шеъриро баҳри омӯзгор ва устодони азизу гиромиқадр бахшам:

Устод набошад, ту чӣ донӣ қаламаш чӣ,

Устод набошад, ту чӣ донӣ рақамаш чӣ.

Устод набошад, ту чӣ донӣ суханаш чӣ,

Бар қайди ҳаёт омадану рафтанаш чӣ.

Раҳимзода Ҳисайн Раҳим,д.и.и., профессор, мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқисод ва идораи ДМТ