Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Донишгоҳ дар факултети иқтисод ва идора вохӯрию суҳбатҳои судманд бо донишҷӯён баргузор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур Саидов Ҳ.М. — мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ ва роҳбари гурӯҳи корӣ, ҳамчунин Қаландарзода К., Наҷмиддинзода М. ва Хоҷаев Д. — аъзои гурӯҳи корӣ бо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм мулоқот анҷом доданд.
Зимни суханрониҳо меҳмонон ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла хатари паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нақши ҷавононро дар пешгирии чунин падидаҳои номатлуб таъкид карданд. Онҳо донишҷӯёнро ба зиракии сиёсӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват намуданд.