Таърихи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

ТАЪРИХ ВА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

Ба даст овардани истиқлолияти давлатї, пайдо шудани шаклҳо ва муносибатҳои нави хоҷагидорї дар шароити муосир тақозои пайдо ва ҷорӣ намудани шаклу усулҳои нави идоракунии давлатиро дар сатҳи умумиҷумҳуриявї ва минтақаҳои он тақозо намуд. Гузариш ба иқтисодиёти бозаргонї шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон низ механизмҳои идоракунии давлатии худро мувофиқи дигаргуншавиҳои иқтисодиёти ҷаҳонї ва дохилї дигаргун созад.

Дар ин замина аз соли 1994-ум дар давраҳои азнавсозиҳои институтсионалї давлат ба гузаронидани ислоҳоти сохторҳои давлатї ва мукаммалгардонии амалкарди онҳо диққати махсус дод. Баъди қабули Ќонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллї» (соли 2004) ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (соли 2009) раванди фаъолияти идоракунии давлатї ва мањаллї босамар гардид. Бо маќсади самаранок сариштасозии низоми идоракунӣ дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ва минтаќањои ҷумҳурӣ маќомоти марказии Њокимияти давлатӣ дар шакли намояндагии субъекти давлатӣ мукаммал гардонида шуд.

Дар натиҷа барои тайёркунии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатї ва маҳаллї ба хусус омодасозии хизматчиёни давлатї зарур омад, ки базаи илмие омода карда шавад, ки дар оянда барои ташкили муассисаи таълимї заминагузор бошад. Бо ҳамин мақсад 10-уми ноябри соли 2009 дар пояи факултети иқтисод ва идораи ДМТ бо ташаббуси роњбарияти Донишгоњ ва дастгирињои бевоситаи Њукумати Љумњурии Тољикистон кафедраи идоракунии давлатї ва маҳаллї аз рўйи ихтисоси 260101 – идораи давлатї ташкил карда шуд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

Аз соли 2009-ум то ибтидои соли 2013-ум вазифаи мудири кафедраро шодравон н.и.и., дотсент Алиева Г.Ш. ба уҳда дошт.  Дар ин давраҳо Алиева Г.Ш. бо фаъолияти њайати устодон барои пешрафти равияи илмї-методїи кафедра заҳматҳои назаррас карданд. Қобили қайд аст, ки барои устуворсозии базаи илмї-методии кафедра устодони болаёқат аз ҷумла д.и.и., профессор Комилов С.Ҷ, н.и.и. Мамадалиев Ф. ва устодони ҷавон ассистент Абдуева С.З., Мавлонов А.И. ва Р.Р. Аҳмадовро ба кор ҷалб карда шуданд. Барои беҳдошти шароитҳои таълимии донишҷўёни кафедра синфхонаи компютерї бо шабакаи интернет муҷаҳазгардида ташкил ва ба истифода дода шуд. Дар кафедра шакли таълим тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Солњои 2013-2014 вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Ќурмонов М.Р. бар зимма дошт. Аз 29.09.2014 то 21.07.2017 н.и.и. Тағоев Б.Д. дар вазифаи мудири кафедра кор кардааст. Солњои 2018-2023 сарварии кафедраро н.и.и., дотсент Раљабов Ќ.Ќ. бар зимма дошт.  Айни њол роњбарии кафедраро н.и.и., дотсент Султонбии Рањматзода бар ўњда доранд.  

Робитаҳои илмии кафедра

То имрӯз кафедра тавонистааст муносибатҳои илмии худро бо як қатор корхонаву муассисаҳои илмӣ-амалии давлатӣ барқарор намояд. Инчунин робита бо сохторҳои идоракунандаи давлатии дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ  қарор дошта, муносибатҳои илмӣ-таҷрибавӣ барқарор карда шуда истодааст, ки мақсад аз сайқалдиҳии дониши назариявии донишҷӯён дар давраҳои таҷрибаомӯзии онҳо мебошад.

Корҳои илмӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва устодони ҷавон

Бо мақсади беҳтаргардонии сатҳи фарҳангӣ ва боло бардоштани тарбияву аҳлоқи ҳамидаи донишҷӯён дар кафедра соатҳои тарбиявӣ дар сарбории кафедра ба нақша гирифта шудааст.  Устодони вобастакардашуда пайваста бо волидайни донишҷӯёни кафедра дар робита буда, одобу ахлоқ ва тартибу интизоми онҳо ҳамеша назорат карда мешавад. Илова бар ин дар чорабиниҳои ободонии дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумла шанбегиҳо саҳми худро мегузоранд.  Инчунин кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки донишҷӯёнро ба корҳои созандагиву фарҳангӣ ҷалб намоянд.

