Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим

Ҳадафҳои асосии фаъолиятнамоии Комиссияи ҷамъиятии «танзими ҷашну маросим»-и факултети иқтисод ва идора

Дар факултети иқтисод ва идора Комиссияи ҷамъиятии «танзими ҷашну маросим» амал мекунад. Мақсади асосии фаъолияти комиссияи мазкур иҷрои чунин масъалаҳоро дар бар мегирад:

  • Дар факултети иқтисод ва идора Комиссияи ҷамъиятии «танзими ҷашну маросим» амал мекунад. Мақсади асосии фаъолияти комиссияи мазкур иҷрои чунин масъалаҳоро дар бар мегирад:
  • Гузаронидани семинарҳо оид ба фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросими факултети иқтисод ва идора;
  • Пайваста доир намудани сӯҳбату машваратҳо бо аъзоёни Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросими факултети иқтисод ва идора;
  • Бо аъзоёни Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим доир намудани ҷаласаи васеи фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  •   Ҷалбу ташкил намудани иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ вобаста ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • Зери назорати доимӣ қарор додани баргузории ҷашну маросим дар факултети иқтисод ва идора;
  • Доир намудани дарсҳои тарбиявӣ дар партави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • Сафарбар намудани устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора ба барномаҳои радиову телевизионие, ки дар мавзӯи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мегарданд.

Нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросими факултети иқтисод ва идораи ДМТ