НАҚШИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

38

(Оид ба татбиқи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”)

Пасандоз кардани маблағҳо ва эҳтиёткорӣ дар хароҷот муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти хонаводагӣ ва давлатӣ мебошад.

Эмомалӣ Рахмон

Пеш аз қабули қонун, баргузории ҷашну маросимҳо дар бисёр мавридҳо ба сатҳи хароҷоти аз ҳад зиёд расида буданд. Ҷавонон ва волидони онҳо барои баргузории тӯйи домодию арӯсӣ маблагҳои хеле зиёд сарф мекарданд. Ин ҳолат аксар вақт сабаб мешуд, ки оилаҳо махсусан ҷавонон:

– маблағ қарз гиранд;

– солҳои зиёд барои баргардонидани қарз меҳнат кунанд;

– инчунин дигар мушкилоти иҷтимоиро дар сатҳи оилаҳои ҷавон ба миён меовард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул шудааст.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Қонуни мазкур бо муқаррар кардани меъёрҳои мушаххас ба сарфаи хароҷоти нолозим кумак кард. Ҳоло маблағе, ки қаблан барои ҷашнҳои пурзебу зинат сарф мешуд, ба самтҳои муфиди иқтисодӣ равона мегардад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки қонун, пеш аз ҳама, ба манфиати иқтисодии шаҳрвандон хидмат мекунад:

Бо татбиқи қонун, бисёре аз оилаҳо тавонистанд маблағҳои захиравиро ба таъмири манзил, хариди техника, таҳсили фарзандон ва ҳатто ба ташкили тиҷорати хурд равона кунанд.

Қонун дар байни мардум маърифати иқтисодиро тақвият дод. Айни ҳол шаҳрвандон ба чунин масъалаҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд:

-сариштакорӣ,

-нақшагирии хароҷот,

-қарзгирии камтар,

-масъулияти молиявӣ.

Боби 3-юми Қонуни мазкур. “Танзими ҷашну маросим” ном дорад.Дар моддаи 12-и ин боб ки “Тӯйи домодию арӯсӣ” ном дорад, қайд карда шудааст,ки тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Мардуми тоҷик ба тадриҷ дарк карданд, ки зебоии ҷашн дар соддагӣ ва самимист, на дар хароҷоти беандоза. Ин омил ба ташаккули фаҳмиши иқтисодии муосир мусоидат намуд.

Гарчанде қонун хароҷоти зиёдатиро маҳдуд мекунад, аммо ба иқтисоди миллӣ таъсири мусбат низ дорад. Маблағҳои сарфа кардашударо метавон дар самтҳои зерин истифода кард:

-тиҷорати хурд ва миёна,

-савдои маҳаллӣ,

-омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ,

-сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмон ва ғ.

Ин тағйиротҳо ба гардиши солим ва устувори маблағ дар дохили кишвар мусоидат мекунанд.

Дар солҳои қаблӣ бисёре аз ҷавонон барои тӯйҳои пурдабдаба фишори иҷтимоӣ эҳсос мекарданд. Қонун имконият дод, ки:

-хароҷоти тӯйҳо кам карда шавад,

-ҷавонҳо бидуни қарздорӣ оиладор шаванд,

-захираҳои молиявии онҳо барои рушди шахсӣ истифода гардад.

Дар натиҷа, сатҳи некӯаҳволии ҷавонон беҳтар шуда, имкониятҳои иқтисодии онҳо васеъ гардид.

Гарчанде ММД аз омилҳои гуногун вобаста бошад, қонуни танзим ба он чунин таъсир мерасонад:

-маҳдуд кардани хароҷоти ғайрисамаранок;

-афзоиши сармоягузории дохилӣ;

-зиёд шудани истеҳсол;

-афзоиши истеҳсолоти миллӣ;

-камшавии қарздорӣ;

-баланд шудани истеъмол ва пасандоз;

-тақвияти тиҷорати хурд ,афзоиши маҳсулот ва хизматрасонӣ.

Дар соли 2024 ММД Тоҷикистон ба 153,4 млрд сомонӣ расид — ин нишон медиҳад, ки иқтисоди кишвар сол то сол қавитар мегардад. Гарчанде қонуни мазкур ягона омил нест, вале ба устувории хароҷоти оилавӣ мусоидат карда, ба ин афзоиш саҳм мегузорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ» танҳо як санади фарҳангӣ нест, балки дорои аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Он ба сарфаи маблағҳои оилавӣ, рушди фарҳанги иқтисодӣ, беҳтар шудани зиндагии мардум ва устувории иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст.

Хулоса, мо ҷавононро зарур аст ки баҳри ояндаи дурахшони худ ва таъмини зиндагии осоишта ҳамаҷониба бандҳои қонуни дар боло зикршударо риоя намоем.

Бо ҳамин мақсадҳо ба ҷавонони садодатманду бонанги кишвар тавсия медиҳем, ки ба исрофкорию зиёдарави даст назананд ва барои ташкили зиндагии хубу гуворо саҳми худро гузоранд.

Қозиҷонов А.А.- донишҷӯи курси 4-умиихтисоси идораи давлатии факултетииқтисод ва идораи ДМТ