Боиси қайд аст, ки дар кафедра Ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият мекунад. Донишҷӯёни аъзои ин ҷамъият пайваста дар чорабиниҳои илмӣ-назариявии факултет, донишгоҳ ва берун аз он иштирок мекунанд.  Устодони кафедра барои ҷалби бештари донишҷӯён ва устодони ҷавон дар давоми солҳои хониш дасрҳои кушод мегузаронанд, ки аз он донишҷӯёни фаъол ва устодони ҷавон баҳрабардорӣ менамоянд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки айни замон низоми таҳсил барои донишҷӯёни кафедра ба таври кредитӣ дар шакли шуъбаи рӯзона бо муҳлати таҳсили 4-сола ба роҳ монда шудааст. Инчунин аз рўйи зинаи магистратура низ мутахассисон омода мегарданд. Аз соли 2017 инљониб дар назди каефдра шуъбаи магистратура амал менамояд.

Аспирантура ва такмили ихтисос

Дар кафедра шуъбаи доктори фалсафа аз рўйи ихтисос низ фаъолият мекунад, ки дар солњои гуногун аспирантҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона тањсил намуда рисолањои хешро њимоя намуданд.  Инчунин унвонҷӯён таҳсил карда дар мавзӯъҳои марбутаи кафедра тадқиқотҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Айни њол дар назди кафедра ду нафар унвонљўён тањти роњбарии устодони кафедра ба корњои илмию тањќиќотї машѓул мебошанд. Ғайр аз ин дар солњои ќаблї  унвонҷўён аз Ҷумҳурии исломии Эрон бо роҳбарии устодони кафедра дар мавзӯъҳои мухталифи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ корњои илмї-тадқиқотӣ анљом додаанд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кафедра дар муддати кӯтоҳ тавонистааст аспирантони хориҷиро низ барои таҳсил ҷалб кунад. Ҳамасола устодони ҷавони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониш, мукаммалгардонӣ ва такмили таҷрибаи кории худ ба шуъбаи такмили ихтисоси донишгоҳ ва як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия равон карда мешаванд.

Корҳои илмӣметодии устодони кафедра

Бо мақсади устуворсозии базаи илмӣ-тадқиқотии кафедра бо дастаҷамъии устодони кафедра нақшаи илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбї ва такмили низоми идоракунии давлатї ва мањаллї дар доираи њадафњои рушди устувор» омода карда шудааст. Устодони кафедра дар мавзӯъҳои алоҳидаи нақшаи илмӣ-тадқиқотии кафедра дар чорабиниҳои илмӣ-амалии дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он маърӯза намуда, дар маҷаллаҳои илмии таќризшаванда мақолаҳои илмии худро аз чоп мебароранд.  Инчунин мувофиқи равияи тахассусии кафедра ҳамасола чорабиниҳои илмї-амалї, мизи мудаввар, семинар ва конфронсҳои илмӣ-назариявӣ гузаронида мешавад.

Нақшаи таълимии кафедра фарогири 18 фанни тахассусӣ ва 5 фанни интихобӣ таълим дода мешавад, ки ба пуррагӣ фарогирандаи доираи илмҳои муҳими тайёркунии мутахассисони мақомотҳои идоракунандаи давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад.  Устодони кафедра ҳамасола барномаҳои таълимии фанҳои ихтисосии кафедраро мувофиқи талаботҳои таълимї омода намуда, теъдоди маводҳои нашриро ба хусус китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимии кафедраро зиёд менамоянд.

НОМГӮИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА МАҲАЛЛӢ

  1. Муќаддимаи ихтисос 
  2. Инфрасохтори маҳаллӣ
  3. Сиёсати зиддиинњисории давлатӣ
  4. Хизматҳои давлатї 
  5. Стандартизатсияи давлатӣ
  6. Иқтисод ва идоракунии минтақа 
  7. Идоракунии моликияти давлатї ва маҳаллӣ
  8. Идоракунии давлатии фаъолияти инноватсионӣ
  9. Танзими давлатии минтақаҳои озоди иқтисодӣ
  10.   Сиёсати иқтисодии давлат 
  11. Идораи давлатї  
  12. Мактаби идоракунии давлатии Эмомалӣ Раҳмон
  13.  (Идоракунии раванди иљтимої ва иќтисодї 
  14. Асосњои худидоракунии маҳаллӣ 
  15. Низоми идоракунии давлатї ва мањаллї 
  16. Барномасозї  ва банаќшагирӣ  
  17. Геоиқтисодиёт 
  18. Сиёсати давлатии сармоягузорӣ 
  19. Иќтисодиёти шањр 
  20. Сиёсати зиддиинњисории давлатӣ  
  21. Идоракунии давлатӣ ва маҳаллии мамлакатҳои хориҷа
  22. Идоракунии давлатии ҳукумати электронӣ 
  23. Идоракунии давлати қувваҳои истеҳсолкунанда дар минтақа
  24. Равандҳои сармоягузорӣ дар минтақа
  25. Арзёбии рақобатпазирии минтақа
  26. Банақшагирӣ ва ояндабинӣ дар сатҳи маҳал
  27. Идораи равобити иљтимої-иктисодї
  28. Сиёсати инноватсионии давлат
  29. Шарикии давлат бо бахши хусусӣ
  30. Сиёсати иқтисодии бурунмарзии давлат
  31. Идоракунии зиддибӯҳронии давлат