ПЕШБУРДИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

39

Бо мақсади пешбурди тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбиявии Донишгоҳи миллӣ бо иштироки васеъи донишҷӯёну кормандон рӯзҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин навбат чунин машқҳо бо иштироки устодону кормандони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ гузаронида шуд. Таъкид менамоем, ки чунин мақшҳои пагоҳирӯзӣ ҷиҳати солимии ҷисмиву руҳии кормандону устодон ва донишҷӯён мусоидат менамояд.