Бюрои иттифоқи касаба

Шӯрои сарпарастон

Шӯрои сарпарастони факултет – ин мақоми машваратӣ буда, кураторони ҳамаи гурӯҳҳои таълимиро муттаҳид мекунад. Ҳадафи асосии он таъмини ҳамоҳангии самараноки фаъолияти онҳо, таҳия ва тасдиқи дастурҳои методӣ, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои мубрами марбут ба корҳои тарбиявӣ ва таълимии донишҷӯён мебошад. Шӯро ҳамчун маркази ҳамоҳангсозӣ амал карда, кӯшишҳои сарпарастони гурӯҳҳои академиро муттаҳид месозад. Фаъолияти он ба тарбияи арзишҳои ахлоқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар донишҷӯён, инчунин ба рушди муносибати от ҷавобӣ ба таҳсил равона шудааст.

Шӯрои сарпарастон дар фаъолияти худ аз Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Оиннома ва низомномаҳои дохилии муассисаи таълимӣ, фармоишҳои ректорат, қарорҳои Шӯрои олимон ва дигар санадҳои меъёрие, ки раванди таълиму тарбияро танзим мекунанд, истифода мебарад.

Вазифаҳои асосии шӯрои сарпарастони факултет, ки дар ҳамкорӣ бо декан ва муовини декан оид тарбия ва корњои ташкилӣ амал мекунад, инҳоянд:

– Назорати фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ;

Таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба ҷанбаҳои методӣ ва самтҳои кори тарбиявӣ бо донишљўён ва сарпарастон;

Ташкили вохӯриҳои машваратӣ барои сарпарастон оид ба масъалаҳои корҳои тарбиявӣ;

Баррасӣ ва тасдиқи нақшаҳо ва ҳисоботҳо оид ба фаъолияти кураторони гурӯҳҳои студентӣ.

НАҚШАИ КОРИИ ШӮРОИ САРПАРАСТОН БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

МУҚАРРАРОТИ ШӮРОИ КУРАТОРҲО

СОХТОРИ ШӮРОИ КУРАТОРҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026