БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛҲОИ НАЗДИ КАФЕДРА

34

Имрӯз (22.10.2024) дар пояи кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Маҳфили зеҳн» баргузор гардид. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи мазкур Султонбии Раҳматзода маҳфилро оғоз бахшида, оид ба муҳиммияти баргузории чорабинии мазкур сухан кард.

Дар чорабинии иштирок доштанд: Раҳимзода Баҳодур Карим – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулозода Алишер Ҷамшед – сармутахассиси Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сангов Мақсуд – сармутахассиси раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Сипас Раҳимзода Баҳодур Карим – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Имкониятҳои содиротии Ҷумҳуриии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, ба ҳозирин аз замони таъсисёбии Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ ва вазъи содироти кишвар маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд. Дар ҷараёни маҳфил аз ҷониби устодон ва донишҷӯён суолҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби маърузачӣ маълумоти муфассал ва қаноатмандро гирифтанд.