Маркази инноватсияҳои рақамии ДМТ
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуданд, «Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати рушди унсурҳои иқтисодии кишвар ва мусоидат намудан ба ҳадафҳои олии рушди мамлакат пайваста корҳои таълимӣ, илмӣ ва тадқиқоти анҷом дода, бо мақсади рушди иқтисодиёти давлат кадрҳои баландихтисос омода менамояд. Дар ин замина, ДМТ дар ҳамкори бо Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон ҷиҳати самарнок намудани экосистемаи таълимии донишгоҳ бо мақсади рушди малакаҳои соҳибкории донишҷуён ва шахсони ҳавасманд моҳи феврали соли 2023 «Маркази инноватсияҳои иқтисодӣ» таъсис дода шуд.
Чуноне, ки мо худ огоҳем имрӯзҳо дар заминаи рақамикунонии иқтисодиёт, трансформатсияи қолабҳои анъанавии омоданамоии мутахассисони касбӣ бо инноватсияҳои рақамӣ, консепсияи таҳсилот дар кишварамон ба кулли тағйир ёфта истода, шаклҳои гуногун ва самарноки ба даст овардани дониш, малака ва кобилияту истеъдодҳо пайдо гардидаанд.
Бинобар ин, раёсати донишгоҳ баҳри рушди малакаву истеъдодҳои эҷодкоронаи минбаъдаи ҷавонон, махсусан муҳассилини ДМТ камари ҳиммат баста, утоқи алоҳидаи корӣ бо назардошти фазои муосири таълиму тадрис фароҳам овардааст. Ин ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки идея ва лоиҳаҳои инноватсионии худро таҳия намуда, малакаҳои нав ва эъҷодиро аз худ намуда, унсурҳои рақамии пешбурди соҳибкорӣ ва иқтисодиётро ташкил ва рушд дода шавад.
Бо мақсади тақвиятбахшии минбаъдаи «Маркази инноватсияҳои рақамӣ», таҳияи ақидаҳои инноватсионӣ, «Стартап»-ҳо, бизнес-нақшаҳои инноватсионӣ, ҳамзамон алоқаманд намудани ақидаҳои инноватсионии омӯзгорону донишҷӯёнро бо соҳаҳои иқтисоди мамлакат, роҳбарияти ДМТ рӯзи 18.03.2024 бо Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» шартномаи ҳамкорӣ баст.
Ҳадафҳои асосии Маркази инноватсионӣ:
- Роҳандозӣ намудани маҳсулоти инноватсионӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионии муосир, аз ҷумла моделсозии компютерӣ;
- гузаронидани дарсҳо дар самти омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ;
- мониторинг, маркетинг, тиҷоратикунонӣ ва ояндабинии татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар илму истеҳсолоти ватанӣ;
- таҳкими алоқаҳои байни илм ва истеҳсолот ба мақсади амалисозии технологияҳои инноватсионии коркардшуда ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;
- ташкили гурӯҳҳои истеҳсолӣ аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
- Баргузории дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ҷиҳати таҳияи «Нақшаи тиҷоратӣ» – «Business plan»;
- «Машварати мутахассиси касбӣ» бо иштироки соҳибкорони муваффақи ватанӣ (Start – up Talks);
- Иштирок дар тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуҳои маркетинг ва пешбурди тиҷорат, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва тарзи супоридани ҳисоботҳои муҳосибӣ;
- Ашкилу баргузории семинарҳои илмӣ-методӣ дар мавзуи «Такмили равандҳои инноватсионӣ дар корхонаҳои саноатӣ».
АКСҲО АЗ РАВАНДИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ИННОВАТСИЯҲОИ РАҚАМӢ






