ТАҲАВВУЛОТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

31

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои давраи муосири давлатдории тоҷикон яке аз анъанаҳои фараҳбахш дониста шуда, ҳамасола ҷамъият, соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сохтору мақомотҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ироаи онро бо як тараннуми хоса бесаброна интизорӣ мекашанд. Хушбахтона дар паём ҳамаи паҳлӯҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас ироа гардида, афзоиши нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат баррасӣ, таҳлил ва натиҷагирӣ карда мешавад.

Анъана гардидааст, ки дар Паёми Сарвари давлат ҳамасола самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо назардошти давра ба давра пурпечутоб гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани рақобати иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ масъалагузорӣ карда шуда, мунтазам муваффақиятҳои устуворгардонии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таваҷӯҳи бештар ба зарурати ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ оид ба густариши ҳамкориҳои боэътимоди иқтисодӣ ва мустаҳкамгардонии заминаҳои сулҳофарӣ, инчунин баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ зоҳир гардида буд.

Бахусус, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 яке аз масъалаҳои мураккаби сарҳадӣ, ки солҳои тулонӣ баҳсталаб боқӣ монда буд ва нуқтаи ниҳоииро тавассути бастани созишномаи сетарафаи сулҳхона хотирасон намуда буданд. Эъломияи Хуҷанд, ки онро се давлати ҳамсояву таърихан дусту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расониданд, муҳтавои асосии сулҳи абадиро заминагузорӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки чунин ташаббуси сиёсатмадории сулҳхоҳона ва инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуда, аз тарафи роҳбарияти Созмони Миллали муттаҳид ва сарони давлатҳои бо мо дӯст хуб пазируфта шуда, эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нисбатан боло рафт.Ҳамзамон, фаъолгардонии ташаббусҳои сулҳхоҳона ва пешгирии масъалаҳои тезунтундшавии муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологие, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад дастоварди муҳими Паёми соли 2025 мебошад. Аз ҷумла, дар ин соли бобарор бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба намояндагони ҷамъиятҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин сарони як қатор давлатҳо муяссар гардид, ки Тоҷикистони гулгуншукуфонро аз наздик дида, бо фарҳангӣ миллӣ, таърихи бостонӣ ва меҳмоннавозию инсондӯстии оммавӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Аз Паёми Сарвари давлат барои мо маълум гардид, ки дар даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро фаро мегиранд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш дар амал татбиқ карда шуд. Ҳазамон, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ҷиҳати бомуваффақият татбиқ намудани дигар ҳадафҳои олии кишвар нуқтасанҷии саривақтӣ намуда, дастуру ҳидоят ва заминаҳои асосии самаранок татбиқ намудани онҳоро пешниҳод намуданд.Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат дар соли 2025 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Инчунин, дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Бо мақсади таъмини рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 159 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид. Ҳамчунин, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Воқеан, ин яке аз нишондиҳандандаҳои асосии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ мебошад ва дар баробари афзоиш ёфтани он баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ собит мегардад. Бахусус, дар ҳаҷми 7,6 фоиз зиёд гардидани рушди иқтисодӣ, зиёда аз 8 фоиз зиёд гардидани суръати рушди воқеӣ ва ба миқдори16,4 ҳазор сомонӣ расидани нишондиҳандаи тақсимоти маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар як нафар аҳолии кишвар натиҷаҳои назаррасӣ рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯзҳо, яке аз масъалаҳои ташвишовари малакатҳои рушди иқтисодидоштаи дунё ин ҳамасола коҳишёбии афзоиши табиии аҳолӣ мебошад, ки ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои ҳалли он маблағҳои зиёд масраф менамоянд. Вобаста ба тадбирандешии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаи мазкур, ҳамасола хуб шудани сатҳи зиндагӣ аҳолии мамлакат мушоҳида гардида истодааст, ки шумораи аҳолии мамлакат табиатан аз 8,5 млн. нафари соли 2015 ба 10,7 млн. нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардида, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ бошад аз 70 ба 77 солагӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ бошад то 19 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин радиф, даромади пулии аҳолӣ аз 26 млрд. сомонии соли 2015 то 165 млрд. сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Мусаллам аст, ки вобаста ба сиёсати хирадмандонаи пешгирифта ва татбиқшавандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки хусусан аҳаммияти иҷтимоӣ дорад, тамоюлҳои мусбати нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ таъмин гардида истодааст. Чунин натоиҷи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар интихоби сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи шахси муътабар, ҳамзамон татбиқи бомуваффақияти он масъулияти сатҳи баланди роҳбарии Сарвари давлатро бори дигар собит менамояд.

Бо мақсади боз ҳам фаъолгардонии суръати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, барои таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, рақамикунонии муносибатҳои тиҷоратӣ, устуворгардонии мавқеи молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ба ҳамин васила соддагардонии равандҳои трансформатсионии модели саноатӣ-аграрӣ тавсияҳои муфид доданд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқшавии ҳадафҳои олии рушди мамлакат таваҷҷӯҳ ва эътибори махсус дода, ҷиҳати таъмини истиқлолияти комили энергетикии мамлакат таҳлили якқатор нишондиҳандаҳои мусбати соҳаи энергетикиро мисол оварданд. Бахусус, қайд намуданд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот танҳо дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд. Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 млрд. киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 млн. киловатт – соат кам шудааст. Дар баробари ин, оид ба лоиҳаҳои татбиқшавандаи соҳаи энергетика, аз ҷумла, раванди сохтмон ва таҷдиди объектҳои инфарсохтории соҳаи энергетикӣ мисолҳои воқеӣ оварда, афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми неруи барқро мусбат арзёбӣ намуданд. Бахусус, ба кор андохтани истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда ба монанди энергияи офтобӣ, ташкили неругоҳҳои хурди энергияи сабзро масъалагузорӣ намуданд. Вобаста ба татбиқшавии ҳамин ҳадафи олии рушди мамлакат ба сохтору мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон мардуми кишварро мутмаин сохтанд, ки соли 2027 баъди афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, коҳишдиҳии сатҳи талафот ва ҷорӣ намудани маданияту маърифати самаранок истифодабарии неруи барқ, ибораи маҳдудияти барқ танҳо дар саҳифаҳои таърихии мардуми мо мемонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқшавии ҳадафи дигари олии кишвар – саноатикунонии босуръати кишвар ақидаҳои мушоҳидавӣ ва таҳлилӣ намуда, иброз доштанд, ки ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 млрд. сомонии соли 2020 ба 26 млрд. сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд. Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 млрд. сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод. Хурсандибахш аст, ки ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намудан, супориши мустақим доданд.

Таҳлили мушоҳидавӣ бори дигар собит менамояд, ки афзоиши эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, таъмину нигоҳдории амну суботи ҷамъиятӣ, ташаккулдиҳии мунтазами рушди босуботи иқтисодӣ миллӣ, махсусан аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, ки боиси ифтихори мардумӣ мебошад. Имрӯз фазои Тоҷикистон дар заминаи сулҳу субот, боварии комилу масъулияти шарикӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро таҳким бахшида, эътимоднокии сиёсати давлатӣ дар ҳамкориҳои байнидавлатӣ, густариши муносибатҳои ҳамгироиҳои иқтисодии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мунтазам баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ рушди стратегии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилан таъмин карда метавонад.

Абдураҳмонзода Фаррух – н.и.и., дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ

Аҳмадов Раҳимҷон Раҷабович – н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳалии ДМТ