Нақшаи дарсҳо ва ихтисосҳои кафедраи ИЗИ

Маълумот дар бораи ихтисос 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат, ки ба таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30 июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат, тибқи Шаҳодатномаи АУ №0000920, аз 08.08.2019 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҳозира Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат, 30 августи соли 2022 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2022-2023 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

Баъди  азхуд намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ – Иқтисодчӣ-менеҷер;

-дараҷаи касбӣ – бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-25 01 07 01 – Иқтисодиёти меҳнат.