Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳангоми суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» таъкид намуданд, ки «Муаррифии захираву имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузориҳо, омодагии кишвар барои ҳамкорӣ ва фанновариву ғояҳои нав, инчунин, тасмими Ҳукумати мамлакат барои идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат шароити мусоид фароҳам меоваранд, ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза мебошад».
Бояд гуфт, ки дар маркази таваҷҷуҳи Форуми Душанбе сармоягузориҳои «сабз» қарор дошт, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд.
Маҳз ба ин хотир, Форум зери унвони «Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» баргузор карда мешавад.
Ин Форум имконияти мусоидеро ҷиҳати муколама, мубодилаи дониш ва таҳияи стратегияҳо дар самти рушди сармоягузориҳои «сабз», ки воситаи асосӣ барои расидан ба ояндаи устувор маҳсуб меёбад, фароҳам меоварад.
Ҳамчунин, Форум ҷиҳати таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, муаррифии иқтидори сармоягузории минтақа ва фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои оянда дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиатҳои мутақобила платформаи муҳимро муҳайё месозад.
Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки Роҳи бузурги абрешим тавассути ҳудуди Тоҷикистони муосир гузашта, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ, балки робитаҳои фарҳангиро низ таҳким бахшида, ба рушди илму ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мусоидат кардааст.
Мавқеи ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари байни минтақаҳо ва қитъаҳо долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ таъсис дода шавад, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро ба ҳам меорад.
Чунин шароит ба сармоягузорон имкон медиҳад, ки ба минтақаҳои босуръат рушдёбанда, роҳҳои нави тиҷорат ва шарикии стратегӣ ҳамчун самти калидии рушд барои муттаҳидсозии манфиати ҳукуматҳо, корхонаҳо ва ҷомеа фаъолият намоянд. Айни замон давлати мо дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии кишвар дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардидааст. Соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 млрд доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 млрд доллар сармояи ватанӣ ворид гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 млрд доллар дар самтҳои мухталифи иқтисоди кишвар мавриди амалишавӣ қарор доранд. Ҷиҳати самаранок истифода намудани сармояҳо соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар кишвар барои давраи то соли 2037 қабул карда шуд. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои бузургро барои татбиқи лоиҳаҳои азим дар соҳаи энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ доро мебошад. Дар маҷмуъ, иқтидори солонаи нерӯи барқи обии кишвар тақрибан 527 млрд киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ 5 фоизи он мавриди истифода қарор мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои «сабз»-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони «Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» баргузор карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000-ро, ки шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, татбиқ намуда истодааст. Дар заминаи ин Ҳукумати кишвар раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз намуд.
Бо дарназардошти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои нав талабот ба неруи барқ низ зиёд мегардад. Бинобар ин, Ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба соҳаи «энергетикаи сабз» талош намудаистодааст.
Дар айни замон Тоҷикистон бо Узбекистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ҳамкориро ба роҳ монда, дар ин росто, корҳои лоиҳакаширо анҷом дода истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳимми стратегӣ, ки дар «гузариши сабз»-и иқтисоди ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, таваҷҷуҳи махсус медиҳем. Сармоягузороне, ки дар ин бахш фаъолият мекунанд, имкон доранд на танҳо лоиҳаҳои миқёсан бузурги дорои арзиши баланди иловагиро амалӣ созанд, балки дар гузариш ба «иқтисоди сабз» дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми воқеӣ гузоранд ва ҳамзамон бо ин, нуфуз ва ҳузури стратегии худро дар бозори ҷаҳонӣ таҳким бахшанд.
Неруи барқи «сабз» ва дастрас, инчунин, талаботи афзояндаи ҷаҳонӣ ба ин захираҳо ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро махсус умедбахш ва манфиатовар месозад.
Дар заминаи ин тадбирҳо айни замон дар кишвар ба рушди зеҳни сунъӣ низ афзалият дода мешавад. Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ якдилона қабул гардид.
Дар соли 2025, ҳамчунин «Дар бораи сармоя ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорӣ» ва Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул гардид, ки заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам оварда, соҳаҳои афзалиятнокро барои сармоягузорон муайян ва кафолати ҳифзи сармоягузорон таъмин менамоянд.
Ҳамин тавр, дар меҳвари Форуми Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисоди сабз қарор дошт, ки барои кишвар паёмади хубе дорад. Маҳз имконият ва заминаҳои мавҷудаи рушди ин самти иқтисод дар ояндаи наздик Тоҷикистонро ба кишвари интиқолдиҳандаи неруи барқ табдил медиҳад.
Абдураҳмонзода Фаррух – н.и.и., дотсент,декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