Шурои илмӣ-методӣ

Фаъолияти Шурои илмию методӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишгоҳ, қарори Шӯрои олимон, фармоишу дастурҳои ректори Донишгоҳ ва Шурои олимони факултет ҷиҳати беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, чопи бештари адабиёти таълимӣ, танзими раванди чараёни дарсҳои гуруҳҳои академӣ, дарёфти роҳҳо ва усулҳои инноватсионии таълим, инчунин истифодаи технологияи пешқадам дар ҷараёни таълим ба роҳ монда мешавад.

Вазифа ва салоҳиятҳои Шурои илмию методии факултет инҳоянд: ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони кафедрањо, таҳияю такмили барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ), таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим дар кафедрањои марбутаи факултет; таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим; омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, пешаздипломии донишҷӯёну магистрантҳо; тањияи нақшаи кории Шурои илмию методии факултет ва  ғ.

Дар ҳайати Шуро дотсенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ (раис), муовини декан оид ба таълим, муовини декан оид ба илм ва робитањои байналмилалӣ, мудирони кафедраҳо, устодони собиқадори факултет ва котиби Шурои илмию методӣ дохил мебошанд.