ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ
Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ соли 1971 дар заминаи факултети иқтисод ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ташкил шудаааст. Кафедраи мазкур вобаста ба талаботи замон таъсис ёфта минбаъд дар таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баланд ихтисоси соҳа саҳмгузорӣ намуда истодааст.
Аввалин устодони кафедра н.и.и., дотсент Умаров З.Х., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ., н.и.и., дотсент Кенигсберг Ю.А., н.и.и., дотсент Матевосян М.Н., н.и.и., дотсент Нидоев Н., н.и.и., дотсент Обидова Л., Умарова С., н.и.и., дотсент Қизилбашева В., д.и.и, профессор Нурмаҳмадов М.Н., буданд. Дар ҳамаи давраҳои ташаккулёбии кафедра дар идоракунии он н.и.и., дотсент Умаров З.Ҳ., н.и.и., дотсент Қаноатов М.Қ. (1983-1995), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М.Н. (1995-1999), н.и.и. дотсент Урунбоев А.У. (1999-2002), н.и.и. дотсент Яҳёев О.З. (2002-2008) д.и.и., профессор Ғаниев Т.Б. (2009-2025) саҳмгузоштаанд. Аз соли 2026 то имрўз мудирии кафедраро д.и.и., профессор Искандарзода Ҳ.Ҳ. ба ўҳда доранд.
Гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва тағйирёбии самти сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат, рўи кор омадани идеологияи нав, ки дар гуногуншаклии моликият, демократикунонии ҷомеа, мустақилияти корхонаву ташкилотҳо ифода меёбад, мувофиқан дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра низ тағйиротҳои куллӣ ба амал овард. Ҳайати устодони кафедра афзалияти низоми иқтисоди бозориро нисбат ба низоми нақшавӣ дуруст дарк намуда, мувофиқан фанҳои таълимиву тадрисии кафедраро ба шароитҳои нав мутобиқ кунониданд. Дар ин самт ҳиссаи устодон профессор Нурмаҳмадов М.Н., проффесор Ғаниев Т.Б., дотсент Қаноатов М.Қ., дотсент Яҳёев О.З., дотсент Урунбоев А.У. дотсент Ҳодиев Д.А., дотсент Абдуллоев Х.А, дотсент Восиев Ф.М., профессор Искандарзода Ҳ.Ҳ., дотсент Давлатов С.Н. ва дигар устодон назаррас мебошад.
Самтҳои тадқиқотҳои илмии кафедра асосан таҳлилу тадқиқи шаклҳои ҷамъиятии ташкили меҳнат, роҳҳои баландбардоштани ҳосилнокии меҳнатро дар соҳаҳои хоҷагии халқ, мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, танзими бозори меҳнат, равандҳои ташаккулёбии шуғли касбӣ ва пешвои комил дар менеҷменти муосир, гузаронидани тадқиқотҳои мушаххаси иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат, коркарди принсипҳои асосии самаранок истифодабарии вақти корӣ ва бамеъёргирии оқилонаи меҳнат, коркарди механизми тайёр намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси коргарон ва ғайраро дар бар мегиранд.
Айни замон д.и.и., профессор Ғаниев Т.Б., д.и.и., профессор Искандарзода Ҳ.Ҳ., н.и.и. дотсент Восиев Ф.М., н.и.и., дотсент Урунбоев А.У., н.и.и. дотсент Давлатов С.Н., доктори Phd дотсент Саъдуллозода Н.С., н.и.и. дотсент Раззоқова Г.Ҳ. ва танзимгар Темурова Д.С. дар кафедра фаъолият ва ҳиссагузорӣ менамоянд.




