Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат, ҳукумати ҷумҳурӣ чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардида буд, баёнгари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва роҳнамои хирадмандонае ба самти музаффариятҳои навин мебошад. Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми худ тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ намуданд. Гуфта шуд, ки: “ Нақши бонувону занон дар эмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад…
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.”
Чунин ба назар мерасад, ки имконоти истифодаи қобилияти меҳнатии ҳар як шахс васеъ шудааст, аммо дар ҳаёти воқеӣ онҳо ҷавобгӯ боқӣ мемонанд. Иқтисодиёти бозории рушдёбанда ҳамчун шакли муносибатҳои молию пулӣ, рақобат ва нархгузории озодро дар бар мегирад. Бозор бояд, пеш аз ҳама, ба манфиати одамон ташаккул ёбад. Ҳама шаклҳои моликият бояд шароити баробари рушдро дошта бошанд. Ҳенри Форд дуруст қайд кард, ки “ҳамааш аз дараҷаи систематикӣ ва таъсирбахшӣ вобаста аст.”
Дар бозори муосири мамлакат самти тағирёбии гендериро дар сохтори шуғл дар бозори меҳнат нишон дод: афзудани шумораи занон дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат, дар соҳаи меҳнатии зеҳнӣ, бонкдорӣ, маориф, тандурустӣ ва ғ. Асимметрияи гендерӣ зуд “ба нафъи мардон” гузашта, дар бозори меҳнат вазъияти сифатан нав, шуғл ва касбҳоро ба миён овард. Дар тули соли охир тибқи маълумотҳои оморӣ 49,1 фоизи аҳолии мамлакатро занон ташкил медиҳанд. Алҳол дар мамлакат шумораи занон ва бонувон ба ҳайси корманд дар соҳаҳои тандурустӣ 68 фоиз, дар соҳаи маориф 73 фоиз, дар соҳаи илм ва инноватсия 27 фоиз ва зиёда аз 23 фоиз онҳое, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ ва иқтисодӣ фаъолият доранд, ташкил медиҳанд.
Дар ҷумҳурии мо шумораи занҳои корманди кироякор аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоби миёна соли 2000-ум 448,8 ҳазор нафар ва соли 2020 бошад, 567,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вазъияти иқтисодиёт омили ҳалкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, куллан ба вазъи мардону занон таъсир мерасонад. Маҳз дар иқтисодиёт, ки дар он ҷо дигаргуниҳои қатъии миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омадаанд, ҷараёни ошкори тафсирӣ, яъне кам шудани шумораи занони меҳнаткаш ва баръакс, зиёд шудани шумораи мардони бо кор таъминшуда ба амал меояд. Мутобиқ шудани занон ба шароити бозор нисбат ба мардон душвортар аст. Дар корхонаҳои давлатӣ 60 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ дар бозори меҳнат соли 2020 ҳамагӣ 49888 ҳ.з. нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 23840 нафарашон занон мебошад. Дар соҳаи маориф, тиб, соҳаи хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, дар истифодаи меҳнати вазнини ҷисмонӣ шароити мусоидтар барои фаъолияти намояндагони ҷинси латиф нигоҳ дошта шудааст. Таносуби занон дар шумораи умумии омӯзгорон 59 фоизро ташкил медиҳад.
Дар кишварҳои Ғарб аксар вақт ширкатҳоро занон идора мекунанд. Дар баробари ин қайд карда шуд, ки дар ин фирмаҳо корпартой амалан дида намешавад, муфлисшавӣ камтар мушоҳида мешавад.
Хушбахтона сол то сол дар кишвари мо таваҷҷуҳи Ҳукумат нисбат ба занон ва рушди фаъолияти онҳо дар ҳама соҳаҳо афзуда истодааст. Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан-модар зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфт. Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, дар ин давра дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Консепсияи рушди оила ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022». Инҳо аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки бар иловаи дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд. Ҳамин эътимоду боварӣ буд, ки имрӯз занон дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардон дар сохторҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд ва барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ба шарофати Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонувони тоҷик ҳама шароиту имкониятҳо муҳайё гардидааст. Онҳо ба ояндаи худу кишвари маҳбубамон итминони комил дошта, ҳиссагузорӣ дар пешрафти давлату ҷомеа ва бунёду таҳкими ҷомеаи демократиро масъулият ва ифтихори шаҳрвандӣ меҳисобанд.
Султонбии Раҳматзода, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети иқтисод ва идораи ДМТ