Қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рўзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъи ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати тоҷик аз даврони қадим расму оин ва маросимҳои гуногуни худро дошт, ки бешубҳа онҳо дорои хусусияти маънавию ахлоқӣ мебошанд. Мутаассифона дар бештари ҳолат мо ба қадри чунин расму оинҳо расида натавонистем. Таърих собит месозад, ки дар тўли қарнҳо ба расму оинҳои миллӣ тағйироти гуногун илова гардиданд. Дар натиҷа моҳияти тарбиявию маънавии онҳо коста гардида, ба маъракаҳои исрофкорӣ, маросимҳои вазнину худнамоишдиҳӣ табдил ёфтанд. Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандон аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар монда, ҳангоми баргузории расму оинҳои диниву миллӣ ба хароҷоти маблағҳои зиёд роҳ медоданд.
Маҳз чунин мушкилотҳои ҷойдошта заруриятро ба миён овард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 8 июни соли 2007) қабул карда шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, вобаста ба вазъияти ҷойдошта пешниҳод намуданд, ки чунин як қонуни миллӣ ҳар чи зудтар таҳия ва қабул гардад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид менамуданд, ки «…Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад». Аз таъкидҳои пурҳикмати Пешвои миллат бар меомад, ки баъзе аз шаҳрвандони кишвар ба зиёдаравию исрофкорӣ даст мезаданд, ки чунин муносибатҳо оқибати ногувори иқтисодию иҷтимоиро ба миён оварда, боиси зарар дидани худи шаҳрвандон мегардид.
Камбудиҳои дар боло зикр гардида боис гардиданд, ки дар асоси таклифу пешниҳоди ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардад. Бинобар ин, татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо аз оила шуруъ гардида, ба ҳар як шаҳрванд вобаста мебошад.
Бояд иброз дошт, ки бо зарурияти ҷойдошта ба қонуни номбурда тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таасуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни мазкур дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст. Дар баробари ба танзим давровардани масъалаҳои иҷтимоӣ нақши қонун дар таъмини рушди иқтисодӣ мушоҳида мегардад. Дар ҳолати ба танзим даровардани ҷашну маросим ва кам шудани хароҷотҳои беасос аҳолии кишвар метавонанд маблағҳои сарфакардаи худро барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии хеш истифода намоянд.
Ҳамин тавр, таҳлили маълумотҳои овардашуда ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» собит месозад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, барои таъмини ҳадафҳои стратегӣ нақши муҳимро иҷро мекунад.
Раҷабов Қ.Қ. – устоди факултети иқтисод ва идораи ДМТ







