ҚОНУНИ ТАНЗИМ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕА

235

Имрӯз 06.12.2023 тибқи нақшачорабинии раёсати донишгоҳ ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар толори факултети иқтисод ва идора ҷалассаи васеи фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯëн ва аъзоёни комиссияи ҷаъмиятии танзими анъана ва ҷашну маросими факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи милии Тоҷикистон вобаста ба мавзӯи “16 соли амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”: дастовардҳо ва дурнамои он”баргузор гардид.

Дар ҷалассаи мазкур мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе., Норасов А.А., декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ., Исайнов Ҳ.Р., мудири шуъбаи тарбияи ДМТ., Саидов Ҳ.М., раиси бахши кор бо занон ва духтарони ДМТ, Маҷидзода Д., котиби комиссияи ҷаъмиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ДМТ., Хоҷаев Д.М ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора иштирок намуданд

Мақсад аз қабули Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷаъмиятӣ равона карда шудааст.

Зимни баромади хеш масъулини кумитаи дин Норасов Абдуалим қайд намуданд, ки Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ҳамзамон мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳусниддин зимни суханронии хеш роҷеъ ба мушкилотҳои хароҷотҳои барзиёди донишҷӯён, шабнишиниҳои беасос, харҷи маблағ ба ҳаргуна бозиҳои компютерии ғайриахлоқӣ ва вобаста ба ин масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ декани факултети иқтисод ва идора Исайнов Ҳисайн вобаста ба дермонии донишҷӯён ба дарсҳо ва риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ баромад намуданд.